wrapper

Навидҳои рӯз

Дар ВМКБ фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид

13-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ фестивал таҳти унвони «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар фестивал аз ноҳияҳои ВМКБ бонувону ҷавондухтарон бо дастовардҳои хеш дар соҳаи ҳунармандӣ ширкат намуданд.

Чакан як намуди ҳунари волои мардумӣ ба ҳисоб рафта, таърихи хеле қадима дорад, ки ба ҳаёт, урфу одат ва ҷаҳони маънавии миллати тоҷик, минҷумла тоҷикони Бадахшон алоқамандии зич дорад. Чакан дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ гулдӯзӣ карда мешавад, ки дар байни тамоми занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.

Агар ба таърихи ривоҷу равнақи ҳунари чакандӯзӣ дар Бадахшон назар андозем, тибқи маълумоти илмии мардумшиносон ва фолклоршиносон асосан миёни бонувони ноҳияи Дарвоз ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим маъмул будааст. Дар ин бора муаррих А. А. Бобринской маълумоти пурарзиши илмӣ матраҳ намудааст (Нақшу нигори тоҷикони Дарвоз. 1900).

Дар чакандӯзӣ рангҳои гуногуни табиӣ истифода бурда мешуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳунари гулдӯзи дар тамоми Бадахшон низ ривоҷ ёфта буд, вале бо интихоби ранг, тарзи дӯхт, истифодабарӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд, ки баъзан ин тафовутҳо ҳатто дар байни деҳаҳои ҷудогона низ ба назар мерасанд. Нақшу нигори ҳунари гулдӯзӣ асосан табиатро инъикос мекард. Ин нақшу нигораҳо бо номҳои ислимӣ, зооморфӣ, кайҳонӣ, геометрӣ ё гиреҳ вуҷуд доранд. То кунун дар ҳунарҳои мухталиф аз қабила ҷӯроб, шерозаи тоқӣ, куртаҳои занона ва мардона, шерозаи поҷома, миёнбанд, намад, сӯзанидӯзӣ, курпаву болишт, рӯпӯши рахти хоб корбурд мегарданд. Нақшу нигорҳои мавҷудбуда ифодагари ин ё он унсурҳои табиат буда, баёнгари тасаввурот, эътиқод ва боварҳои мардумӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан тасвири офтоб дар сӯзаниҳо, тасвири аловгул, партовус, мавҷи об, гардуна дар ҷӯробҳо рамзи рӯшноӣ ва гармӣ, гуногунрангӣ, гардиши солу моҳ ва ғайра дониста мешаванд. Ҳамин тавр ҳар як нақш вижагии хоси худро дошта, пайванди ногусастании инсон ва табиатро аз замони пеш то имрӯз ифода мекунанд.

         Дар замони ҷаҳонишавӣ баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле ба маврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз тарафи дигар таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд. Инчунин бори дигар ҳунари мардумӣ муаррифӣ гардида, арзишҳои фарҳангӣ пос дошта мешаванд ва барои пойдории онҳо заминаи устувор хоҳад гузошт.

Н. Қурбонхонова номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёт, Азорабекова Ш. ходими калони илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 

акс аз: https://your.tj/chakan-kak-prizvanie-istorija-toj-kto-hranit-tradicii/

Муфассал ...

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров семенари илмӣ баргузор гардид

Тибқи нақша-чорабиниҳои Институти илмҳои гумантитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ дар таърихи 11.04.23 семинари илмӣ дар мавзуи «Методологияи тадқитоти лингвистӣ» баргузор гардид. Мавзуи семинарро сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламшоев М. М. баррасӣ карда, моҳияту зарурияти гузаронидани тадқиқотро барои муҳаққиқони ҷавон фаҳмонда дод. Мавсуф нишон дод, ки дар тадқиқоти лингвистӣ методҳои мухталиф мавҷуданд, вале истифода ва интихоби онҳо дар корҳои илмӣ ба муҳаққиқ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ вижагии ҳар як методи тадқиқотиро донистан зарур аст ва дар кори илмӣ ҷой додани онҳо эҳтиёткориро тақозо менамояд. Семинари илмӣ бо баҳсу мунозира анҷом пазируфт.

Муфассал ...

