wrapper

Навидҳои рӯз

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ намуда истодааст.

Имрӯз дар толори ИИГ ба номи Б. Искандаров хониши сиёсӣ дар мавзуи «Таассуби динӣ – таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешии ҷомеа» баргузор гардид. Доир ба мавзуи зикршуда доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирӣ Офаридаев Назрӣ баромад намуда доир ба арзишҳои сиёсии давлат дар шароити имрӯза маълумот доданд. Аз ҷумла арзишҳои динию мазҳабиро низ таҳлил намуда таъкид карданд, ки ин арзишҳо набояд дар муќобили ҳамдигар бошанд. Чорабинии хониши сиёсӣ бо саволу ҷавоб анҷом пазируфт.

Муфассал ...

ЭКСТРИМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

МАМАДШЕРЗОДШОЕВ Умед Шозодамамадович-ходими

илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии

Институти илмҳои гуманитарии АМИТ

 

ЭКСТРИМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

        Асри XXI яке аз пуртаззодтарин давраҳои таърихи инсоният ба шумор рафта, дар ин давра бар асари муборизаи шадиди давлатҳои абарқудрат дар як қатор кишварҳои ҷаҳон чунин аъмоли номатлуб ба мисли хурофотпарастӣ, экстримизм ва терроризм рӯз то рӯз авҷ гирифта ин зуҳуроти номатлуб ба соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои миллии бархе аз давлатҳо хатари ҷиддиро таҳдид мекунанд. Ин падидаҳои номатлуб имрӯз барои ҳаёти ороми башарият ва таъмини сулҳу субот миёни кишварҳоро зери хатар гузошта, ҳазорон нафар инсонҳо бар асари ин амалҳои зишт ё ҷони худро аз даст медиҳанд ё ба паси панҷара афтида, як умр маҳбус мешаванд.

Ба ин хотир барои ҳифз намудани худ аз ин зуҳуроти хатарнок  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари мулоқотҳо ва суханронҳои пурмуҳтавои худ шаҳрвандони Тоҷикистонро огоҳ мекунанд, ки фирефтаи созмонҳои экстремистӣ ва терористии исломӣ нашуда, дар чаҳорчўби сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати худ ва қонунҳои кишварашон кор ва зиндагӣ намоянд.

Тавре маълум аст, 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор гардид. Дар ин мулоқоти муҳим  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳимеро, ки баррасӣ намуда буданд, ин муборизаи беамон бурдан бо хурофотпарастӣ, исломгароӣ, экстримизм ва терроризм буданд:  

    “Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.

Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд”.

Тавре ҷомеашиносон иброз медоранд, сарчашмаи терроризм ин зуҳуроти хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва экстримизм мебошанд ва забоншиносон дар луғатномаҳо маънии ин истилоҳотро чунин шарҳ додаанд: Хурофот дар луғат ба маънии “асотир” ва “афсона” омадааст, яъне онҳо суханҳое мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ пояи илмӣ надоранд. Ифротгароӣ бошад маънои зиёдаравӣ, тундравӣ, якравӣ ва зулму ситамро ифода мекунад. Он муодили вожаи фаронсавии экстримизм мебошад. Яъне ифротгароён шахсонеанд, ки аз доираи адолат ва эътидол хориҷ мешаванд ва рафтори золимона ва ситамгаронаро аз худ нишон медиҳанд ва ба фасод рӯй оварда, инкишофи илм ва озодандеширо дар ҷомеа боз медоранд.  

Аммо, вақте ки ифротгароён ҷинояти вазнинро содир мекунанд ва даст ба куштори инсон мезананд, одамонро ба гаравгон мегиранд, иншоотҳои истеҳсолӣ ва маишиву фароғатиро метарконанд, воситаҳои нақлиётро мерабоянд ин аъмоли зиштро тероризм меноманд. Яъне амалҳои хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, исломгароӣ ва экстримистӣ сарчашмаи терроризм маҳсуб мешаванд.         

Мутахассисон намудҳои экстримизмро баррасӣ намуда,  ин зуҳуроти номатлубро ба намудҳои экстримизми динӣ, экстримизми сиёсӣ ва идеологӣ  ҷудо мекунанд. Бархе аз мутахассисон бошанд, ҳатто иброз медоранд, ки экстримизм дар соҳаи илм ва варзиш низ вуҷуд дорад.  

