Навидҳои рӯз
- Душанбе, 01 Июл 2024
ИЛМ – ТАҲКИМБАХШИ САТҲИ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА
Назрӣ Офаридаев, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи
Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ
ИЛМ – ТАҲКИМБАХШИ САТҲИ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА
Илм яке аз омилҳои калидии рушди ҳар як мамлакат мебошад ва чун унсури шуури ҷамъиятӣ дар рушду такомули афкори созандаи иҷтимоӣ нақши назаррас дорад. Таърихи афкори илмӣ роҳи пурпечутобе тай намуда вобаста ба таҳаввулоти иҷтимоӣ тадриҷан инкишоф ёфта, ба нерўи тавонои инкишофи иқтисодӣ ва техникӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ, тараққиёти илм дар сиёсати давлатҳо масъалаи марказӣ ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки халқи тоҷик бо афкори илмии мутафаккирони худ дар илми ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол мекунад ва имрӯз ҳам мо бояд дар пешрафти илм саҳми сазоворро гузорем. Ин нукта дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар борҳо таъкид гардид. Пас аз пошхӯрии Шўравӣ аксар кишварҳои ба мо наздик академияҳои илмиро барҳам доданд ё ба ниҳодҳои ҷамъиятӣ табдил доданд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат Академияи миллии илмҳо ба сифати муҳимтарин ниҳоди илмии кишвар на танҳо барҳам хӯрд, балки ба шароити вазнини он солҳо нигоҳ накарда, дастгирӣ ёфт ва дар солҳои минбаъда дар сохтори он муассисаҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, таъсиси пажуҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва об, иқисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази Синошиносӣ, Пажуҳишгоҳи масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияи нав, Маркази пиряхҳои Тоҷикистон дастовардҳои солҳои охири АМИТ мебошанд. Дар баробари ин, дар сохтори Академияҳои соҳавӣ низ муассисаҳои нави илмӣ таъсис ёфтаанд.
Дар шароити имрӯза олимон бояд дар иҷро намудани барномаҳои стратегии давлат саҳмгузор бошанд ва дар таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ фаъолияти густурда дошта бошанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки таҳқиқи дастовардҳои модию маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик вусъати бесобиқа пайдо намуд.
Садҳо нафар кормандони илмӣ барои саҳми арзанда дар иќтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ бо унвонҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ қадр гардиданд.
Дар баробари ин дар суханронии Пешвои миллат таъкид намуданд, ки натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯйи талаботи замон нест.
Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, вазифа гузошта шудааст, ки Ҳукумат фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва таъкид карда шудааст, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он ба миён омадааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои илмии дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ зиёд гардидааст. Ҳоло дар мамлакат 5900 нафар кадрҳои илмии дорои дараҷаҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо докторони илм (146 нафар занон, 16 фоиз) 4800 нафар номзадони илм,158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Таъкид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд. Ихтисосҳое номбар гардиданд, ки вазъи омода нагардидани кадрҳо аз рӯйи ин ихтисосҳо ҷавобгӯйи замон нестанд: зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, металургия, биологияи молекулалӣ, генетикаи тиббӣ, селексия, биотехнология ва экология. Ихтисосҳои номбаршуда ба рушди иқтисодии мамлакат мусоидат мекунанд.
Инчунин кишвар имрӯз ба мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорад.
Ҷалби ҷавонон ба илм, рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, аз вазифаҳои аввалиндараҷа муайян гардиданд.
Кормандони калонсоли илм бояд давр дар тарбияи донишмандони ҷавони соҳаҳои гуногуни илм саҳми арзанда гузоранд.
Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат дар ин бора барои мо кормандони илм омӯзанда мебошад: “Масалан, имрӯз дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кормандони калонсол аксариятро ташкил медиҳанд, ки аслан ин падидаи манфӣ нест, зеро расидан ба камолоти зеҳниву илмӣ солҳои тўлонии омӯзишу таҳқиқро талаб мекунанд.
Аммо дар баробари ин, мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем.
Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори онҳо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақалан чор-панҷ шогирди сазовор тайёр накардаанд?
Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”.
Олимон як қишри муҳимми зиёиёни кишварро ташкил медиҳанд. Дар шароити имрӯзаи набардҳои иттилоотӣ зиёиён, махсусан олимон бояд мавқеи солими шаҳрвандӣ дошта бошанд. Бетарафии донишмандону олимон, норозигии доимии баъзе кормандони илмӣ барои фаъолияти нерўҳои бадхоҳи давлату миллат роҳ мекушояд. Яке аз сабабҳои бесуботӣ ва нооромӣ маҳз бетарафӣ, хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандони тангназар мебошад.
Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ба рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсиаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, мусоидат намуда, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.
