wrapper

Навидҳои рӯз

Дар Иститути илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 80-солагии шоир Султон Шоҳзода ҳамоиш баргузор гардид

18.04. 2023 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. ҳамоиши илмӣ бахшида ба 80-солагии шоир Султон Шоҳзода баргузор гардид. Дар ҳамоиш маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёт Ғаёсов А. бо маърузаи “Зиндагиномаи шоир Султон Шоҳзода”, номзади илмҳои таърих Аламшоев Қ. «Ёддоштҳо аз рўзгори Султон Шоҳзода», ходими илмии шуъбаи таърих Азорабекова Ш. бо маърузаи «Инъикоси масоили мардумнигорӣ ва таърихӣ дар шеъри Султон Шоҳзода” суханронӣ намуданд. Ҳамоиш бо баҳсу мунозираҳои илмӣ ва пешниҳодҳо ҷамъбаст гардид.

Муфассал ...

Дар ВМКБ фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид

13-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ фестивал таҳти унвони «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар фестивал аз ноҳияҳои ВМКБ бонувону ҷавондухтарон бо дастовардҳои хеш дар соҳаи ҳунармандӣ ширкат намуданд.

Чакан як намуди ҳунари волои мардумӣ ба ҳисоб рафта, таърихи хеле қадима дорад, ки ба ҳаёт, урфу одат ва ҷаҳони маънавии миллати тоҷик, минҷумла тоҷикони Бадахшон алоқамандии зич дорад. Чакан дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ гулдӯзӣ карда мешавад, ки дар байни тамоми занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.

Агар ба таърихи ривоҷу равнақи ҳунари чакандӯзӣ дар Бадахшон назар андозем, тибқи маълумоти илмии мардумшиносон ва фолклоршиносон асосан миёни бонувони ноҳияи Дарвоз ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим маъмул будааст. Дар ин бора муаррих А. А. Бобринской маълумоти пурарзиши илмӣ матраҳ намудааст (Нақшу нигори тоҷикони Дарвоз. 1900).

Дар чакандӯзӣ рангҳои гуногуни табиӣ истифода бурда мешуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳунари гулдӯзи дар тамоми Бадахшон низ ривоҷ ёфта буд, вале бо интихоби ранг, тарзи дӯхт, истифодабарӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд, ки баъзан ин тафовутҳо ҳатто дар байни деҳаҳои ҷудогона низ ба назар мерасанд. Нақшу нигори ҳунари гулдӯзӣ асосан табиатро инъикос мекард. Ин нақшу нигораҳо бо номҳои ислимӣ, зооморфӣ, кайҳонӣ, геометрӣ ё гиреҳ вуҷуд доранд. То кунун дар ҳунарҳои мухталиф аз қабила ҷӯроб, шерозаи тоқӣ, куртаҳои занона ва мардона, шерозаи поҷома, миёнбанд, намад, сӯзанидӯзӣ, курпаву болишт, рӯпӯши рахти хоб корбурд мегарданд. Нақшу нигорҳои мавҷудбуда ифодагари ин ё он унсурҳои табиат буда, баёнгари тасаввурот, эътиқод ва боварҳои мардумӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан тасвири офтоб дар сӯзаниҳо, тасвири аловгул, партовус, мавҷи об, гардуна дар ҷӯробҳо рамзи рӯшноӣ ва гармӣ, гуногунрангӣ, гардиши солу моҳ ва ғайра дониста мешаванд. Ҳамин тавр ҳар як нақш вижагии хоси худро дошта, пайванди ногусастании инсон ва табиатро аз замони пеш то имрӯз ифода мекунанд.

         Дар замони ҷаҳонишавӣ баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле ба маврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз тарафи дигар таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд. Инчунин бори дигар ҳунари мардумӣ муаррифӣ гардида, арзишҳои фарҳангӣ пос дошта мешаванд ва барои пойдории онҳо заминаи устувор хоҳад гузошт.

Н. Қурбонхонова номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёт, Азорабекова Ш. ходими калони илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 

акс аз: https://your.tj/chakan-kak-prizvanie-istorija-toj-kto-hranit-tradicii/

Муфассал ...

