wrapper

Навидҳои рӯз

ХОКСОРИРО АЗ Ӯ БОЯД ОМӮХТ (бахшида ба 80-умин соли таваллуди профессор Парвонахон Ҷамшедов)

Хоксорӣ аз хислатҳои инсонист, ки хеле сода, одӣ ва оммафаҳм ба назар мерасад. Ба сухане дигар, тамоми инсонҳо мафҳум ва мазмуни хосокориро медонанд ва агар саволе аз он ба миён ояд, метавонанд соатҳо дар борааш нақл кунанд ва саҳифаҳои зиёдеро дар хусуси он сиёҳу с гардонанд. Аммо таассуф, ки кам касон онро дар тинату рафтор, хулқу атвор ва муносибату гуфтори худ ҷо дода метавонанд. Дар ин маврид хоксорӣ мафҳуми сода буданашро гум мекунад ва ба як хислати камназир ва на барои ҳамаи касон хос табдил меёбад. Хуш бар ҳоли онҳое, ки хоксориро дар тинати худ мепарваранд, онро дар муносибати худ ба кор мегиранд ва тавассути он дигаронро панд медиҳанд.
Ҳар гоҳ бо устод Парвонахон Ҷамшедов рӯ ба рӯ мешавам ва ё ҷое мешинам ва суҳбат мекунам, маҳз ҳамин хислати одамӣ дар андешаи ман пайдо мегардад ва чарх мезанад. Ҳар боре бо он кас буданам ба худ қавл медиҳам, ки минбаъд чунин хоҳам буд, вале њайҳот, ман чунин натвонам; чунин будан танҳо хоси Парвонахон аст! Хоксорӣ анису мӯнис, ёру ҳамқарини ӯст. Бовуҷуди ҳамаи он хизматҳое, ки барои маорифу илми миллати мо анҷом додаст, новобаста аз ҳамаи он осори илмиву тадқиқотие, ки фароҳам овардаст ва ба он нигоҳ накарда, ки даҳҳо олимони баркамолро ба воя расондаст, хоксориашон тағйир нахӯрдааст. Аз ин мард моро зиёд омӯхтан бояд.
Парвонахон Ҷамшедов аз зумраи он фарзандони миллат аст, ки илми тоҷикро берун аз ҳудуди Ватан таблиғ ва муаррифӣ менамоянд. Ӯ, ки мутахассии дараҷаи олиии забони англисӣ аст, ҳанӯз аз даврони донишҷӯиаш ба тарҷума ва муаррифии мустақими илму фарҳанги тоҷик барои миллатҳои гуногун тавассути конфронсҳою ҳамоишҳо пардохта буд. Маълум аст, ки дар даврони Шӯравӣ ҳудуди истифодабарии забонҳои хориҷӣ, мисли анлисиву олмонӣ, дар доираи макотиби миёна ва баъзе аз факултаҳои тахассусии донишгоҳҳои олӣ муайян шуда буду халос, зеро забони русӣ вазифаи ҳамаи онҳоро иҷро менамуд ва ҳоҷату талабот ба тақвият ва тавсеъаи онҳо набуд. Аммо барои онҳое, ки забони хориҷиро чун муҳимтарин воситаи кашфи илм ва интиқоли тамаддуни миллӣ дарк карда буданд, чунин муҳит танг буд ва онҳо бо ҳар роҳ дониши хешро сайқал медоданд. Аз ин ҷост, ки доираи фаъолияти Парвонахон Ҷамшедов,
аз таълими шогирдон дида, васеътар гардид. Акнун тадқиқот, тарҷума, муколама, эҷод, таҳлил ва таҳқиқ ҷузъи фаъолияти ҳаррӯзаи ӯ гардиданд. Мавсуф 56-соли умри 80 солаашро пурра ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии бахшидааст ва дар тӯли умраш дар хизмати илму маорифи Тоҷик аст. Новобаста аз пастиву баландиҳои ҳаёт фаъолияти серҷабҳ тарбиявии ин устод ифтихори ӯ, ифтихори мо ва ифтихори илми миллӣ мебошад.