Инчунин дар суханронии Пешвои миллат масъалаҳои муҳимми пешрафти илми тоҷик матраҳ гардиданд. Сифати омода намудани диссертатсияҳои номзадию докторӣ, мубрамии мавзуъҳои илмӣ, беҳтар намудани кору фаъолияти шўроҳои диссертатсионӣ, комиссияи олии аттестатсионӣ, таъмин намудани муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои илмӣ – аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки бояд дар сари ин масъалаҳо дар оянда кор бурда шавад. Дар баъзе муассисаҳои илмӣ ҳимояи рисолаҳои номзадии аспирантон ва докторантону унвонҷӯён нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар ин маврид муроҷиати Пешвои миллатро бояд ҳар як роҳбари муассисаи илмӣ ва роҳбарони илмӣ сармашқи кори худ намоянд: “Муҳтарам намояндагон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, хусусан роҳбарони илмии унвонҷӯён, аспирантону докторантҳо! Бо назардошти вазъе, ки гуфта шуд, ман аз шумо мепурсам, ки чунин муносибат илми тоҷикро ба куҷо мебарад?
Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла, паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа оварад”.
Дар муҳит ва ҷомеаи илмӣ бояд фазои солими корӣ таъмин бошад, ки то андозае рақобати солимро фароҳам оварад. Дар ҷое ки фориғболӣ, бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, маҳалгароӣ, нотавонбинӣ носбат ба якдигар, рақобати носолим ҳукмфармо бошад, он ҷо илм пеш намеравад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат моро ҳушдор медиҳанд: “ ...... аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболию бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳар чӣ зудтар хотима бахшанд”.
Лозим ба ёдоварист, ки тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ робитаи зич дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, ки зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар, яъне қариб 45 фоизи онҳо дорои дарачаҳои илмӣ мебошанд.
Таъкид гардид, ки барои равнақи корҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танзими сарбории таълимӣ ва илмии омӯзгоронро амалӣ намудан лозим аст. Сарбории таълимии омӯзгорон нисбатан зиёд буда, ба фаъолияти илмии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар баробари мушкилоти таҳлилшуда дар суханронии Пешвои миллат ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда метавон чунин мулоҳизаҳоро дар ин замина пешниҳод намуд:
- Ҳангоми нашри мақолаҳо дар нашрияҳои академии тақризшавандаи ба қайдгирифташуда дар КОА – и Федератсияи Русия ва Тоҷикистон баррасӣ ва тақризи мутахассисонро ба инобат бояд гирифт. Зеро вақтҳои охир дар баъзе чунин нашрияҳо мақолаҳои аз ҷиҳати илмӣ бепоя ва ба талабот ҷавобгӯ набуда нашр мешаванд.
- Таъсиси китобхонаҳои ихтисосии электронӣ дар назди Институтҳои АМИТ. Иҷрои корҳои ҷиддии илмӣ бидуни шиносоӣ бо дастовардҳои самтҳои гуногуни илм ғайриимкон аст.
- Ташкили экспедитсияҳои илмӣ оид ба самти илмҳое, ки таҳқиқу омӯзиши таърих, археология, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва соҳаҳои дигари фарҳанги моддӣ ва маънавии халқи тоҷик машғуланд. Ҷудо намудани маблағ барои ташкили чунин экспедитсияҳо ба институтҳое, ки ба омӯзиши масъалаҳои зикршуда машғуланд.
- Таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани кори Шўроҳои диссертатсиони КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия.
Илм таҳкимбахши маърифати миллат ва василаи рушди мамлакат мебошад. Кормадони соҳаи илм мутаккои давлат ва амалисозони сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Олимон рисолати бузурги миллатсозӣ ва давлатсозиро дар давраи тақдирсози мамлакат, дар шоҳроҳи Истиқлол бар дӯш дошта, таърихи давраи нави тоҷиконро меофаранд.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 26 Июн 2024
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шакармамадов О. – ходими илмии шуъбаи
фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ
ба номи академик Б. Искандаров
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Донистани смараноки қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ, инчунин барои дуруст истифода бурдани онҳо, барои таъминии риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва рушди давлат ва таъмини волоияти қонун зарур аст. Сарфи назар аз аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон як қатор мушкилоте вуҷуд доранд, ки ба рушди он монеа эчод мекунанд. Аз ҷумла:
- дастраси нокифояи иттилооти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон. Аксари онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои худро намедонанд, инчунин дар ҳолати зарурӣ кӯмаки босифати ҳуқуқӣ гирифта наметавонанд;
- паст будани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ. Аксар вақт шаҳрвандон аз сабаби надонистан ва нафаҳмидани мазмуни қонунҳо онҳоро риоя намекунанд, ки боиси қонунвайронкуниҳои гуногун ва низоъҳои мухталиф мегардад;
- мураккабӣ ва норавшан будани баъзе қонунҳо. Барои шахси оддӣ фаҳмидани истилоҳоти мураккаби ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ душвор буда метавонанд.
Барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон бояд тадбирҳои зерин андешида шаванд.