СОАТИ НЕКУ ДАМИ ХАЙРУ САХО АСТ НАВРУЗ

 
Наврӯз ҷашни бостонии мардуми куҳанасл ва куҳанбунёди мо- тоҷикон аст, ки реша дар умқи таърих давонда, орзу ва ормони ниёгони моро бо анҷом додани фароиз, расму оин ва суннатҳо мунъакис карда истодааст. Он як туҳфаи баҳорона аст, ки ривоят ва таърихи мухталифе дар атрофи будани худ офаридааст, ки ёдовар аз фарҳанги мо мекунад.
Навруз ҷашни оғози фарвардин ё фурудагон аст, ки ёодоварӣ аз аҷдод ва ниёгони мо буд, ки гузаштагони мо чунин фикр мекарданд, ки дар панҷ шаб руҳи поки гузаштагон ба хотири шароити зиндагии зиндагон фуруд меоянд ва машғули тамошои ҷашнгирии ин ид мегарданд.
Мардуми со, ки асли хешро ба ориёиҳо мепайванданданд, таърихан ду фасл-гармо ва сарморо ба солшумории хеш изофа карда, тибқи онҳо зиндагиашонро пеш мебурданд. Пас аз муддате тобистон дорои ҳафт моҳ ва зимистон дори панҷ моҳ шуд. Ин ид дар даврони пешин шаш рӯз пай дар ҳам давом дошт ва зимни баргузории он сардорони хонавода новобаста аз бизоати хеш барои ниёзмандон саховат мекарданд. Афву бахшиш, гузаштан аз хатои якдигар, гирифтани аҳволи дармондагон ва фақирон дар рӯзи наврӯз ҳам суннат ва фарзи як иди мардумӣ маҳсуб меёфт.
Таърих гувоҳ аст, ки дар баъзе аз ҳукмронӣ ва салтанату роҳбарии сарони мамлакатҳо идҳо ва ҷашнҳо, новобаста аз характери бууд ва мавҷудашон гум мешаванд, ё тарзи таҷлилашонро иваз менамоянд.
Навруз аз ҷумлаи чунин идҳо аст, ки дар бистари фарҳангҳои мухталиф вусъат ёфта, домани хешро густурда намуда, бо вусъат додани алоумандони хеш то ба имрӯз омада расидааст.
Мо – мардуми тоҷик, ки нухбагони мардуми ориёӣ ҳастем ва бо ифтихори бузург ба расму русуми хеш арҷ мегузорем, ҳамасола таҷаллои баргузории ин идро рангу ҷилваи нав мебахшем.
Имсол ҳам, чун ҳарвақта ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла сокинони Боми Ҷаҳон бо шукргузорӣ аз он ки дар фазои сулҳу субот ва оромишу якдигарфаҳмӣ наврӯзро, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ҷаҳонӣ шудааст, ҷашн мегиранд, бо намоиш додани урфу одоти мардуми мардуми мо ҷашн гирифта истодаанд. Аҳли кормандон ва ҳайати олимони АИ ИГ ба номи академик Б.Искандаров дар ҳамраъйӣ ва ҳамдастӣ бо ДДХ чорабинии илмию адабӣ ва фарҳангиро бахшида ба ҷашни Наврӯз доир намуданд, ки дар он таоми расму оин, суннат ва урфу одати мардуми мардуми минтақаи куҳии Бадахшон таҷассум ёфт.
Муфассал ...

ХОКСОРИРО АЗ Ӯ БОЯД ОМӮХТ (бахшида ба 80-умин соли таваллуди профессор Парвонахон Ҷамшедов)