Фаъолияти профессор Ҷамшедов дар тӯли ин 56-сол дар самтҳои гуногуни илму маориф сурат гирифтааст. Аз ҷумла:
 Таълим ва тарбия. Нахустин қадамҳои худро устод дар саҳни Донишкадаи педагогии ба н. Шевченко, ки худ хатмкардаи он буд, ба ҳайси омӯзгор гузоштааст. Дар он даврон на ба ҳар кас муяссар мешуд, ки дар як муддати хеле кутоҳ, камтар аз як соли фаъолият, сазовори вазифаи муовини декани факулта оид ба корҳои таълим гардад. Бояд гуфт, ки чун ин нахустин иқдомоташон дар кори бошарафи омӯзгорӣ қатъӣ буданд, касби мутазаккир ӯро дар тӯли умраш тарк накард ва боиси ифтихори натанҳо худ, балки дигарон гардонд.
 Таҳияи китобҳои дарсӣ. Басо омӯзгорони асил ва соҳибтаҷрибае гузаштаанд, ки бовуҷуди алломаи фанни хеш буданашон, дар ба ояндагон интиқол додани таҷрибаи омӯзгории хеш кӯшиш накарданд. Устод Ҷамшедов аз зумраи он омӯзгорон маҳсуб мегардад, ки маҳсули таҷрибаашонро дар шакли кутуби тадрис таҳия намудаанд, то натанҳо муосирон ва шогирдони мустақими ӯ аз илму донишашон баҳра баранд, балки наслҳои дигар низ аз он бархӯрдор бошанд. Профессор Парвонахон Ҷамшедов дар радифи нахустин муаллифони китобҳои дарсии забони англисӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳӣ қарор гирифта даҳсолаҳост, ки ҳазор-ҳазор муҳассилини ин макотиб аз китобҳои дарсии ӯ баҳра гирифта истодаанд.
 Омода намудани мутахассисон. Омода намудани мутахассисони соҳа аз тарбияву таълими шогирдон тафриқа дорад ва заҳмати дучандро талаб мекунад. Профессор Парвонахон Ҷамшедов таълими шогирдони донишгоҳро дар доираи тахассуси педагогии хеш анҷом медиҳад, вале омода намудани мутахассисони соҳа, яъне номзадон ва докторони соҳаҳои гуногуни илми забоншиносиро вазифаи худ ҳамчун як олими саршиноси соҳа медонад. Устод зиёда аз 100 нафар номзадони илм ва қариб 15 нафар докторони илмро ба воя
расонидааст, ки имрӯз ҳар яке аз онҳо дар хизмати илму фарҳанги тоҷик ба по истодаанд.
 Таҳияи луғатномаҳо. Луғатсозӣ ва қомуснигорӣ аз фарҳанги қадимаи тоҷикон ба шумор меравад ва дар тӯли таърихи худ фарзонагони ин миллат садҳо фарҳангу қомуси миллӣ ва байналмиллиро фароҳам оварданд. Парвонахон Ҷамшед ин ҳунар ва фарҳанги аҷдодиро идома дода, онро мувофиқи замони муосир ва талабот ба забономӯзии даврони илму техника пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, “Фарҳанги тоҷикӣ англисӣ, бо раҳнамои фожаҳои тоҷикӣ” (2005) ва “Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ” (2008), ки бо дасту қалами ин олим таҳия гардидаанд фарҳангҳои саримизии ҳар як олим ва ҳаводори ин ду забони ҷаҳонӣ мебошанд.