- Васеъ намудани дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон тавассути ташкил намудани барномаҳои махсуси таълимӣ, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ ва таҳияи курсҳои қулай тариқи сомонаҳо.
- Баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ тавассути чорабиниҳои тарбиявӣ ва курсҳои саводнокии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
- Соддагардонии қонунгузорӣ бо мақсади осонтар дарк ва истифодаи он аз ҷониби шаҳрвандон.
Саводнокии ҳуқуқӣ қобилияти дарк намудани қонунҳо, қоидаҳо ва муқаррарот мебошад. Хусусиятҳои асосии саводнокии ҳуқуқӣ инхоянд:
- Қобилияти таҳлил ва тафсири санадҳои меъёрӣ. Маърифати ҳуқуқӣ аз шаҳрвандон талаб мекунад, ки қобилияти фаҳмидани қонунҳо, қарорҳо, муқаррарот ва дигар санадҳои меъёриро дошта бошанд.
- Қобилияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ дар доираи қонун. Саводнокии ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои худро самаранок ҳимоя намуда, ихтилофҳоро бо истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ҳал намояд.
- Риояи волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон. Маърифати ҳуқуқӣ иборат аст аз эҳтиром нисбат ба қонун ва нисбат ба қоидаҳо ва меъёрҳои ҷомеа.
Маърифати ҳуқуқӣ дар рушди ҷомеаи муосир нақши муҳим дошта барои давлат зарур аст, ки барои тарғибу дастгирии он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Беҳтар шудани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва соддагардонии қонунгузорӣ дар ин самт ба беҳбудиҳои назаррас ноил шудан мумкин аст.
Муфассал ...
- Сешанбе, 25 Июн 2024
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Умед Мамадшерзодшоев, ходими илмии
шуъбаи таърих ва мардумшиносии
Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ваҳдати миллӣ ба маънои ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ миёни аъзоёни ҷомеа мебошад, ки онҳо ташкилдиҳандагони низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва кафолатдиҳандагони қудрат ва амнияти миллӣ ба шумор мераванд. Тақвият додани ваҳдат ва ҳамбастагии миллӣ боиси коҳиши таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ мешавад ва заминаҳои муносибро барои рушд ва инкишофи кишвар фароҳам месозад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқотҳои хеш бо қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон, доир ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон иброз доштанд: “Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд”.
Аз ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат маълум мегардад, ки фалсафаи асосии Ваҳдати миллӣ ин шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, шукргузорӣ аз давлатдории миллӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор мебошад.
Тавре маълум аст, пас аз пошхӯрии давлати Сомониён тоҷикон дар тӯли чанд аср соҳибистиқлол набуда, зери салтаи миллатҳои бегона қарор гирифтанд. Тоҷикон маҳз бо саъйу кӯшишҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо баъд аз аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти комили давлатӣ ва давлатдории миллиро ба даст оварданд. Пас барои тоҷикон шарт ва зарур аст, ки ин истиқлолият ва давлатдории миллии худро бояд мисли гавҳараки чашм нигаҳ доранд.
Чуноне ки маълум аст, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои гуногун арзи вуҷуд намуда, онҳо таҳти таъсири созмонҳои террористӣ қарор гирифтанд ва вазъияти Тоҷикистонро ноором сохтанд. Дар натиҷа дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад, ки он ҷони ҳазорҳо нафар тоҷикро аз байн бурд ва ба кишвар миллиардҳо доллар хисорот овард. Душманони миллат қариб буд дар ин мубориза давлатдории тоҷиконро аз байн мебурданд. Дар ин вазъияти ногувор Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон алангаи ин оташи ҷангро хомӯш намуда, дар Тоҷикистон сулҳу суботи ба маънои томро ба вуҷуд оварданд. Имрӯз тибқи гузоришоти созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон яке аз амнтарин кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҳисоб меравад.
Албатта, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҳаёти ҳар кишвар нақши аввалиндараҷаро бозӣ мекунад ва имрӯз на ба ҳар як миллат ин неъматҳои муқаддас муяссар мегарданд. Зеро имрӯз кишварҳои дар ҳоли рушд ба ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд ва онҳо бо вуҷуди ихтилофоти васеи қавмӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ ваҳдати миллии худро аз даст додаанд. Дар ин вазъият онҳо мудирияти воқеотро аз даст дода, имкон пайдо намекунанд, ки аз буҳрони таҳдидкунанда ҷилавгирӣ кунанд.
Пас барои мо тоҷикон зарур аст, ки аз ҳидоёти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, ба ин заҳматҳои Сарвари давлат арҷ гузорем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар Тоҷикистони азизи худ ваҳдати комил ва сулҳу суботро фароҳам оварем ва нагузорем касе вазъи ороми ҷомеаи моро халалдор созад.
Муфассал ...