Аммо аз миёни намудҳои экстримизми зикршуда, хатарноктаринашон экстримизми динӣ ва экстримизми сиёсӣ мебошанд. Экстримизми динӣ ё ифротгароии динӣ он аст, ки ҳадафаш ғасб намудани як ҳокимият ва ё аз байн бурдани як мазҳаб буда, маромаш таъсис додани як ҳукумати хатарноки радикалии исломӣ мебошад. Ифротгароёни ба ном исломӣ, ба мисли аъзоёни гурӯҳи ДОИШ, Алқоида, салафия, толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрав ғайр аз иделогияи худ таълимоти дигар мазҳабҳои исломӣ аз ҷумла ҳанафӣ, исмоилӣ, шиаи исноашарӣ ва адёни ғайри исломиро намепазиранд ва онҳоро ба куфр мутаҳам мекунанд ва мехоҳанд бо роҳи зулму ситам ва хунрезӣ пайравони мазоҳиби дигарро аз байн бибаранд.

  Мазоҳиби ифротӣ ҳарчанд худро мусулмони ҳақиқӣ пиндошта бошанд, ҳам, вале ягон рафтори онҳо бо таълимоти ислом ва Қуръон мувофиқат намекунад. Зеро мувофиқи таълимоти Қуръон ноҳақ резондани хуни як бародари ҳамдини худ гуноҳи азим шумурда мешавад. Мувофиқи иршодоти оёти Қуръонӣ вақте ки Худои таъоло Одамро офариданӣ мешавад, малоикаҳо назди Худованд омада, тақозо мекунанд, ки Парвардигоро шумо чунин махлуқеро халқ накунед. Зеро ӯ дар олам хунрезӣ намуда, даст ба фасод мезанад. Вале новобасста ба ин Худованд Одамро офарид ва бо ӯ паймон бастанд, ки дар рӯи замин фасод ва хунрезӣ накунад. Дар ин бора дар ояи 84 Сураи Бақара чунин омадааст: “Ва ёд кунед, ки аз шумо паймон гирифтем, ки хуни якдигарро нарезед ва якдигарро аз хона ва кошона наронед. Он гоҳ дида ва дониста гардан ниҳодед”.

Вале бартариҷӯӣ дар дини ислом ва инкор кардани таълимоти мазоҳиби исломӣ ва адёни ғайри исломӣ хилофи таълимоти Қуръони маҷид буда, ин аъмоли зишт мусулмононро ба экстримизм, хурофот ва терроризм оварда мерасонанд. Мувофиқи таълимоти исломӣ тамоми инсонҳо чи мусулмон бошанд ва чи ғайри мусулмон дар назди Худованд барбар мебошанд. Тавре дар ояи 13 сураи Ҳуҷуроти Қуръони маҷид омадааст: “Эй мардум мо ҳамаи шуморо нахуст аз мард ва зане офаридем ва онгоҳ шуъбаҳои бисёр ва фирақи мухталиф(мазҳабҳо ва миллатҳои гуногун) гардонидем, то якдигарро бишиносед. Ҳамоно бузургвор ва боифтихортарини шумо назди Худо ботақвотарини(парҳезгортарин) шумоанд. Ҳамоно Худо комилан доно ва огоҳ аст”  

Экстримизми сиёсӣ бошад, он аст, ки дар ин ё он кишвар аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ бо усули экстримизм раҳбарони ҳукуматро айбдор намуда, мехоҳанд бо ин роҳ нуфузашонро дар миёни мардум камранг созанд ва онҳоро аз мансаб барканор созанд. Бо ин роҳ ҳадаф доранд ҳукукумати кониститусиониро барҳам зананд ва идеологияи сиёсии худро ҷорӣ намоянд.

