Навидҳои рӯз

- Панҷшанбе, 01 Декабр 2022
Дар ҳошияи мақолаи сиёсатшинос А. Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”
Мақолаи мазкури коршиности тоҷик кӯшиши ҳаматарафаи илмӣ ва мантиқиест, то ки чашми ҳамсояҳои мо - қирғизҳоро ба як масъалаи мушкили марзӣ боз кунад. Асоси ин мақоларо А. Раҳнамо санадҳои таърихӣ қарор додааст, ки боиси офаринбод аст, чаро аксар вақт дар инъикоси масоили ҳассоси ҷомеа муаллифон одатан туъмаи эҳсосоти хеш мешаванд. Мақолаи мазкур аз чанд ҷиҳат барои ҷомеаи мо арзишманд мебошад. Аввалан, чӣ хеле ки худашон муаллифи мақола менависанд “арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд”. Яъне мақола пеш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро аз моҳияти ин ҷанҷоли ҳамсояи марзии мо огоҳ месозад. Сониян, чун дар ин моҷарои марзӣ ду кишвар ширкат доранд ва ҳар ду кишвар ҳақиқати худро доранд, муаллиф хонандагонро бо Ҳақиқати Тоҷикистон хеле олимона бо далелҳои ҷиддӣ ошно кардааст. Солисан, А. Раҳнамо дар ин мақолааш ҳуҷҷатҳои такягоҳии Тоҷикистонро дар ин баҳси марзӣ ҳаллу фасл кардааст. Ба гуфти худи муаллиф “Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст”. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки “ҳуҷҷатҳои мазкур, гарчӣ аз назари сарнавишт ва ҳаққи таърихии тоҷикон дар минтақа ҳаргиз одилона нестанд, феълан ягона ҳуҷҷати такягоҳӣ барои мавзӯият, чорчӯб ва мазмун пайдо кардани музокироти марзӣ байни ин ду кишвари мушаххас мебошанд”.
Фикр мекунам, тоҷикон шояд ягона миллати минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар тӯли таърихашон аз нигоҳи марзу буми зист зиёд ноодилӣ дидаанд ва ба гуфти Устод Бозор Собир “ҳар чи Ӯ аз моли дунё дошт, дод”. Аммо, имрӯз мо дигар ҳаққи маънавӣ надорем, ки ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст диҳем.
Раҳбарияти воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо ҳам ба Ҷумҳурии ҳамсоя роҳи баромадан аз ин мушкилоти марзиро тавассути гуфтушунид пешниҳод мекунад. Кишвари ҳамсоя бояд ин фурсатро аз даст надиҳад. Мизи мудаввари гуфтушунид на ҳамеша боз мемонад!
Чанд хулосаи банда баъди хондани мақолаи сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо. Якум, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвои марзӣ ҳуҷҷатҳои такягоҳиро пешниҳод мекунад. Дувум, Тоҷикистон дар ин низои марзӣ кишвари таҷовузгар нест. Сеюм, пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани ин буҳрон хоҳад шуд. Чорум, роҳи ҳалли ин низои марзӣ бояд гуфтушунид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон бошад. Панҷум, хушунат метавонад васеътар аз минтақаи марзии ҷанҷолӣ шавад, ки ба суди миллати тоҷику қирғиз нест.
Қаландаров Т.С., корманди илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров, номзади илмҳои таърих
Муфассал ...
- Чоршанбе, 16 Ноябр 2022
Сухани табрикотии Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сухани табрикотии Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои ҳаштодуми асри гузашта аввалин нишонаҳо аз мавҷи озодихоҳӣ ва ҳаракатҳои равшанфикрӣ дар байни ақвоми мухталифи тобеи давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аён гардиданд. Амвоҷи эътирозу истиқлолхоҳиҳо махсусан ба иллати адами озодиҳои фардиву сиёсӣ дар байни мардуме, ки таъриху тамаддуни ҳазорсола доштанд, зиёдтар ба чашм мерасид. Чун сиёсати давлатдории шӯравиён аҳдофи миллии тоҷиконро ҳимоя намекард ва давраи шӯравии рушди давлатдории тоҷикон бар асоси сиёсати умумииттиҳодӣ, ки дар он фарҳанги милливу суннати маҳаллӣ арзиш надоштанд, ташаккул меёфт, бо ба вуҷуд омадани фурсати муносиб тоҷикон ба бузургтарин ҳадафи худ – ташкил намудани давлати алоҳидаи миллӣ мушарраф гардиданд.