- Душанбе, 24 Июн 2024
ВАҲДАТ ВА ВОҚЕИЯТ Ваҳдат мафкураи бунёдӣ ва шеваи зиндагии миллати фарҳангӣ
Ҳақназар Имомназар - ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иқтисодиёт
ва иҷтимоиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
ВАҲДАТ ВА ВОҚЕИЯТ
Ваҳдат мафкураи бунёдӣ ва шеваи зиндагии миллати фарҳангӣ
Ваҳдат маъракаи сирф сиёсӣ набуда, ғоя ва идеологияи бунёдии давлатдории миллӣ ва шеваи фарҳангии зиндагии воқеии тамоми сокинони Тоҷикистони барои ҳамаи мо азиз мебошад.
Ваҳдат вожаи арабӣ дар маъноҳои метафизикӣ, илмӣ ва дунявӣ ҳам як решаи муштарак, яъне иттиҳод, иттифоқ, якпорчагӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони озоду мустақил ба мафҳумҳои истиқлолият, миллат, ҷомеа, суботу амният, рушди устувор, рифоҳи иҷтимоӣ ва ғайра сахт пайванд аст.
Аз тамоми ин таърифҳову маъноҳо як таърифи сода ва ҳамафаҳми он ин аст, ки ваҳдат дар ҷомеа, дар атрофи ҳадафҳо ва ормонҳои умумӣ дар иттифоқ бо дигар инсонҳо зистан аст, ба ибораи дигар он тақозои табиати инсон, ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ- табиӣ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаллифи модели хоси давлатдории худӣ ва ҳамзамон муалифи тарҳи “Ваҳдати миллӣ” онро хеле дақиқ ва мантиқӣ чунин шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Ҳикмати ваҳдатгаройӣ, сулҳу суботи ниёгони мо аз фарҳанги Хусравонӣ, аз фалсафаи Зардушт, сиёсати Куруши Кабир, ҳикмати ҳамзистии шарқӣ оғоз гирифта, дар осори адабӣ ва таърихии милалти куҳанбунёд ҳамеша таъкид ва талқин шудааст.
Ваҳдат дар оғози Истиқлолияти давлатӣ рисолату мафҳуми эҳё ва эъмори давлатдории мустақили худиро дошт ва акнун ба марҳилаи навбатии худ ворид шудааст, ки унвони он ҳифзу таҳкими давлатдории худӣ мебошад. Аммо дар ҳар марҳилаи рушди он, мафҳум ва ҳадафи аслии он иттиҳод, иттифоқ дар атрофи ормонҳои умумимиллӣ ва умумимардумӣ, новобаста аз мақомҳои ҳизбӣ, идеологӣ, гурӯҳӣ ва ғайра бе тағйир боқӣ мемонад. Бояд таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ таҳти раҳнамоии дурандешона ва хирадгароёнаи Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикони тамоми ҷаҳон, Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳоноти сахти таърихӣ гузашта, дар давлатдории худӣ самараҳои пурарзиш ҳам боқӣ гузоштааст. Аз ин рӯ онро ҳамчун таҷрибаи нодири ба низоъҳои низомӣ нигаронида шуда, ҳамчун модели хоси низошиносӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ меомӯзанд.
Пас аз ҳазори соли расидан ба ормони таърихии давлатддории худӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлол мисли тифли навзод аз тамоми ҷиҳатҳо ниҳоят осебпазир, шикананда буд ва пароканда шудану ҳамроҳшавии пораҳои он ба кишварҳои дигар хатари воқеӣ буд. Хазинаи давлат комилан холӣ шуд, мардуми он ба ҳар кунҷи дохилу хориҷ пароканда шуданд, гуруснагӣ ва фақр ҳамаи сокинони онро бо тамоми ҷиддият таҳдид мекард. Нируҳои зиёди манфиатдор барои он тарҳҳои гуногуни худро меандешиданд, ки аксаран дар хориҷ тарроҳӣ мешуданд. Дар чунин вазъ касе аз шумори лидерону нухбагони он замон ҳозир нашуд, ки ин киштии шикаста пораро аз ғарқшавӣ нигоҳ доранд ва онро ба души сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон во гузоштанд, ки таърихи кӯтоҳ дурустии ин тасмимро дар тақдири миллат собит сохт.
Ба хотир овардани он нукта муҳим аст, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, маҳз бо ибтикору шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҷалб шуданд. Ин амали хирадмандона, яъне Ваҳдати миллӣ ҳама тарафҳои даргиру мухолиф, ҳатто “дар байн мондагон”-ро ҳам ба формулаи ягона, яъне наҷоту эҳёи давлатдории худӣ оварда тавонист, ки аз он гурӯҳҳои мухталифу мухолифҳадаф ҳам рӯй гардонда натавонист. Бо имзо гардидани “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” 27- июни соли 1997 Рӯзи Вахдати миллӣ эълон гардид, ки дар таърихи давлатдории худӣ ва мардуми парешоншудаи он саҳифаи навро боз кард.