Тавре мушоҳида мекунем  исломгароёни тундрав ва ифротӣ идеологияи хатарноки худро аз тариқи сайтҳои интернетӣ дар миёни ҷавонон паҳн мекунанд. Барои ин ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, ки ба ин дасиссаи ифротгароён дода нашаванд. Баъзан чунин ақидаҳои экстримистӣ аз ҷониби ифротгароён аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишварҳои исломӣ низ пахш мешаванд, ки ба ин барномаҳо низ набояд таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамчунин чунин ба мушоҳида расидааст, ки имомхатибҳои тундрав, ки салафӣ шуданд, ақидаҳои экстримистиро дар масоҷиди Тоҷикистон тарғиб кардаанд ва садҳо нафар ҷавононро раҳгум намуданд. Чунин воқеа дар вилояти Суғд ба мушоҳида расид ва ин имомхатибҳо дастгир шуда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Хуллас, зуҳуроти манфии хурофотпарастӣ, экстримизм (ифротгароӣ) ва терроризм дар қарни XXI  аз зуҳороти номатлуб маҳсуб шуда, оқибатҳои хеле нангин доранд ва ифротгароён метавонанд бо идеологияи зарарноки худ як мазҳабро аз байн бибаранд, ё як ҳукумати конститусиониро барҳам зананд ва ё як шахси бонуфузу баландпояро беасос сиёҳ намуда ба ҷони ӯ таҳдид намоянд. Пас барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, ки дар чаҳорчўби қонунҳои давлати конститусионии худ кор ва зиндагӣ намоянд ва фирефтаи ақидаҳои дурӯғ ва хатарноки исломгароёни хориҷӣ нагарданд.

Муфассал ...

Размышления о противостоянии светского и религиозного начала

Ризвоншоева Нуринисо – ходими илмии

шуъбаи забонҳои помирии Институти

илмҳои гуманитарии ба номи академик

Б.Искандарови АМИТ

 

 Размышления о противостоянии светского и религиозного начала

 

Анализ реалий нашей страны показывает, что за годы существования независимой Республики Таджикистан страна прошла трудный процесс формирования и институционализации всех структур государства. Трудность заключалась прежде всего в выборе структуры, затем формирования и создания институтов власти, основанных на законах и принципах демократии во всех сферах государственного управления. Необходимо отметить, что за очень короткий исторический срок все ветви государственной власти справились с этой неимоверно трудной задачей. Однако с первых дней независимости страны возникла другая проблема – противостояние светских и религиозных факторов, то есть противостояние между сторонниками светского общества и формированием исламского государства и в этом противостоянии вторая часть была уже к тому времени оснащена достаточно популярными среди народа партиями и движениями. Несмотря на определённые потери, противоборство и коллизии в Таджикистане было создано светское государство, но конфронтации существующие в начале создания независимого государства продолжаются и поныне, отражаясь в той или иной степени в реалиях страны. И на этом этапе в игру вступили различные идеологии, подпитывающие данное противостояние. Как же идеология (даже в завуалированной форме) может способствовать или подпитывать определённые проблемы в той или иной стране?

Согласно определению общественных наук идеология, особенно в современном мире, возникает не на пустом месте и не создаётся народом или этническими группами, а является интеллектуальным продуктом высококвалифицированных специалистов, учёных и политиков, а также специализированных структур. Для формирования той или иной идеологии используются выработанные десятилетиями методы, на основе которых разрабатывается целая структурно обоснованная система конкретных доказательств морального оправдания любых акций, совершённых в рамках данной идеологии. И здесь уместно будет процитировать слова Лео Штрауса – американского политического философа, родоначальника философии неоконсерватизма, который утверждал, что «современность — это секуляризованная библейская вера в возможность создания небесного рая на земле. В этом смысле она охватывает последние пятьсот лет жизни человечества. Именно в этот период возникли главные идеологии современности. Каждая из них разрабатывала проекты строительства такого «рая». К чему они привели и всё ещё приводят, — мои соотечественники знают и испытывают до сих пор на собственной, как говорится шкуре. Зато в последние 20—30 лет возник ряд концепций — феминизм, экологизм, коммунитаризм и переосмысленный анархизм, которые являются попытками вырваться за пределы иллюзий, шаблонов, и карт, порождённых главными идеологиями современности». (Главные идеологии современности. — Ростов на Дону: Феникс, 2000. — 480 с.).

