wrapper

Навидҳои рӯз

ЗАБОНШИНОСИ ДОНОДИЛ (маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 60-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодихон Юсуфбеков)

Бо қарори Шӯрои олимони институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ аз 14 июни соли 2022, рақами 5 ба чоп тавсия гардид.

Забоншиноси донодил. Душанбе: Сифат-Офсет, 2022. -446 саҳ.

Муқарризон: доктори илмҳои филологӣ, профессор Д.И. Эдельман,  номзади илмҳои филологӣ Л.Р. Додихудоева

Зери назари доктори илмҳои филологӣ

Қаландариён Ҳоким Сафар

Мураттиб ва мусаҳҳеҳ

Назаршоева Чилла

Муҳаррири масъул:

доктори илмҳои филологӣ, профессор

Офаридаев Назрӣ

 

Китоби хотира ба бузургдошти 60-умин солгарди мухаққиқи маъруфи забону фарҳанги мардуми Помир, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ (2000-2018) доктори илмхои филологӣ, профессор, Шодихон Юсуфбеков бахшида щуда, мақолот оид ба ҷойгоҳи илмии ӯ дар таҳқиқи забонҳои помирӣ, меҳрономаҳои устодон, дӯстон ва шогирдонаш оид ба шахсият, сифоти инсонӣ ва хиради волои зиндагисоз ва эҳтиромоти шоиста нисбати эшон оварда шудаанд. Профессор Ш. Юсуфбеков дар айни камоли умр ва нашъунамои эҷодию пажӯҳишӣ дунёи фониро падруд гуфт, аз ин рӯ салоҳ донистем дар китоби ёднома ашъор ва суханпораҳои дӯстону ҳамкорон ва шогирдон дар сӯгвории Ш. Юсуфбековро низ гирдоварӣ намоем.

Маҷмӯа барои олимон, аспирантҳо, донишҷӯён ва доираи васеи дӯстдорони забону адабиёт ва фарҳанг пешбинӣ шудааст.

 

Книга памяти посвящена 60-летию известного исследователя культуры и языков народов Памира, директора Института гуманитраных наук НАН РТ (2000- 2018) доктора филологических наук, профессора Шодихона Парвонаевича Юсуфбекова. Она содержит статьи известных учёных о его вкладе в изучение памирских языков, в ней изложены взгляды учителей, друзей и учеников профессора Шодихона о его точке зрения на мораль и этику поведения человека, приведены сведения о его мудрости и жизнелюбии. В этих высказываниях проявляется высокое уважение и любовь коллег и учеников к Шодихону. Профессор Ш.П. Юсуфбеков покинул нас в расцвете научных и творческих сил, поэтому мы сочли целесообразным собрать в книге искрение соболезнования друзей, коллег и учеников, выраженные в виде поэтических и прозаических строк.

Сборник предназначен для широкого круга исследователей, аспирантов, студентов, а также любителей языка, литературы и культуры.

Муфассал ...

АВВАЛИН ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР НАЗДИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА НАХУСТИН ДИФОИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОИРАИ ОН

28 декабри соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ, ки бо ташаббус ва кӯшишҳои зиёди директори институти номбурда, доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар таъсис ёфта буд, нахустин бор дар таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дифои рисолаи номзадии Назаршоева Чилла Раҳимбековна – мудири шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ дар мавзуи “Этнолингвистическое освещение лексики родильного обряда шугнанского языка” баргузор гардид. Унвонҷӯ тадқиқоти илмиро таҳти роҳбарии номзади илми филология Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна дар доираи шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ ба анҷом расонида, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ 28.12.2022 бо муваффақият дифоъ намуд.

Аъзоёни Шӯрои диссертатсионии назди Интситути илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, аз ҷумла, доктори илми филология, профессор Офаридаев Назрӣ, доктори илми филология, профессор Мамадназаров Абдусалом, доктори илми филология Аламшоев Муқбилшо ва дигарон изҳор доштанд, ки таъсиси Шӯрои мазкур як падидаи таърихан муҳим барои илми ВМКБ буда, мақоми Институти илмҳои гуманитариро аз ҷиҳати илмӣ дар арсаи минтақавӣ боз ҳам баландтар мебардорад. Институт дар давоми беш аз 30 соли мавҷудияташ барои минтақа кадрҳои зиёди илмиро омода карда истодааст ва алъон бо таъсис додани Шурои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ шароити мусоид барои дифоъ намудани рисолаҳо аз рӯи ду ихтисос 5.9.2. Адабиёти ҷаҳон ва 5.9.6. Забонҳои мамолики хориҷ (забонҳои помирӣ) фароҳам оварда шудааст.     

 

Муфассал ...

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ барои солҳои 2023-2027 озмун эълон менамояд:

Мудири шуъба – 4 ҷой.

Талабот:

Довталабон барои иштирок намудан дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия пешниҳод намоянд:

-ариза барои иштирок намудан дар озмун;

-варақаи шахсӣ ва шарҳи ҳол;

-шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот ва илмӣ;

-нусхаи шиноснома ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

-маълумотномаи тиббӣ бо ду адад акси 3х4

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 5-уми январи соли 2023

Довтлабон ба вазифаҳои холӣ дар доираи Оинномаи Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Дастурамали вазифавии намунавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Бо шартҳои иштирок дар озмун шахсони хоҳишманд ва иштирокчиёни озмун метавонанд дар нишонии зерин шинос шаванд:

Суроға: ш. Хоруғ, кӯчаи У.Холдоров, 4; тел.: 934402842; e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон менамояд:

барои шуъбаи забонҳои помирӣ:

сарходими илмӣ – 1 ҷой;

ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой;

ходими калони илмӣ – 2 ҷой;

ходими  илмӣ – 1 ҷой.

барои шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон:

сарходими илмӣ – 2 ҷой;

ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;

ходими калони илмӣ – 3 ҷой;

ходими  илмӣ – 3 ҷой; 

ходими илмӣ – 4 ҷой.

барои шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ:

ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой;

ходими калони илмӣ – 1 ҷой;

ходими  илмӣ – 4 ҷой.

барои шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Бадахшон:

ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;

ходими калони илмӣ – 1 ҷой;

ходими  илмӣ – 1 ҷой;

муҳандис барномасоз – 1 ҷой.

Талабот:

Довталабон барои иштирок намудан дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия пешниҳод намоянд:

-ариза барои иштирок намудан дар озмун;

-варақаи шахсӣ ва шарҳи ҳол;

-шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забони тоҷикӣ;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот ва илмӣ;

-нусхаи шиноснома ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

-маълумотномаи тиббӣ бо ду адад акси 3х4

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 рӯз аз рӯзи чопи эълон.

Довталабон ба вазифаҳои холӣ дар доираи Оинномаи илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандароваи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Дастурамали вазифавии намунавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Бо шартҳои иштирок дар озмун шахсони хоҳишманд ва иштирокчиёни озмун метавонанд дар нишонии зерин шинос шаванд:

Суроға: ш. Хоруғ, кӯчаи У.Холдоров, 4; тел.: 934402842; e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Муфассал ...

Ҳуҷҷатҳои таърихӣ собит месозанд, ки тоҷикон молики ин сарзаминанд

(Дар ҳошияи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ Адуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)

Баҳсҳои марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз сӣ сол аст, ки идома доранд. Дар ин муддат чандин иқдомҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳандозӣ гардида, то андозае масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатӣ ҳал гардид. Аммо новобаста аз ин иқдомҳо, давоми ин солҳо баҳсҳои марзӣ барои сокинон мушкилиҳоро дар пай доштааст.

Муфассал ...