 Тадқиқоти соҳавӣ. Устод Парвонахон яке аз муҳақиқони ангуштшумор дар соҳаи омӯзиши забоншиносии муқосавии типологӣ мебошанд, ки ҳам худ дар ин самт тадқиқоти ҷолибро анҷом дода интишор намудаанд ва ҳам шогирдони сазоворро барои идомаи таҳқиқ дар ин самт омода гардонданд. Бар замми ин, устод яке аз мутахассисини шинохта дар илми эроншиносӣ маҳсуб мешавад ва дар баробари мақолаҳои бешумор дар ин самт, асари мондагоре бо унвони “Иранистика”-ро тақдими илми эроншиносӣ гардондааст.
 Тадқиқот дар худшиносӣ ва огоҳии миллӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик осон ба даст наомада буд, талаби истеҳкоми ҳаматарафаро менамуд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ва руҷуъ ба гузаштаи хеш, бардошти сабақҳо аз таърихи миллат ва ба кор гирифтани онҳо барои тақвияти ҳаррӯзаи истиқлолияти миллӣ зарурати таърихӣ буд. Масъулияти олим дар чунин даврони тақдирсоз маҳз дарёфти ҳамин сабақҳои таърих ва дар шакли зарурӣ пешниҳод намудани онҳо барои ҳаммиллатонаш маҳсуб мешуд ва бояд гуфт, ки Парвонахон Ҷамшедов дар ин иқдом низ аз олимони пешсафи даврон маҳсуб мешуд. Асарҳои ӯ “Шуғнон” (1977), “Аз Пешдодиён то Сомониён (чашмандозе ба забон, адаб ва фарҳанг)” (1999), “Аз Сомониён то ҳозир” (2001), “Боми Ҷаҳон” (ба забони аглисӣ, 2001) аз зумраи он осорест, ки сабақ аз худшиносӣ медиҳанд.
 Роҳнамоӣ ва дастгирии аҳли илм. Профессор Ҷамшедов, дар баробари узви се шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории донишгоҳҳои мамалакат буданашон, ба муҳлати тӯлонӣ Раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳои филология дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон буданд. Чунин масъулияти муҳим барояшон имконият дод, то ба таври васеъ аҳли илм, махсусан ҷавнони ба илм тозаворидро дастгирӣ намояд.
Сухан дар боби профессор Парвонахон Ҷамшедов хеле зиёд аст ва агар онро дар як ҷумла гуфтан зарур ояд он ҷумла чунин садо хоҳад дод: ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва таълиму тарбиявии устод Парвонахон Ҷамшедов намунаи ҳаёти як фарзанди қавиирода ва дилсӯзи миллату Ватан аст, ки аз он омӯхтан ва дар пайроҳаи он қадам гузоштан вазифаи насли имрӯзу фардои мост.
Вале маро аз ин бештар мактаби одамгарӣ ва инсонгароии устод мафтун месозад. На ба умри азизу пурбаракат, на ба маҳсули эҷоди мазид ва на ба теъдоди шогирдоне, ки ба камол расондааст, нигоҳ накарда, Парвонахон Ҷамшедов ҳамоно марде боҳикмат, қавиҳиммат ва хоксор боқӣ мондааст. Хоксориро аз ӯ бояд омӯхт!