Ваҳдати миллӣ пас аз Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дувумин шаҳсутуни таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол поягузорӣ шуд, ки ҳар дуи он якдигарро тақвият бахшиданд ва ҳар дуи он марҳилаҳои рушди ҷомеаи тоҷиконро инъикос менамоянд. Маҳз тавассути он тоҷикон тавонистанд ҷомеаи худро аз бе сарусомониҳо, беназмӣ, ба хусус, беқонунии комил, парокандагӣ ва ниҳоят нобудшавии воқеӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бедавлатиро дар пай дошт, наҷот диҳанду Истиқлолияти давлатии худро зина ба зина таҳким бахшанд ва ба дастовардҳои бесобиқа ҳам расанд.
Аммо ин масири тайшуда пур аз монеъаҳои бешумори айнӣ ва маснуӣ буд, ки аз ҷониби манфиатҳои мухталиф, вале бо мағзҳои фақат бо эҳсосот амалкунандаи нерӯҳои дохилӣ амал мекарданд. Ҷиддитарин мушкилоти он замон, ба ҳам омадани тарафҳо дар сари масъалаи сохти давлатдории навин буд, ки ин баҳсҳову ҷадалҳо ва муборизаҳои шадид 6 солро дар бар гирифт. Мавзуи аслие, ки боиси парокандагии ақидаҳо ва сипас мухолифатҳои тарафҳои даргир қарор гирифта буд, ин масъали сохти давлатдорӣ ва унвони он буд. Яъне дар номи расмии давлат бояд кадоме аз ин истилоҳҳо; “давлати дунявӣ ва ё динӣ, исломӣ” гузошта шавад. Хушбахтона, ҷустуҷӯи модели давлатдории навини тоҷикон, тарафҳоро ногузир ба махзани таъриху фарҳанги аҷдодон бурд, ки дар онҳо арзишҳои ба мисли “ваҳдат”, “эътидол”, “сулҳу ризоият” арзишҳои фарҳангии таърихи миллат фаровон буданд, ҳарчанд дар тафсиру дарки онҳо муборизаҳои шадидтар ҳам сурат гирифтанд.
Зарур ба ёдоварӣ аст, ки масири ноҳамвори Ваҳдати миллӣ аз деҳаи Хосдеҳи Афғонистон то Маскав масофае буд тӯлонӣ, қариб 4 сол идома дошт, ки ватанпарстони воқеӣ, бо шуҷоату азхудгузаштагиҳо ва мусбатназарии Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарзамини аҷддодӣ ва сокинони куҳанфарҳанги он пайравӣ карда, киштии нимшикастаро ба соҳили муродҳои умумимардумӣ расондад. Ҳарчанд бо нокомиҳову афтиданҳову боз ба по истоданҳо, пайроҳаҳои душворгузари ин масир пушти сар шуд.
Ҳадафи ин суханон бештар нигоҳи кӯтоҳе ба натиҷаҳои Ваҳдати миллӣ бо воқеиятҳои имрӯз мебошад, ки чӣ тавр роҳбарияти олии кишваре, ки ба хати сурхи нестӣ расонида шуда буд, онро ба сатҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли рушди устувор ва соҳиби мақоми хос дар ҷаҳони пуртаззод расонда тавонист.
Таври мисол, дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон, бинобар мавқеияти хоси геосиёсии он, нируҳои манфиатдор тавонистанд, ки барои солиён дар он ҷо вазъияти печидаву буҳрониро, ки амалан аз берун, аз кишварҳои наздику дур роҳбарӣ мешуд, нигоҳ доранд. Ин нерӯҳои мухолифи сиёсати давлатӣ бештар ба мушаххасоти хоси ҷуғрофӣ (мавқеи он) ва фарҳангии ин минтақа такя мекарданд, то онро ба хотири мақсадҳои хайёлии худ истифода баранд, ҳамчунон ваҳдати комили миллиро “ноком” ҳам нишон доданӣ шуданд. Ҷомеаро дар ибтидо, бо такя ба чанд тан аз мухолифони ҳукумати расмии аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ монда, ба ном “қумандононои саҳроӣ” ба тарафҳои мухолиф ҷудо карданӣ буданд. Тарҳкунандагон, ё идеологҳои ин парокандагӣ, манфиатҳои ояндаашонро пӯшиши мафҳуми “мухторият”дода, то ҳадде тавонистанд барои ин гурӯҳҳои мухолиф заминаи “фаъолият” фароҳам созанд. Ҳукмати марказӣ ба хотири ҳифзи суботу оромӣ ба ин вазъ то се даҳсола роҳи ҳалли мусолиматомез меҷусту аз ин вазъи номуайянӣ то ҳадди имкон ночор чашмпӯшӣ ҳам мекард. Билорхира дар ин мухолифат амали ба ҳадди ҷудоиталабӣ (сепарастизм) -ро дарёфт ва ба он ҳамчун монеаи сари роҳи Ваҳдати сартосарӣ дар кишвар ва дар сатҳи минтақа хотима гузошт.