Действительно история современного общества наглядно показывает, что в истории человечества все существующие идеологические -измы, будь то либерализм, консерватизм, фашизм, анархизм, хорошо знакомые старшему поколению социализм, коммунизм, как и современные феминизм, национализм, радикализм, экстремизм, терроризм и т.д. в ракурсе конкретных исторических событий достаточно серьёзно противоречат общечеловеческим моральным нормам и ценностям. Это значит, что для достижения целей определяемых той или иной идеологии хороши любые средства и никакие моральные цензы в этом случае не срабатывают и не являются препятствиями. В таком случае можно ли констатировать, что идеология равняется вседозволенности на пути конкретной цели? Если это так то, исходя из мировой практики идеологических противостояний перед нашей страной, как страной исторически находящейся в формации становления демократических основ государства (33 года независимости Республики Таджикистан в хронологическо-историческом аспекте очень короткий период, сопровождающийся всеми видами и степенями трудности становления государства) стоит проблема решения идеологического противостояния религиозного и светского начала общества. Как и любому другому молодому государству Таджикистану приходится противостоять мощной, хорошо оснащённой идеологической силе современного мира в лице радикальных идеологий, имеющих только одну цель - установление абсолютной теократической власти, которая по сути является формой правления, при которой государство регулируется только религиозными нормами, а главой становится глава правящей религиозной организации. Данная организация в таком государстве обладает неограниченной высшей государственной властью. В данное время примерами государств имеющих абсолютную теократическую власть могут послужить такие страны как: Ватикан в христианском мире, Исламский Эмират Афганистан, Султанат Бруней и Королевство Саудовская Аравия в исламском мире.

Если совершить краткий экскурс в историю этих стран, то можно констатировать, что их идеология смогла разделить исламский мир, противопоставляя различные ветви ислама друг другу. А основной целью радикальных исламских идеологий является создание теократической власти, применяющей законы шариата, использующей массовое насилие для обеспечения покорности и послушания. Одним из основополагающих столпов этих радикальных идеологий является идеи исламского джихадизма (от слова джихад (от араб. الجهاد‎ [dʒɪˈhɑːd] — «усердие», понятие в исламе, означающее усердие на пути Аллаха, борьба за веру) - идеологии вооружённой борьбы за распространение ислама, основной целью которой является построение исламского государства, в котором основной способ вернуть мусульманское общество к единственно истинной вере и утверждению исламского порядка.

Сегодня именно данная идеология главенствует в идеологии стран, приверженцев абсолютной теократической власти. То же самое, с некоторыми несущественными отличиями можно говорить и о идеологии исламского фундаментализма и его идеей возврата к истокам ислама или начальным ортодоксальным формулам. В настоящее время данная идеология прикрывается тем, что современный фундаментализм, является реакцией на модернизацию и глобализм общества. При этом напрочь забывается тот факт, что как культурный феномен, призыв вернуться к истокам веры (независимо от того какая вера имеется в виду) подрывает позиции действующих вероучений официальный статус которого подтверждён государством. Например, в рамке нашей республики согласно статье 1 Конституции Республики Таджикистан объявляется суверенным, демократическим, правовым, светским, единым и социальным государством, а свобода совести и убеждений, среди других основных прав и свобод, обеспечивается конституционными гарантиями. Вдобавок к данной статье государством Таджикистана были приняты законы «О свободе совести и религиозных объединениях», «О противодействии экстремизму», «О противодействии терроризму», «Об ответственности родителей в образовании и воспитании детей», «О регулировании традиций и праздников» и т.д., которые являются взаимодополняющими и направляющими векторами к демократическому, светскому развитию страны. Поэтому сегодня в Республике Таджикистан решениями Верховного суда запрещена деятельность 28 экстремистских и террористических организаций. Исходя из рамок Конституции Республики Таджикистан и принятых законов, не приемлемы идеи проникающие посредством пропаганды в жизни граждан Таджикистана, будь то запрет учиться и работать для женщин, программы религиозного обучения в  государственных образовательных учреждениях или ношение хиджаба женщинами и т.п., свидетельствующие о наличии элементов абсолютного теократического общества, внедренные в светское общество извне. Несомненно, это первые признаки, свидетельствующие о начале противостояния светского и теократического, т.е. религиозного начала в жизни общества, что приводит к постоянному противостоянию сторон, так как оба настаивают не только на существовании собственной идеологии, но и на её доминировании. Нельзя игнорировать тот факт, что согласно Конституции Таджикистан светское государство, объявившее отделение государства от религии, тем самым ограничивает влияние религии на государство, которое опираясь на историю, культуру и ценности народа, продолжает сохранять светское правление. Государство посредством законодательной системы ограничивает участие религиозных политических партий и движений в политической жизни общества. Исходя из этого в настоящее время государством реализуются все существующие возможности ведения планомерных работ по воспитанию образованного поколения именно в рамках светского образования.