Муфассал ...

Дифои рисолаи докторӣ аз рӯи ихтисоси 5.9.6. - Забонҳои халқиятҳои мамолики ҷаҳон (забонҳои помирӣ) дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ

Дар санаи 18 марти соли 2023 дар толори Институти илмҳои  гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дувумин дифои рисолаи илмӣ - рисолаи доктории Матробиён Саодатшо Қосимзода дар мавзуи “Этнолингвистическое исследование языковой картины мира таджиков” бо муваффақият гузашт. Дар замони муҳосир тадқиқотҳо дар соҳаи этнолингвистика хазинаи илмҳои лингвистиро бо маводи нави забонӣ ғанӣ гардонида, заминаро барои таҳлилҳову кашфиёти баъдина муҳайё карда истодаанд. Корҳои илмии дар ҷодаи этнолингвистика, бешубҳа, ба ҳайси асос барои пажуҳиши тарафҳои мухталифи забоншиносии тоҷик хеле муҳим буда, дар натиҷа мо шоҳиди ба вуҷуд омадани корҳои пурарзиши фундаменталӣ гашта истодаем, ки кори илмии Матробиён Саодатшо Қосимзодаро метавон аз зумраи чунин корҳои илмӣ номид.

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷодаи омода намудани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ дар самтҳои забонҳои бадахшонӣ (помирӣ), адабиёт ва фолклори Бадахшон, таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Бадахшон, эқтисодиёти Бадахшон дар  сатҳи магистратура ва докторантура (РhD) омода намуда, феълан бо ифтитоҳ гардидани Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои 5.9.6. - Забонҳои халқиятҳои мамолики ҷаҳон (забонҳои помирӣ) ва 5.9.2 - Адабиёти ҷаҳон дифои рисолаҳои номзадӣ ва докториро гузаронида истодааст, ки низ саҳми арзандае дар омода намудани кадрҳои босифат барои вилоят ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Муфассал ...

Мактуби иттилоотӣ

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз ва 90-умин солгари наврӯзшиноси маъруфи тоҷик, доктори имли таърих, профессор И.Муҳиддинов санаи 18-03-2023 дар толори ИИГ конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони "Наврӯзшиносӣ: таърих ва фалсафаи Наврӯз" баргузор намояд. Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳою гузоришҳои илмии худро марбут ба "Таърих ва фалсафаи Наврӯз", "Нарӯзшиносӣ", "Ҳаёт ва фаъолияти И.Муҳиддинов", "Саҳми И.Муҳиддинов дар омӯзиши Наврӯз"  ба суроға ИИГ ирсол намоянд.    

 

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. 

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

акс аз: https://www.hgu.tj/news/media/item/207.html 

Муфассал ...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН” - ҚОНУНЕ, КИ МУТОБИҚ БА АРЗИШҲОИ ДЕМОКРАТИСТ.

 

      Имрӯзҳо  дар шабакаҳои  иҷтимоӣ  суханони дур аз ҳақиқату  бепоя   дар  бораи   татбиқи Қонуни  ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” дар р мешаванд ва гӯё Ҳукумат  ин қонунро ба  василаи маҳви забонҳои помирӣ   табдил додааст. Ҳар як шахси  аз давлату давлатдорӣ огоҳ  ба ин ҳақиқат қоил аст, ки дар тамоми давлатҳои демократитарини  дунё   забони расмию давлатист, ки дар умури сиёсию давлатӣ ва коргузорӣ мавриди истифода қарор мегирад.Сиёсат дар соҳаи забон ҷузъи сисати дохилии давлат буда, амалкарди забонҳоро  дар қаламрави ин ё  он  мамлакат танзим  менамояд. Забони расмию давлатӣ  ҷузъи унсури фаъолияти сиёсати давлат ба ҳисоб  меравад ва он нуфузу бартарии худро вобаста ба шароити айнӣ( объективӣ) дорад. Дар ин қонун  дар баробари забони давлатӣ ба тамоми забонҳои сокинони Тоҷикистон ҳуқуқи баробар дода шудааст, ки ба манфиати тамоми сокинони мамлакат созгор аст. Ба ғайр аз забони давлатӣ барои амалкарди  забонҳои дигар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва  махсусан, забонҳои хурди бумии Тоҷикистон (забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ) низ аз доираи қонуни мазкур  берун намондаанд.

   Дар дунёи имрӯза  зиёда аз 5000 забони хурду бузург   густариш ёфтаанд. Аз рӯйи  мақоми иҷтимоӣ ва   иттилоърасонӣ (коммуникативӣ) забонҳои   дунё яксон нестанд ва ба забонҳои байналмилалӣ, расмӣ, давлатӣ,  минтақавӣ ва маҳаллӣ   ҷудо мешаванд. Бояд ёдовар  шуд, ки густариши забонҳо ва корбурди онҳо низ яксон нест.   Дар ҷаҳон зиёда аз 5000 забон  густариш ёфтааст, вале  90 фоизи  аҳолии дунё  ба 25  забони умда такаллум  мекунад.  Зиёда  аз 5000 забони  мавҷуд дар ҷаҳон  танҳо 600 – 650 забон  соҳиби хат   мебошанд. Зарурат  ба омӯзишу аз худ намудани забон аз мақоми коммуникативӣ ва  иҷтимоии забон вобастагии зич дорад. Забоне, ки ба он иттилооти  зиёди техникию фановарӣ бошад, зарурат ба омӯзишу азхудкунии он зиёдтар  аст. Имрӯз дар Тоҷикистон  тавҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳое,ки мақоми байналмилалӣ доранд, мисли забони русӣ ва англисӣ дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ меёбад.