Аммо бояд бо таассуф таъкид шавад, ки дар пушти манфиатҳои ин гурӯҳҳои кӯчаки маҳаллӣ ва манофеи калонтари роҳбарони паси пардагии ин амалҳо, манфиатҳои хеле бузургтари ин минақа қурбонӣ шуданд. Аз ҷумла ба иммиҷ ва мақоми ин гӯшаи машҳури Тоҷикистон, зарбаҳои ҷиддии моддӣ ва маънавӣ ҳам ворид шуданд, ки ислоҳи он як муддати замониро тақозо мекунад.
Дар ин робита набояд тааҷҷуб кард, ки дар мағзи мардумони зудбовар ва соддадили кӯҳистон, ин гуна идеяҳоро ворид кардан хеле осон аст, ки дар таърих чунин мисолҳо фаровон дучор меоянд. Агар натиҷаҳои амалӣ ва дастовардҳои беназири айнӣ ва собитшудаи Ваҳдати миллӣ намебуданд ва мардум онро пурра дарк намекард, намедид, эҳтимолияти ҳатто ба дарраҳо пароканда шудани мардум хеле зиёд мебуд. Солҳои 1992 мардуми ба ду майдон “тақсимшуда” (майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон”) шиору ақидаҳои онҳоро ба осонӣ мушоҳида кардан мумкин буд. Камина дар майдони Шаҳидон, ки иддае аз зодагони Бадахшон низ ба талоши идеологҳои исломгароён ( ки тамоми нерӯҳои демократиро ба тасаллути худ дароварда буданд), ба он ҷокашида шуда буданд, медидам, ки ҳар маҳале бо сабти номи деҳаҳои худ хаймаҳои худро доштанд. Агар лаҳзае тасаввур шавад, ки ин майдон бо шиорҳои баробариву адолат, ки аслан дар зери он ҳадафҳои исломгароён, ки комилан хилофи ин шиорҳо буданд, нуҳуфта буданд ва ба “натиҷае мерасид”, мо имрӯз дар ҳар дара “ҳукуматҳои ину он дарраро ” медоштем.
Ва ё як намунаи дигаре аз мушоҳидаҳои бештар аз 5 - солаи камина дар кишвари ба мо бародар ва аз лиҳози этнолингвистӣ хеле наздик Афғонистонро дар миён гузоштанием. Парокандагии аввал дар Ҳизби Халқӣ Демократии Афғонистон, бо “ташкил”-и ҷиноҳҳои мухталиф, ба номи парчаму халқу шуълаӣ, Ҳизби исломии Ағонистон, Ҷамъияти исломии Афғонистон ва ғайра ва пас дар пояи мансубияти этникӣ таъсиси боз ба даҳҳои ҳизбу созмонҳои дигар оғоз шуд. Аммо дар ниҳоят фактори ба номи исломӣ, ки собиқаи тӯлонитар дошт, ҳамаи онҳоро ба тасаллути худ даровард ва ин раванди парокандасозӣ тамоми кишварро фаро гирифт. Аслан решаи ҷанги 45 сол давом дошта, ҷангҳои байни ҳар гурӯҳҳо, зери ҳар ном идома дошта, имрӯз парокандагӣ, душманиҳо ба сатҳи қавму қабила, сатҳи лидерон расидааст , ки оқибати он ба мудохилаи кишварҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳои нокоми маҳаллӣ, аз ҷумла режими исломии толибонӣ, бо оқибати норавшанаш анҷом пазируфт. Дар натиҷаи чунин парокандасозиҳои ҳадафманд, беш аз 3 млн кушта, аз 5-7 млн маҷрӯҳ, то 10 млн гуреза арзёбӣ мешавад. Фақри сартосарӣ (то 8 миллон арзёбӣ мешавад) дар кишвар, ки ба хайрияи созмонҳои СММ ва тавре тааҷҷубовар намояд ҳам, бо кумаки молии ИМА (ки моҳона беш аз 200 млн доллари америкоӣ ба ҳукумати толбонӣ мепардозад), аҳолии боқимонда зинда мондааст. Ҳарчанд ҳадафҳову манфиатҳои ниҳоии сиёсати абардавлатҳо, ба хусус, ИМА, дар айни замон норавшан боқӣ мемонанд. Аммо аксари таҳлилгарон бар онанд, ки ин кумаки бузургдавлатҳо (ба амсоли ИМА) барои истифодаи ҳукумати толибонӣ дар рақобат ва барои зарба ба кишварҳои мухолифаш мебошад, ки дар ин марҳила Руссия ва шарикони рушди он “нишонӣ” гирифта шуда мебошанд. Ба назари мо ин мисолҳо ба натиҷае мерасонанд, ки аввалан чунин сиёсати парокандасозӣ, тафриқаандозӣ имрӯз дар лабораторияҳои махсус, дар кишварҳои абарқудрат тарҳрезӣ ва сипас тибқи манфиатҳои мушаххас, дар фурсати зарурӣ амалӣ мешаванд ва дувум, талошҳо барои татбиқи сенария (барнома)-и кишварҳои ҳаммонанд ба таври мушаххас Афғонистон дар фазои Тоҷикистон вуҷуд доранд.