Сегодня в мировом сообществе задача светских государств состоит не только в сохранении власти, но и в обеспечении равных прав членов общества по отношению к вероисповеданию, как коренных народов, так и представителей других религиозных конфессий, живущих на их территории. Поэтому в свете усиления радикальных идеологий, подпитывающих самые различные течения, светские государства вынуждены предпринять крайние меры по созданию системы противостояния этим идеологиям. Светские государства регулируют межконфессиональные отношения в обществе посредством создания законодательной базы на основе легитимности и в пределах своего суверенитета. Эти государства во всём мире призывают противостоящие им стороны к мирному сосуществованию в рамках закона государства, основанного на разделении государства и религии, а также их невмешательства во всех сферах деятельности друг друга.

Так может, пришло время каждому из нас задуматься над тем, к чему может привести в светском государстве вмешательство радикальных религиозных идеологий в систему политической власти и государственного управления? Приемлема ли сегодня, с учётом современных реалий сосуществование светского правления государством и религиозной политики в системе власти? Или все же вспомнить различные попытки государственных переворотов, революции под разными наименованиями (в случаях стран СНГ несмотря на нарекания их именами цветов, что не приуменьшает их негативные последствия) и гражданские войны, как нашей в недалёком прошлом и как наших ближайших соседов?

Стоит ли нам поддерживать идеологии тех, кто выдают свои террористические акты за действия того или иного народа, тем самым запятнав его имя и создав ему всевозможные проблемы различных степеней?

Стоит ли, пройдя довольно поучительный исторический урок опять с головой окунуться в то болото, где сегодня мало кто сможет разграничить и чётко определить различие между национальным, религиозным и региональным сепаратизмом, радикализмом и терроризмом?

Почему в XXI веке мы должны повернуться лицом к ненависти, предрассудкам, свержению, доминированию, причинению страдания, дискриминации, корысти, вседозволенности во имя достижения цели радикальных идеологий, чьим бы они не были?

Если мы так почитаем свою веру и называем себя народом, стоящим у истоков мирового просвещения, гордящимся именами Фирдоуси, Рудаки, Хафиза, Авиценны, Саади не можем извлечь уроки из истории Ирака, Сирии и ближайшего соседа – Афганистана?

Может нам стоит учиться у светских государств, где институт религии аполитичен?

Почему мы забываем, что основа светского государственного законодательства соответствуют и законам религии?

Если задуматься над этим, то можно найти ответы на вопросы, почему сегодня часть молодёжи вовлекается в радикальные организации и можно будет найти способ устранения их мировоззренческого кризиса и не дать другим заполнить её своими идеологиями?

Стоит ли нам терять своих детей, принося их в жертву радикальных идеологий для достижения их политических целей?

Почему мы забываем об известном постулате, что основным критерием цивилизованного общества является борьба за мир и мирное сосуществование? Может, настало время понять всем, что в светском государстве, государственные законы являются доминирующими и должны соблюдаться всеми без исключения…

 

 

 

 

 

 

 

Муфассал ...

БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

ХУДОЁРБЕКЗОДА Хосият Қамчибек – унвонҷўйи шуъбаи фолклор

ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои

гуманитарии  ба номи академик Б.Искандарови АМИТ

 

БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ

МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОН,

НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

 

 Тоҷики тоҷдор агар ҷӯйӣ

 Он ман астам, ки шоду озодам.                                                                                                                                         

 Подшоҳам ба қисматам имрӯз,

 Тахту тоҷам диёри ободам.

                         (М.Миршакар)

                             

Ин рўз ҳам мегузараду фардо низ. Ҳафтаю моҳу сол ҳамчунин. Даҳсолаҳо ва садсолаҳо хоҳанд гузашт. Устухони мо имрўзиён дар ҷаҳони абад ба ғубор табдил хоҳад ёфт, аммо баъди ҳамаи ин ҳазорҳо хазону баҳор танҳо ва танҳо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда хоҳад буд. Ба он соне ки мо- имрўзиён, Куруши Кабиру Анўшервони Одил ва Исмоили Сомониро ёд медорем, шоистаи таҳсину намунаи ибрат медонем, бад-ин сон ояндагони мо Эмомалӣ Раҳмонро чун Пешвои бузург, чун абармарди таърихии миллати тоҷик дар асри 21 ёд хоҳанд кард...  Марҳилаи имрўзаи ҷаҳон дар таърихи башарият марҳилаи басо мушкил ба қалам дода хоҳад шуд. Дар ин даврони носозгори азнавтақсимкунии ҷаҳон, ки бисёр давлатҳо бо “инқилобҳои ранга”, мағзшўиҳо, нофаҳмиҳо, бе дарки амиқи геополитикаи ҷаҳон марзу бум ва фазои ваҳдонияти худро аз даст додаанд, мардуми тоҷик баръакс, тавонист иштибоҳҳои таърихии худро ислоҳ бисозад, аз нав эҳё гашта, давлатсозӣ намуда,  ба марҳилаи нави рушду нумуъ бирасад. Дар ин ҷода бузургу беҳамто аст заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ва ҳастии ин Пешвои оқилу дурандеши миллат таърихист.