Сентябри соли 1991 Тоҷикистон байрақи Истиқлоли худро бардошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати алоҳида муаррифӣ гардид. Аммо умеди садсолаҳои мардум, ки иборат аз ба даст овардани истиқлолият буд, носипосиҳои зиёдеро ҳам дар бар дошт. Ба қадри ин ҳадяи бебаҳои таърихӣ расидан ҳанӯз мардум омода набуданд. Дар бораи вазъияти он солҳо таърихнигорону сиёсатмадорони бумиву хориҷӣ мақолаҳои бешумору асарҳои зиёде таълиф намуданд. Аммо суханони пурдарду ҳасрати Пешвои миллат таъсири дигаре доранд. Мавсуф он рӯзҳои шуму соатҳои номуборакро ёдовар шуда, дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ баҳона ва сабаби он нооромиҳо, саркардагону таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандӣ, иллати парокандагии миллату заифии иқтисоди давлатро одилонаву олимона баршумурданд: “Тундбоди воқеаҳо, ки онҳоро бозсозӣ ба ҳаракат дароварда буд, боиси хархаша ва моҷароҳои зиёди сангину нангин дар Тоҷикистон шуданд. Ҷоҳталабону қудратталабон, рӯҳониёне, ки солиёни зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, бо пуштибонии қувваҳои хориҷие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро намехоҳанд, якбора ба мубориза ошкоро бархостанд. Ҳисси носолими маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Ҷумҳурӣ ба вартаи касодии иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифтор шуд. Рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ боздошт шуданд. Сатҳи зиндагӣ поин рафт. Ахлоқи ҷомеа тағйир ёфт. Умеду орзуҳои неки мардум нимкора монд”.
Ҷанги таҳмилии бародаркушӣ душманонро шоду умеди меҳандӯстонро, ки Истиқлолиятро заминаи озодиву ободӣ пиндоштанд, барбод дод. Нафридану накӯҳидан овози дилҳои мардум гашту ғазабу ғараз пардаи чашмҳоро пӯшида буд. Аз ҳама бад дӯстро аз душман фарқ кардан дар он рӯзҳо муҳол буд. Бародар бар хуни бародар аҳд баст. Ана ҳамин буд самара аз ҳафтод сола давлати шӯравие, ки аз он мефахридему менозидем. Мардуми тоҷик, ки таърихан фарҳангдӯст буду сулҳхоҳ ҳаргиз бояд ба ҳамдигаркушӣ роҳ намедод. Аммо чун аз аҳли ҳувиятбарбоддодагон будем, дар ин давраи гузариш, ки рукнҳои ҳувияти миллӣ аз хотирҳо маҳв гашта буданд, имону виҷдону шукру сабр дигар коргар наяфтоданд. Ба илова, “таҷрибаи даврони шӯравӣ собит сохт, ки нобаробар тараққӣ кардани минтақаҳои гуногун метавонад омили норизоӣ, ноиттифоқӣ ва заиф гардидани ҳамбастагии дохилии ҷомеа гардад”. Зарари моддӣ аз натиҷаи ҷанг агар беш аз ҳафт миллиард доллари амрикоиро ташкил дода бошад, зарари ҷонӣ ҳадду ҳисобе надошт. Чаро ки он чӣ тороҷ гашту ба яғмо рафту валангор шуд, дар солҳои минбаъда барқарор гардид, аммо шамъи он ҷонҳое, ки хомӯш гардид, ба қавли Пешвои миллат “ба шарафу нангу номуси халқу миллат ва саҳифаҳои таърихи чандинасраи безаволаш доғи нанг гузошт”.
Хушбахтона, ба қавле «к-аз хато дур туро зеҳну закои ту кунад», халқ бо такя ба заковату фаросати таърихии худ ба қасди фиребофаринон пай бурда, сарчашмаи эҳсосро хушку лаҷоми ақлро ба даст гирифта, дар фикри ба ҳам овардани миллату ташкили давлату ҳукумат гардид. Ноябри соли 1992 мардуми сулҳхоҳи Хуҷанди бостон бо оғӯши боз намояндагони Иҷлосияи XVI Шурои Олиро истиқбол карданд. Маҳз 19 ноябри соли 1992 бо раъйи баста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат интихоб мегардад. Раиси навинтихоби Ҷумҳурии ҷадидтаъсиси Тоҷикистон аз рӯзи ба раёсати Шурои Олӣ расидан ба ҳалли муҳимтарин вазифа – поён додани ҷанги дохилӣ дар кишвар даст мезанад. Барои ин манзур ӯ музокирот бо мухолифинро оғоз мекунад. Бо вуҷуди чаҳор соли музокира талошҳое барои дастёбӣ ба тавофуқ сурат гирифт. Мулоқот бо мухолифон 18 маротиба, дар шаҳрҳои Маскав, Эрон, Ашқобод, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мегардад. Барои бастани шартномаи ризоияти миллӣ монеаҳо ниҳоят зиёд буданд. Ҳарчанд дар давоми ду соли ташкили Ҳукумат зиёд масъалаҳо, аз ҷумла ташкил кардани вазорату кумитаҳо, ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таҳия шудани қонунҳои тақдирсоз, қабул шудани рамзҳои давлатӣ, ба ватан баргардонида шудани қисмати зиёди гурезагон ва амсоли инҳо ҳаллу фасл шуда бошанд ҳам, ҳанӯз номувофақативу мухолафат дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ва дур аз ихлосу мухоласат будани гурӯҳе аз мансабдорон дар ба эътидол овардани вазъият халалҳои ҷонгазой мерасонданд. Агарчи вазъият дар бархе аз нуқоти ҷумҳурӣ бад буда, мухолифин ҳамчунон мусаллаҳ буданд, Сарвари давлат мисли ҳарвақта умеди ваҳдатро дар ҷон нашикастанд ва он низоъҳоро носозии байни бародарон бишмурданд ва умедашон буд, ки “оқибат ақлу хиради солим пирӯз меояд ва мо дар рӯзи саодат ба рӯйи бародарону хоҳарон – ба рӯий якдигар оғӯши гарм мекушоем”.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди бузурги сиёсӣ мақоми хоса дорад. Маҳз ҳамин маъракаи сиёсӣ кишвари моро аз вартаи харобиву нестшавӣ наҷот дода, пояҳои давлати навтаъсиси тоҷиконро мустаҳкам намуд. Кулли дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи тақдирсози таърихӣ робитаи мустаҳкам доранд.