Хоксорӣ аз хислатҳои инсонист, ки хеле сода, одӣ ва оммафаҳм ба назар мерасад. Ба сухане дигар, тамоми инсонҳо мафҳум ва мазмуни хосокориро медонанд ва агар саволе аз он ба миён ояд, метавонанд соатҳо дар борааш нақл кунанд ва саҳифаҳои зиёдеро дар хусуси он сиёҳу с гардонанд. Аммо таассуф, ки кам касон онро дар тинату рафтор, хулқу атвор ва муносибату гуфтори худ ҷо дода метавонанд. Дар ин маврид хоксорӣ мафҳуми сода буданашро гум мекунад ва ба як хислати камназир ва на барои ҳамаи касон хос табдил меёбад. Хуш бар ҳоли онҳое, ки хоксориро дар тинати худ мепарваранд, онро дар муносибати худ ба кор мегиранд ва тавассути он дигаронро панд медиҳанд.
Ҳар гоҳ бо устод Парвонахон Ҷамшедов рӯ ба рӯ мешавам ва ё ҷое мешинам ва суҳбат мекунам, маҳз ҳамин хислати одамӣ дар андешаи ман пайдо мегардад ва чарх мезанад. Ҳар боре бо он кас буданам ба худ қавл медиҳам, ки минбаъд чунин хоҳам буд, вале њайҳот, ман чунин натвонам; чунин будан танҳо хоси Парвонахон аст! Хоксорӣ анису мӯнис, ёру ҳамқарини ӯст. Бовуҷуди ҳамаи он хизматҳое, ки барои маорифу илми миллати мо анҷом додаст, новобаста аз ҳамаи он осори илмиву тадқиқотие, ки фароҳам овардаст ва ба он нигоҳ накарда, ки даҳҳо олимони баркамолро ба воя расондаст, хоксориашон тағйир нахӯрдааст. Аз ин мард моро зиёд омӯхтан бояд.
Парвонахон Ҷамшедов аз зумраи он фарзандони миллат аст, ки илми тоҷикро берун аз ҳудуди Ватан таблиғ ва муаррифӣ менамоянд. Ӯ, ки мутахассии дараҷаи олиии забони англисӣ аст, ҳанӯз аз даврони донишҷӯиаш ба тарҷума ва муаррифии мустақими илму фарҳанги тоҷик барои миллатҳои гуногун тавассути конфронсҳою ҳамоишҳо пардохта буд. Маълум аст, ки дар даврони Шӯравӣ ҳудуди истифодабарии забонҳои хориҷӣ, мисли анлисиву олмонӣ, дар доираи макотиби миёна ва баъзе аз факултаҳои тахассусии донишгоҳҳои олӣ муайян шуда буду халос, зеро забони русӣ вазифаи ҳамаи онҳоро иҷро менамуд ва ҳоҷату талабот ба тақвият ва тавсеъаи онҳо набуд. Аммо барои онҳое, ки забони хориҷиро чун муҳимтарин воситаи кашфи илм ва интиқоли тамаддуни миллӣ дарк карда буданд, чунин муҳит танг буд ва онҳо бо ҳар роҳ дониши хешро сайқал медоданд. Аз ин ҷост, ки доираи фаъолияти Парвонахон Ҷамшедов,
аз таълими шогирдон дида, васеътар гардид. Акнун тадқиқот, тарҷума, муколама, эҷод, таҳлил ва таҳқиқ ҷузъи фаъолияти ҳаррӯзаи ӯ гардиданд. Мавсуф 56-соли умри 80 солаашро пурра ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии бахшидааст ва дар тӯли умраш дар хизмати илму маорифи Тоҷик аст. Новобаста аз пастиву баландиҳои ҳаёт фаъолияти серҷабҳ тарбиявии ин устод ифтихори ӯ, ифтихори мо ва ифтихори илми миллӣ мебошад.
Фаъолияти профессор Ҷамшедов дар тӯли ин 56-сол дар самтҳои гуногуни илму маориф сурат гирифтааст. Аз ҷумла:
 Таълим ва тарбия. Нахустин қадамҳои худро устод дар саҳни Донишкадаи педагогии ба н. Шевченко, ки худ хатмкардаи он буд, ба ҳайси омӯзгор гузоштааст. Дар он даврон на ба ҳар кас муяссар мешуд, ки дар як муддати хеле кутоҳ, камтар аз як соли фаъолият, сазовори вазифаи муовини декани факулта оид ба корҳои таълим гардад. Бояд гуфт, ки чун ин нахустин иқдомоташон дар кори бошарафи омӯзгорӣ қатъӣ буданд, касби мутазаккир ӯро дар тӯли умраш тарк накард ва боиси ифтихори натанҳо худ, балки дигарон гардонд.
 Таҳияи китобҳои дарсӣ. Басо омӯзгорони асил ва соҳибтаҷрибае гузаштаанд, ки бовуҷуди алломаи фанни хеш буданашон, дар ба ояндагон интиқол додани таҷрибаи омӯзгории хеш кӯшиш накарданд. Устод Ҷамшедов аз зумраи он омӯзгорон маҳсуб мегардад, ки маҳсули таҷрибаашонро дар шакли кутуби тадрис таҳия намудаанд, то натанҳо муосирон ва шогирдони мустақими ӯ аз илму донишашон баҳра баранд, балки наслҳои дигар низ аз он бархӯрдор бошанд. Профессор Парвонахон Ҷамшедов дар радифи нахустин муаллифони китобҳои дарсии забони англисӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳӣ қарор гирифта даҳсолаҳост, ки ҳазор-ҳазор муҳассилини ин макотиб аз китобҳои дарсии ӯ баҳра гирифта истодаанд.