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров семенари илмӣ баргузор гардид

Тибқи нақша-чорабиниҳои Институти илмҳои гумантитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ дар таърихи 11.04.23 семинари илмӣ дар мавзуи «Методологияи тадқитоти лингвистӣ» баргузор гардид. Мавзуи семинарро сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламшоев М. М. баррасӣ карда, моҳияту зарурияти гузаронидани тадқиқотро барои муҳаққиқони ҷавон фаҳмонда дод. Мавсуф нишон дод, ки дар тадқиқоти лингвистӣ методҳои мухталиф мавҷуданд, вале истифода ва интихоби онҳо дар корҳои илмӣ ба муҳаққиқ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ вижагии ҳар як методи тадқиқотиро донистан зарур аст ва дар кори илмӣ ҷой додани онҳо эҳтиёткориро тақозо менамояд. Семинари илмӣ бо баҳсу мунозира анҷом пазируфт.

Муфассал ...

СОАТИ НЕКУ ДАМИ ХАЙРУ САХО АСТ НАВРУЗ

 
Наврӯз ҷашни бостонии мардуми куҳанасл ва куҳанбунёди мо- тоҷикон аст, ки реша дар умқи таърих давонда, орзу ва ормони ниёгони моро бо анҷом додани фароиз, расму оин ва суннатҳо мунъакис карда истодааст. Он як туҳфаи баҳорона аст, ки ривоят ва таърихи мухталифе дар атрофи будани худ офаридааст, ки ёдовар аз фарҳанги мо мекунад.
Навруз ҷашни оғози фарвардин ё фурудагон аст, ки ёодоварӣ аз аҷдод ва ниёгони мо буд, ки гузаштагони мо чунин фикр мекарданд, ки дар панҷ шаб руҳи поки гузаштагон ба хотири шароити зиндагии зиндагон фуруд меоянд ва машғули тамошои ҷашнгирии ин ид мегарданд.
Мардуми со, ки асли хешро ба ориёиҳо мепайванданданд, таърихан ду фасл-гармо ва сарморо ба солшумории хеш изофа карда, тибқи онҳо зиндагиашонро пеш мебурданд. Пас аз муддате тобистон дорои ҳафт моҳ ва зимистон дори панҷ моҳ шуд. Ин ид дар даврони пешин шаш рӯз пай дар ҳам давом дошт ва зимни баргузории он сардорони хонавода новобаста аз бизоати хеш барои ниёзмандон саховат мекарданд. Афву бахшиш, гузаштан аз хатои якдигар, гирифтани аҳволи дармондагон ва фақирон дар рӯзи наврӯз ҳам суннат ва фарзи як иди мардумӣ маҳсуб меёфт.
Таърих гувоҳ аст, ки дар баъзе аз ҳукмронӣ ва салтанату роҳбарии сарони мамлакатҳо идҳо ва ҷашнҳо, новобаста аз характери бууд ва мавҷудашон гум мешаванд, ё тарзи таҷлилашонро иваз менамоянд.
Навруз аз ҷумлаи чунин идҳо аст, ки дар бистари фарҳангҳои мухталиф вусъат ёфта, домани хешро густурда намуда, бо вусъат додани алоумандони хеш то ба имрӯз омада расидааст.
Мо – мардуми тоҷик, ки нухбагони мардуми ориёӣ ҳастем ва бо ифтихори бузург ба расму русуми хеш арҷ мегузорем, ҳамасола таҷаллои баргузории ин идро рангу ҷилваи нав мебахшем.
Имсол ҳам, чун ҳарвақта ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла сокинони Боми Ҷаҳон бо шукргузорӣ аз он ки дар фазои сулҳу субот ва оромишу якдигарфаҳмӣ наврӯзро, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ҷаҳонӣ шудааст, ҷашн мегиранд, бо намоиш додани урфу одоти мардуми мардуми мо ҷашн гирифта истодаанд. Аҳли кормандон ва ҳайати олимони АИ ИГ ба номи академик Б.Искандаров дар ҳамраъйӣ ва ҳамдастӣ бо ДДХ чорабинии илмию адабӣ ва фарҳангиро бахшида ба ҷашни Наврӯз доир намуданд, ки дар он таоми расму оин, суннат ва урфу одати мардуми мардуми минтақаи куҳии Бадахшон таҷассум ёфт.
Муфассал ...