Ҳамалаҳои мағзӣ ва равонии ба сатҳи “терроризми равонӣ”-и аз ҷониби як иддаи ҳидоятшуда аз теъдоди ватанбохтагону миллатбезорони дохилӣ ва ахиран “сиёсӣмулоён”-и афғонистонӣ, ба сиёсати расмии Тоҷикистони соҳибихтиёр бештар шудаанд, ҳатто расман алаҳи Тоҷикистони мустақил, барои напазируфтани “либосу ҳиҷоби бегонаи арабӣ” “ҷиҳод” эълон мекунанд, амалҳои худҷӯш ва тасодуфӣ набуда, ба “акти ташкил шуда” будани он шубҳаҳо хеле кам мемонад. Нигаронии мо аз ин аст ки ин акт як озмоиши фикрӣ ба хотири кӯшишҳо барои барангехтани парокандагӣ дар Ваҳдати миллии тоҷикон аст, на дифоъ аз ҳиҷоб, ё чизи дигар, зеро барангехтани эҳсосоти динӣ дар ислом, ҳамчун абзори сиёсӣ ҳамеша дар истифода будааст. Ҳарчанд оғозгарони чунин иғвоҳо ҳам хуб медонанд, ки таҳмили фарҳангу либоси бегона, ба хусус арабӣ, ки дар муҳити хоси ҷуғрофӣ, табиӣ ва иқлимии сарзамини кӯҳистони мо, бо фарҳанги бостонии он ягон мутобиқате дошта наметавонад ва гузашта аз он, хилофи низоми муосири ҳуқуқи башар, хираду мантиқ ҳам мебошад, вале тавре мегӯянд, “ҳадаф ҳар воситаро (тавҷеҳ) асоснок мекунад”, ки ҷуз амали таҷовуз ба ҳарими кишвари озод чизи дигаре нест.
Шояд ин амалҳо бо гузоришоти ҳарсолаи комиссият махсуси Конгресси ИМА ба ном “Таъмини озодиҳои динӣ дар ҷаҳон”, тайи чанд соли охир Тоҷикситонро барои “ҳар гуна маҳдудиятҳои динӣ” дар радифи кишварҳои ба ном “хатарноктарин барои озодиҳои динӣ”?, ҷой медиҳад, рабте дошта бошад. Яъне боз ҳамон фактори асосӣ ва содатарини ба ҳам задани суботи ҷомеа аз роҳи таҳрики эътиқодоту ақидаҳои динӣ, мазҳабӣ дар мақоми аввал ҷо мегирад, ки дар ҳар фурсати муносиб метавонад, истифода шавад, агар дар ҷомеа, ҷаҳонбинии огоҳона ва Ваҳдати комили миллӣ сатҳӣ ва комилу амалӣ набошад.
Идаи дигаре, ки тариқи он бадхоҳони Тоҷикистон ва дастовардҳои он ваҳдати комили миллии кишвари моро халалдор карданӣ мешаванд, идеяи ба ном “ба зердасти Хитой, ки дар он ҷо “геносиди мусулмонон сурат мегирад, табдил додани Тоҷикистон” аст, ки дар ҷомеа пароканда карданӣ мешаванд.
Тибқи мушоҳидаҳо, то кунун нияти “хитоӣ” кардани миллати тоҷик умуман дар сиёсати он ба назар намерасад, ҳадди ақал дар замони мо. Чизе ки аз таҳлил сиёсӣ бармеояд ва то ҳадде ҳам равшан аст, манфиати Хитой ҳифзи манфиатҳои амниятии худ аст, то ки Тоҷикситон ҳамчун кишвари сарҳадӣ, барои воридшавии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии исломӣ ба хоки он ва тақвияти сепаратизми уйғурҳои мусулмонӣ истифода нашавад. Манфиати аввалиндараҷаи Хитой, ин ҳифзи ваҳдату якпорчагии наздик ба ду миллиард аҳолии он, ки иборат аз чандин миллиятҳову халқият ва забону гӯйишҳо иборат мебошад, ки дар ваҳдату субот ва рифоҳу сатҳи баланди зиндагӣ ҳам қарор доранд.
Кишвари Руссия дар муноқишаҳои этносиёсӣ бо Украина(-и аз ҳар лиҳоз наздик ба ҳаманд), ки ин ҳам ба бовари таҳлилгарони соҳа, лоиҳаи “ғарбӣ” аст, ки дар ниҳоят ба заиф сохтани ҳар дуи онҳо равона шудааст. Руссия роҳи берун омадан аз ин вазъро дар ваҳдату ягонагии миллатҳои сокини рус дарёфт ва онро расман ҳамчун ҷашни миллӣ, ба унвони ягонагии сокинони сермиллати Россия мақом дод, ки истодагарии онро дар муқобили тамоми ҷаҳони ғарбӣ имконпазир сохтааст. Ҳар дуи ин мисолҳо ҳамчун сабақи бедоркунандаи таърих барои иддае аз аъзои ҷомеа, ки сатҳи муҳиммияти Ваҳдати миллӣ, ҳифзу тақвияти онро ҷиддӣ намегиранд, мебошанд.