Бо ҳар як таҳлили мулоқоти ин бузургфард –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа  ва ходимони  дини кишвар, ҳар дафъа  маънои волои онро бештар дарк менамоям. Ҷаҳон - ҷаҳон  ғизои маънавӣ мегирам аз ин мулоқот. Дар ҳар як сухани ироагардидаи Пешвои муаззаму некўқадам ҷавҳари аслии инсонӣ тараннум гардида, ҳидоят баҳри беш аз пеш дўст доштани сарзамини бузурги аҷдодӣ баён мегардад. Ватандорӣ.  Худогоҳӣ. Ин аст ҳадафи меҳварии ин мулоқот ва боз ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ин марҳилаи бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат.  Хештаншиносӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба ин сарзамини бузург, ки мероси гаронарзиш аз пешдодиён мебошад, тараннум мегардад.

Бо ибрози суханони “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям...Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад...”Сарвари дурандеш моро таъкидан ҳидоят намуд, ки аз сиёсати даврони гузарон огоҳ бошем. Аз он бохабар бошем, ки дар ин асри илму техника, асре ки инсоният то ҳадде пеш рафта аст, ки ба моҳу коинот парвоз дорад, ҳифзи манфиати миллӣ волотарин ҷойгоҳро касб намудааст. Манфиати абарқудратҳо  ҳар чӣ зудтару бештар ба зери назорату тасарруфи худ даровардани ҳудуду масоҳати бештар дар кураи замин ва истифодаи захираҳои табиии он мебошад. Тоҷикистон, ки сарзамини бою пурғановат чи аз ҷиҳати нерўи зеҳниву чи аз ҷиҳати олами ваҳшу тайру канданиҳои зеризаминӣ мебошад, кайҳо чунин таваҷуҳҳоро ба худ ҷалб намудааст. Мусаллам аст, ки бо чунин бузургие, ки Тоҷикистон дорад, чунин муборизаҳо баҳри ба даст овардани руҳияи мардуми он низ роиҷ аст. Аз ин рў, месазад, ки тамоми заковати худро ба кор бурда, дар атрофи сиёсати ин шахсияти таърихӣ, ки барои ободии Ватан борҳо ҷонбозиҳо намудааст, бештар сарҷамъ шуда, дар ободии  диёри нозанин азму талош намоем. Истиқлолияти онро, ояндаи пурнакҳат ва дунявияти онро бо ақл, бо сиёсат, бо меҳнат, бо арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони озодии комили Ватан ҳифозат намоем.

“Дар ин маврид ман фақат як сухан мегӯям: фарде, ки дар Тоҷикистон ношукрӣ аз ин сарзамин мекунад, аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад! Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд. Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”- баён дошт Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зиҳӣ Қиблагоҳи миллат, ки ҳар як баёни афкори шумо панд аст. Маҳз соҳибистиқлолӣ, муттаҳидӣ, низоми дунявии давлатамон имрўз миллати моро пирўз гардонид. Ин пирўзии мо бар рағми бадхоҳони миллат буд ва пирўзӣ бар сустиродагиву бераҳмиву бемаромӣ, пирўзӣ бар нооромиҳои таҳмилӣ аст. Пирўзии хиради азалии миллат бар ҷабри таърих. Пирўзии ваҳдату якмаромӣ бо сарварии фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони асили миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон”- албатта, ин ибрози Сарвари давлат таърихист. Панди рўз аст, ин афкор. Яқинан дар ин марзу бум аз замони Ориёиҳои қадим то ба имрўз фаҳмишу динҳои мухталиф роиҷ буданд. Олами дарки гуногунмаъно танин дошт. Ҷаридаи таърих шамшери Искандари Мақдуниву муғултозиву арабсозӣ ва даҳҳо тасарруфро дар ин сарзамин сабт дорад. Низоъҳову кашмакашҳову  парокандагӣ - ҳама паси сар шуд ва дар асри навин ин мардум  бо фарҳанги мардумсолории худ, бо ақлгароиву озодандешӣ - тоҷдорони давр - давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолро бунён намудаанд, ки тафохури  имрўзиёну ояндагони миллат аст. Ман ҳам  фарзанди ин диёр –ба сони Пешвои сиёсии дурандеши худ нахуст аз он ифтихор дорам, ки тоҷикаму баъдан мусалмон, - ориям аз ҳар гуна  ифроту нофаҳмиву нохалафӣ, ки дар асл низ ҷавҳари дину мубини ислом  нест.