       Дар баробари  ин ҳифзи забонҳо  аз ҷумлаи масоили   муҳимми байналмилалист, ки чун падидаи  фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ мегардад. Созмони байналмилаии ЮНЕСКО  феҳристи забонҳои осебпазирро таҳия  менамояд ва манзури аҳли ҷомеа  ва давлатҳо мегардонад. Аз ин  ҷиҳат забоҳои помирӣ низ дар канор  нестанд. Бесабаб нест, ки дар доираи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ таъсис ёфтааст, ки  вазифаи  асоси  он таҳқиқу  омӯзиши забонҳои помирӣ ва мероси фарҳангии ба ин забонҳо офаридашуда  мебошад.

            Ёдоварӣ  намудан ба маврид аст,  ки забонҳои помирӣ дар муоширати байниҳадигарӣ  мавриди истифода қарор мегиранд, ки инро манъ накардаанд. Навиштани ашъор бо забонҳои помириро манъ накардаанд. Чандин маҷмуи ашъори   шоирони зиндаёд Лидуш Ҳабиб ва Сардор Раҳдор ва дигарон нашр шудаанд, ки дастраси ҳаводорони назм гардидаанд. Барои эҷодкорони  маҳаллӣ ягон монеае  вуҷуд надорад. Сурудҳо ба забонҳои помирӣ  аз забони овозхонони маъруфи Тоҷикистон Нобовар Чиноров, Мадина Ақназарова, М. Хаёлбек ва дигарон тариқи шабакаҳои марказии телевизионӣ  пайваста  пахш  мегарданд.  Нашри рӯзномаву  маҷалларо низ қонун манъ  накардааст.

  Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳоест, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон    ҳавзаи васеи фарҳангиро фаро гирифта  буд.  То омадани англисҳо ба Ҳинд  забони тоҷикӣ дар ин кишвар забони дарбори прдшоҳон, мактабу  мадраса ва доираҳои адабӣ буд. Дар Аморати Бухоро, ҳарчанд ҳокимон  аз ақвоми туркзабон буданд, вале забони кории  аморат забони тоҷикӣ буд.   Ҳамҷунин дар минтақаи Помир  (Кӯҳистони Бадахшон) забони  тоҷикӣ аз даврони гузашта  то оғози даврони Ҳокимияти  Шуравӣ – забони таълими мазҳабӣ, забони илму  адаб ва забони кории дарбори   ҳокимони маҳаллӣ ва инчунин забони муоширати байналқавмӣ  маҳсуб меёфт, ки дар ин бора садҳо маъхазҳои хаттии  то замони мо расида  шаҳодат медиҳанд.

        Ҳанӯз соли 1904 котиби намояндагии сиёсии Русия дар аморати Бухоро А. Черкасов  дар ҳисобот  оид ба сафар ба бекигариҳои Помир вазъи  забонии  минтиқаро тасвир намуда, навишта буд:   

            «Масъалае ки ба забонҳо иртибот мегирад, метавонад дар оянда мавзӯи баҳси тадқиқоти алоҳида қарор гирад. Ҳоло метавон гуфт, ки дар бекигариҳои камнуфуси Помир  3 забони аз ҳамдигар  фарқкунанда вуҷуд доранд: забони шуғнонӣ дар Рушону Шуғнон, ишкошимӣ ва вахонӣ (забони язгуломи ном бурда нашудааст-ОН).