Фарорасии ин ҷашни миллиамонро ба кулли мардуми шарафманду саодатманди тоҷик муборакбод гуфта, муваффақияту хушрӯзиҳои бештарро ба ин халқи фарҳангофар хоҳонем.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 11 Ноябр 2022
Конфронси илмию амалӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон-меъмори давлати навини тоҷикон" баргузор гардид
Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ВМКБ аз 08-11-2022 (№517) бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 10-11-2022 бо ташабусси директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар, дар ҳамкори бо Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ сардораш Азорабек Мирзобеков , бо Раёсати маорифи ВМКБ сардораш Аминҷон Мирзоқандов, бо Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ директораш Раҳимдод Азизбеков дар толори ИИГ-ии АМИТ конфренсияи илми-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-меъмори давлати навини тоҷикон” ташкил ва баргузор намуданд. Дар кори конфронс кормандони ин чор муассисаи илмӣ-таълимӣ ширкати фаъолона доштанд.
Муфассал ...
- Сешанбе, 11 Октябр 2022
ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ СЕМИНАРИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАГУЗОР ГАРДИД
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 110-солагии академик Баҳодур Искандаров семинари илмию назариявӣ дар мавзуи “Назаре ба таърихи Помиру Бадахшон (то замони Шӯравӣ)” баргузор гардид. Семинар бо ибтикори шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ташкил карда шуд. Дар семинар олимони институт, устодони донишгоҳи давлатии Хоруғ, магистрантон ва докторантони (PhD)-и ИИГ иштирок доштанд.
Аз ҷониби мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ номзади илмҳои таърих Шоинбеков А. вобаста ба тадқиқотҳои академик Баҳодур Искандаров, перомуни таърихи Бадахшон суханронӣ намуд. Шоинбеков ба масъалаҳои:
- ФАРЗИЯҲО ОИД БА МАКОНИ НАХУСТВАТАНИ ИНСОНИЯТ БУДАНИ ПОМИРУ БАДАХШОН
- ҚАБИЛАҲОИ ҒАЙРИОРИЁИИ ПОМИРУ БАДАХШОН
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ САНГ
- ЁДГОРИҲОИ АСРИ БИРИНҶ ДАР ПОМИРУ БАДАХШОН
- ПОМИР КИШВАРИ ОРИЁИҲО
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ ОҲАН
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ БИРИНҶ
- САКҲОИ ПОМИР
- ТАЪРИХИ ПОМИРУ БАДАХШОН АЗ АСРИ VII-ПЕШ АЗ МИЛОД ТО АСРИ II-И МЕЛОДӢ
- ИМПЕРИЯИ КИРПАНД
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРҲОИ МИЁНА
- ПАРОКАНДАГИИ ФЕОДАЛӢ ДАР ПОМИРУ БАДАХШОН
- “БОЗИИ КАЛОН” (“БОЛЬШАЯ ИГРА) ВА ТАҚДИРИ МАРДУМИ ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР ОХИРИ АСРИ XIX ИБТИДОИ АСРИ XX хеле хуб равшанӣ андохт. Баъзе дӯстдорони таърихи Бадахшон аз шаҳри Душанбе фикру дархостҳои худро баррасӣ намуданд ва таклиф гузоштанд, ки чунин семинарҳо дар шаҳри Душанбе ҳам гузаронида шаванд.
Баъд аз гузориши ШОИНБЕКОВ А. байни иштирокчиёни семинар саволу чавоб, мубодилаи афкор баргузор гардида, масъалаҳои таклифу дархостҳои муфид пешниҳод гардиданд.
Аз чумла рӯзноманигори варзида аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Улфатшоев Ҷ. оид ба комёбиҳои назарраси солҳои охири Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ сухан ронда иброз намуд, ки хакикатан БАДАХШОН таърихи кухан дорад ва пешниҳод карда шуд, ки баргузории чунин семенархо аз ҷониби мутахассисон бештар ба роҳ монда шаванд.
Муфассал ...