Сарвари давлат аз мавқеи бонуи тоҷик сухан гуфту аз тарбияи насли наврас ҳамчунин. Аз фарҳанги оламшумули мардуми тоҷик ибрози андеша карду аз адабиёту нобиғаҳои дунёи адаб, аз ҳунару ҳунармандӣ, аз сиёсати дохилидавлативу  муносибатҳои хориҷӣ ва ҳар як таъкиду ҳидояти ў дунёи беканори панд буду ҳаст. Таҳлили фаъолияти намояндагони дину ойинҳои мардумӣ низ дар ин марҳилаи ҳассоси ҷаҳони гузарон тақозои рўз мебошад. Ҳамаи ин  ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, Пешвои миллат бобати ояндаи дурахшони ин сарзамини бузург бо ном Тоҷикистон баррасиҳо пешниҳод намуд. Назари умдаи Пешвои муаззами миллат бар обу ранг бахшидани дарахти пурсамару пурнакҳати Ваҳдати миллӣ  ва аз он баҳрабардориву  шукргузорӣ намудан аст.

“Мову шумо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу озод ҳастем, аз боду ҳавои он нафас мекашем, бо нону намаку оби ҳамин диёри бостонӣ ба камол расидаем ва фарзандону набераҳоямонро дар муҳити орому осудаи он ба воя мерасонем. Шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалии дунё ҳастем ва дар қатори кишварҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун кишвари фаъол, муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд.” Яқинан дар масири миллати тоҷик, дар ин асру дар асрҳои пешин, ваҳдату ваҳдоният мушкилкушо ва нерўбахшандаву наҷотдиҳанда будааст ва чунин мемонад.  Шукргузорӣ аз он,- давлати пояндаву ҷовидонаи миллат аст.

“Пас биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем”.  Яқинан  меҳнати ҳалол, арақи ҷабин, нони  бо заҳмат ба даст оварда як рукни фарҳанги миллати тоҷик аст. Заҳматписандӣ дар рўзгорони ин мардум ҷойгоҳи хоса дорад ва минбаъд низ бе шакку шубҳа ин мардуми аз табори ориёиҳои асил бо заҳмату меҳнату ақлу заковат, дар партави ҳидоятҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзамини аҷдодии худро ободу шукуфо менамоянд.

Ҳамчун рўзноманигор, бандаи камтарин, ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ ҳамеша дар байни мардуми оддӣ њастам ва зимни суҳбат бо сокинони минтақаи Бадахшон, ин муроҷиатҳои падаронаю  таъкидҳои Певшои муаззами миллатро дар умқи дили сокинони вилоят  эҳсос менамоям. Он дўстдорию самимияту муҳаббате, ки мардуми ин кўҳистони Ватан нисбати  фарзанди фарзонаруху фарзонапешаи Ватан  Эмомалӣ Раҳмон доранд, назир надорад. Нидои таърих аст:, ки чун мардум дўстдори Сарвари азизи худ бошаду Сарвари хирадпеша  ҷонфидои мардуми сарзамин бошад, пас ин марзу бум ба волотарин эъҷоду эъҷоз, ба пирўзии бемислу бемонанд бар ҳар гуна имтиҳони таърих қодир аст. Чунин шахсиятҳоро ба сони Эмомалӣ Раҳмон  Офаридгор шояд дар чанд садсола  як бор ба дунё меоварад, ки бо харизмаи  худодод қодир њастанд, мардумро аз паси худ бибаранд.

Зиҳӣ Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиҳӣ мардуми некўпиндору некўрафтори тоҷики аз азал тоҷдор. 

Муфассал ...