 Омода намудани мутахассисон. Омода намудани мутахассисони соҳа аз тарбияву таълими шогирдон тафриқа дорад ва заҳмати дучандро талаб мекунад. Профессор Парвонахон Ҷамшедов таълими шогирдони донишгоҳро дар доираи тахассуси педагогии хеш анҷом медиҳад, вале омода намудани мутахассисони соҳа, яъне номзадон ва докторони соҳаҳои гуногуни илми забоншиносиро вазифаи худ ҳамчун як олими саршиноси соҳа медонад. Устод зиёда аз 100 нафар номзадони илм ва қариб 15 нафар докторони илмро ба воя
расонидааст, ки имрӯз ҳар яке аз онҳо дар хизмати илму фарҳанги тоҷик ба по истодаанд.
 Таҳияи луғатномаҳо. Луғатсозӣ ва қомуснигорӣ аз фарҳанги қадимаи тоҷикон ба шумор меравад ва дар тӯли таърихи худ фарзонагони ин миллат садҳо фарҳангу қомуси миллӣ ва байналмиллиро фароҳам оварданд. Парвонахон Ҷамшед ин ҳунар ва фарҳанги аҷдодиро идома дода, онро мувофиқи замони муосир ва талабот ба забономӯзии даврони илму техника пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, “Фарҳанги тоҷикӣ англисӣ, бо раҳнамои фожаҳои тоҷикӣ” (2005) ва “Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ” (2008), ки бо дасту қалами ин олим таҳия гардидаанд фарҳангҳои саримизии ҳар як олим ва ҳаводори ин ду забони ҷаҳонӣ мебошанд.
 Тадқиқоти соҳавӣ. Устод Парвонахон яке аз муҳақиқони ангуштшумор дар соҳаи омӯзиши забоншиносии муқосавии типологӣ мебошанд, ки ҳам худ дар ин самт тадқиқоти ҷолибро анҷом дода интишор намудаанд ва ҳам шогирдони сазоворро барои идомаи таҳқиқ дар ин самт омода гардонданд. Бар замми ин, устод яке аз мутахассисини шинохта дар илми эроншиносӣ маҳсуб мешавад ва дар баробари мақолаҳои бешумор дар ин самт, асари мондагоре бо унвони “Иранистика”-ро тақдими илми эроншиносӣ гардондааст.
 Тадқиқот дар худшиносӣ ва огоҳии миллӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик осон ба даст наомада буд, талаби истеҳкоми ҳаматарафаро менамуд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ва руҷуъ ба гузаштаи хеш, бардошти сабақҳо аз таърихи миллат ва ба кор гирифтани онҳо барои тақвияти ҳаррӯзаи истиқлолияти миллӣ зарурати таърихӣ буд. Масъулияти олим дар чунин даврони тақдирсоз маҳз дарёфти ҳамин сабақҳои таърих ва дар шакли зарурӣ пешниҳод намудани онҳо барои ҳаммиллатонаш маҳсуб мешуд ва бояд гуфт, ки Парвонахон Ҷамшедов дар ин иқдом низ аз олимони пешсафи даврон маҳсуб мешуд. Асарҳои ӯ “Шуғнон” (1977), “Аз Пешдодиён то Сомониён (чашмандозе ба забон, адаб ва фарҳанг)” (1999), “Аз Сомониён то ҳозир” (2001), “Боми Ҷаҳон” (ба забони аглисӣ, 2001) аз зумраи он осорест, ки сабақ аз худшиносӣ медиҳанд.
 Роҳнамоӣ ва дастгирии аҳли илм. Профессор Ҷамшедов, дар баробари узви се шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории донишгоҳҳои мамалакат буданашон, ба муҳлати тӯлонӣ Раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳои филология дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон буданд. Чунин масъулияти муҳим барояшон имконият дод, то ба таври васеъ аҳли илм, махсусан ҷавнони ба илм тозаворидро дастгирӣ намояд.
Сухан дар боби профессор Парвонахон Ҷамшедов хеле зиёд аст ва агар онро дар як ҷумла гуфтан зарур ояд он ҷумла чунин садо хоҳад дод: ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва таълиму тарбиявии устод Парвонахон Ҷамшедов намунаи ҳаёти як фарзанди қавиирода ва дилсӯзи миллату Ватан аст, ки аз он омӯхтан ва дар пайроҳаи он қадам гузоштан вазифаи насли имрӯзу фардои мост.
Вале маро аз ин бештар мактаби одамгарӣ ва инсонгароии устод мафтун месозад. На ба умри азизу пурбаракат, на ба маҳсули эҷоди мазид ва на ба теъдоди шогирдоне, ки ба камол расондааст, нигоҳ накарда, Парвонахон Ҷамшедов ҳамоно марде боҳикмат, қавиҳиммат ва хоксор боқӣ мондааст. Хоксориро аз ӯ бояд омӯхт!

Муфассал ...