         Ба сифати забони умумӣ ( забони модарӣ барои аҳолии Ғорон) лаҳҷаи бадахшонии забони форсӣ хизмат мекунад, ки онро аз даҳ нӯҳ ҳиссаи аҳолии бекигарӣ ба шумули  навҷавонон ва занон медонанд. Ин забон инчунин барои мукотиба  хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуғнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд»

    Дар  ҳақиқат забони тоҷикӣ (форсӣ) дар гузашта на танҳо дар умури илму адаб   дар ин минтақа ба кор  бурда  мешуд, балки воситаи густариши арзишҳои динию мазҳабӣ   низ ба шумор мерафт. Арзишҳои маънавии  дини мубини ислом маҳз тавассути забони тоҷикӣ ба ин диёр густариш ёфтаанд.

         Забони тоҷикӣ  дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ба дараҷаи баланди  сифатан нав – чун забони таълим,  фарҳанг, матбуот  табдил ёфт, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин диёри  кӯҳистон нақши бузурге  гузоштааст.

        Шахсияти маъруф, дорандаи  Ҷоизаи Давлатии  СССР, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар  навишта  буданд: « Халқ  забонро ифтихори миллии  худ  медонанд.  Дар солҳои сиюм булҳавасоне  алифбои  шуғнониро  ихтироъ карданд. Ихтироъгарон  мағрурона  мегуфтанд, ки дар  осмон ҳар қадар ситора зиёдтар бошад, вай  ҳамон қадар  зеботар  менамояд. Дар  давоми  панҷ – шаш сол ба ин забон  китобҳои  дарсӣ  мебароварданд, китобҳои сиёсию  бадеӣ  тарҷима  мекарданд ва ба нашр  мерасонданд.Барои  ин кор меҳнати  зиёди одамон ва  миллионҳо сум  сарф  шуд, вале маълум  гашт, ки  китобҳои ба забон шуғнонӣ  нашршуда  дар анборҳои  мактабу  маориф  хобидаанд. Талабагон  аз рӯи  китобҳои  тоҷикӣ  дарс  мехонданд. Кор ба ҷое  расид, ки одамон махфӣ   ба Душанбе  омада,   китобҳои  дарсӣ  харида  ба Шуғнон мебаранд. Вақте ки Раиси Президиуми Совети  Олии РСС Тоҷикистон М.Шоҳгадоев  ба Шуғнон рафта, сабабро фаҳмиданӣ шудааст,  аҳолӣ  бо як овоз  гуфтааст, ки  мо тоҷик будему  ҳастем ва барои мо забону миллати нав ихтироъ кардан лозим нест. Ба мунаҷҷимон  гӯед, ки дар шаб зебоии осмон  аз бисёрии ситораҳост, лекин барои  ин зебоӣ шуда. ситораи  калони  тоҷикро ба  ситорапораҳо табдил додан ҷиноят аст»

     Ин суханони устод имрӯз ҳам  арзиши  маънавии худро аз даст надодаанд   ва ба афкори умумии ҷомеа   то андозае  созгор мебошанд.

      Дар даврони Истиқлол масъалаи  забонҳо  ба эътибор гирифта шуда, мавзуи омӯзиш, хифз ва инкишофи забонхои помирӣ чандин  маротиба дар суханронихои Асосгузори  сулҳу ваҳдат-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон матрах гардида, мустақилят ва ҳувияти забонхо дар Тоҷикистон ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, мақоми  ҳуқуқии забонҳо дар асоси қонун таъин гардид.

     Дар моддаи чоруми қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.  Давлат  дар манотиқи густариши забонҳои помирӣ барои мардум шароити  мусоиди зиндагиро фароҳам меорад. Дар ВМБК солҳои охир даҳҳо иншооти  иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд мегарданд. Роҳҳо обод мегарданд, неругоҳҳои обии барқӣ сохта  мешаванд.Забонҳои маҳаллӣ дар минтақаи густариши худ озоданд, дар маъракаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ  озодона  истифода бурда  мешаванд. Таҳқиқоти илмӣ оид ба забон ва адабиёти ба ин забонҳо эҷодшуда,  таъриху этнографияи  мардум, фалсафа ва фарҳанги мардумӣ, мушкилоти иҷтисодию иҷтимоии Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи давлат  маблағгузорӣ мешавад. Аз  тарафи дигар, сиёсати табъизомезу  таҳқиромези ба истилоҳ “резерватсия”- ро, ки дар Амрико нисбат ба аҳолии таҳҷоӣ  раво диданд, чи давлати вақти Шуравӣ ва чи давлати Тоҷикистон нисбат ба соҳибони камшумори забонҳои помирӣ раво намебинанд.