Бинобар ин воқеиятҳо таъкид мекунанд, ки ҳар шаҳрванди ин кишвар дар баробари ояндаи ҷомеаи он эҳсоси масъулият ва вазифадорӣ дошта, барои такрор нашудани рӯзҳои мудҳиши паси саршудаи халқамон (ки дар замони пуртазоду бисерстандартии манофеъасос фақат эҳтимолият намебошад), масъул будани хешро дарк кунад. Аз оқибатҳо парешонии ҷомеаҳои ҳамсоя ва минтақа натиҷаҳои омӯзанда бардорад, дар ҳифзи кишвар аз ҳар гуна хатароти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми шахсӣ дошта бошанд.
Ба назар мерасад, ки мрӯз зарур аст, ки Ваҳдати миллӣ дар радифи мафҳумҳои Истиқлолият, Ватани аҷдодӣ, давлатдории худӣ ба сатҳи ғояи миллӣ бардошта шавад, то ҳамдигарро комил кунанд ва мардум ба сӯи ғояҳои дигар кашида нашаванд.
Дар 33 соли давлатдории худӣ, ба халқи сарзамини куҳан муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай кунад, ки он самараи Истиқлолияти давлатӣ, роҳбарияти муваффақонаи Пешвои мардумӣ, Ваҳдати миллӣ аст, ки симои аслии кишвари бостонии ба номи Тоҷикистон ва сокинони созандаи онро ба ҷаҳониён нишон дод.
Имрӯз аз ҳар тараф ишораҳои ташвишоварро шунидан мумкин аст, ки гӯё дар нақшаи абарқудратон “ноором кардани Осиёи Марказӣ дар навбат”истодаааст. Чӣ вақт амалӣ мешавад, назарҳо гуногунанд. Ба назари мо, ин нақша аз низоъҳо ва таносуби ҷаҳонӣ, ба хусус ҷанги Руссия ва Украина хеле вобаста аст. Вале ҷомеаи мо набояд фаромӯш кунад, ки дар омода кардани чунин нақшаҳо ва ҳадафҳои ба худи қудратҳо дар замони муайян мувофиқ, дар ҷомеаи точикистонӣ, пеш аз ҳама ба ҷаҳонбинии динии он такя хоҳад шуд. Зеро он, дар “марҳилаи барои кудратҳо зарурӣ” ҳамчун роҳи содатарин дар ташкили ҳар гуна беназмиҳо дар ҷомеа истифода мешавад. Аз ин рӯ вазъи феълии мафкураи сунатии ҷомеа, ба ислоҳи ҷиддӣ, бо саҳми тамоми аъзои он, ҳамчун зарурати аввалиндараҷа боқӣ мемонад.
Ваҳдатро як амали сиёсӣ ё мафкуравӣ ва сирф абстарктӣ тасаввур кардан кофӣ нест. Он ниёзи воқеии ҷомеа барои таъмини ҳаёти сазовори инсонӣ, таъмини ҳаққу ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчунон барои иҷрои вазифаҳои дар марҳилаи нав дар баробари кишвар қарор гирифта аст. Зеро марҳилаи миллатсозӣ ва давлатсозӣ бояд ба сатҳе расонда шавад, ки дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳо ва ҳамлаҳо муқовимат карда тавонад ва ин рисолатро худи таърих бар души тамоми тоҷикистониёни дохилу хориҷ, новобаста аз мансубиятҳои гуногунашон, вале мансубияти муштаракашон дар баробари наслҳои миллат гузоштааст.
Чаро иддае аз бохтагон, ки мухолифи дастовардҳои кишвари азизи мо , ки аслан ба ватану миллати аҷдодии худ пушт кардаанд, бештар аз ҳама ба ваҳдати тоҷикистониён душманӣ доранд? Зеро он воқеан монеаи асосӣ дар роҳи ғаразҳои онҳо мебошад, яъне агар дар кишвар, зери парчами Ваҳдати миллӣ сулҳу суботу рушди тамоми соҳаҳо таъмин намешуд, ин ба манфиати таблиғотии мухолифин анҷом меёфт. Аз ин рӯ, мубориза ба хотири ҳифзу таҳкими Ваҳдати комили миллӣ, ҳамчун шеваи зиндагии халқи фарҳангӣ, зикри як байти ҳушдордиҳандаи Иқболи Лоҳурӣ, хеле муҳим ва ба ҷо аст, ки;
Лолаи ин чаман олуда ба ранг аст ҳанӯз,
Сипар аз даст наяндоз, ки ҷанг аст ҳанӯз
Муфассал ...