     Масъалаи дигаре, ки то ба имрӯз  қишри умдаи  ҷомеа  онро  қабул  намекунад,  корбурди  забонҳои  маҳаллӣ дар соҳаи  маориф мебошад. Дар соҳаи илм  мактаби  илмии забонҳои помирӣ  рушд намуда, имрӯз ба сифати як бахши эроншиносӣ  дар ҳоли  рушду нумуъ  аст. Дар замони Шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон омӯзиши  илмии забонҳои  помирӣ  аз ҷониби давлат  дастгирӣ  меёбад, мутахассисони  соҳибунвоне  дар ин соҳаи  илми  забоншиносӣ ба  камол  расидаанд ва садҳо  китобу  рисолаҳо  ба  табъ  расидааанд. Сабти   маводи  фольклорӣ   ва ривоятии  забонҳои  помирӣ,  нашри китобҳои илмӣ, луғатномаҳо умри забонҳоро   дароз  хоҳад  кард. Ташкил  ва танзими   фонд, фаъолияти  муассисаи   махсуси  илмӣ  ба равандҳои инкишофи  забонҳо  мусоидат  мекунад.

      Дар баробари  ин  татбиқи забонҳо дар соҳаи  маориф то ҳол чун мушкили баҳснок  боқӣ мемонад. Вақте ки  солҳои бозсозӣ  дар фазои ошкорбаён  мушкилоти мазкур рӯи об  баромад., мақомоти ҳизбию ҳукуматии  он давра мавқеи худро  оид  ба масоили зикршуда тавассути  нашри Мактуби кушоди собиқадорони ВМБК  баён намуданд,  ки ҳақиқати  воқеиро  инъкос  карда, имрӯз ҳам мубрамии худро нигоҳ медорад.

        Таълим  ба забони   тоҷикӣ     бартарияти  худро   дар рушди  фарҳангу  маданияти  мардуми  Кӯҳистони  Бадахшон   собит  намуд. Аз  байни мардуми Шуғнон ва навоҳии дигари Кӯҳистони  Бадахшон  даҳҳо чеҳраҳои намоёни илму   фарҳанги тоҷик  ба камол расиданд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди  Шӯравӣ  низ маъруфият пайдо карда  буданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз рӯйи  теъдоди  ашхоси маълумоти олидор ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ  дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  дар мақоми аввал буд.

      Баҳсҳо дар атрофи мафҳуми забони  модарӣ  гуногунанд. Бархе  аз донишмандон  мавҷудияти ду  забони модариро дар  шароити  дузабонӣ  ва   бисёрзабонӣ инкор намекунанд. Ба он забоне, ки шахс дониш  мегирад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад, он ҳам забони  модарист.            Интихоби забони таълим  барои фарзандон  аз ҷониби   волидайн  як амри худихтиёрист.  Метавон  гуфт, ки д  аксари мардум  забони таълимро  забони  тоҷикӣ  интихоб  намудаанд. Имрӯз вобаста  ба шароити мавҷуда шаҳрвандон  ҷиҳати   ҳосил намудани дониш ва ташаккули  ҷаҳонбинӣ забонеро    интихоб менамоянд, ки мақоми иҷтимоии  он  васеътар буда, мувофиқ ба тақозои  ҷомеаи   имрӯза бошад ва ба фаъолияту зиндагии ояндаи  насли  ҷавон таъсири мусбат расонида  тавонад.

 

 

Назрӣ Офаридаев – доктори илмҳои филология, профессор,

сарходими  шуъбаи забонҳои помирии  Институти  илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

   

 

Муфассал ...