wrapper

    Имрӯз дар таърихи 31 октябри соли 2024 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗӮИ "КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ" бо иштироки роҳбарияти шаҳри Хоруғ, олимон, донишҷӯён ва хатмкунандагони магистратураи соли 2024 баргузор гардид.

     Кумитаи тадорукоти Институти Илмҳои Гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров, самимона ба мақомоти роҳбарияти шаҳри Хоруғ, аз ҷумла ба Раиси муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ ва муовини Раиси шаҳри Хоруғ Ғолиб Ниятбеков, ки вақти пурқимати хешро дарёфт намуда, дар ин чорабинии муҳим ширкат варзиданд, изҳори миннатдорӣ менамоянд. Дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳру вилоят ба фаъолияти илмӣ ва рушду инкишофи ҷомеа, алалхусус барои олимони институт манбаи илҳом ва ифтихор мебошад.

     Директори Институт, Қаландариён Ҳоким Сафар, конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид, пас аз он Раиси шаҳри Хоруғ муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ бо сухани табрикотӣ ба аҳамияти Конститутсия ҳамчун асоси ҳуқуқии кишвар ва рамзи миллии Тоҷикистон таъкид карданд. Инчунин, маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимони институт Офаридаев Назрӣ, Ҳақназар Имомназар ва Карамова Ибодат оид ба нақши Конститутсия дар ҳаёти миллию иҷтимоии Тоҷикистон шунида шуданд.

     Дар анҷоми конфронс, дипломҳои хатм ба магистрантҳои соли 2024 тақдим гардида, ба як қатор кормандони фаъоли Институт аз тарафи роҳбарияти шаҳри Хоруғ ифтихорномаҳо тақдим шуданд.

     Арзи сипос ба ҳамаи иштирокчиён ва роҳбарият шаҳри Хоруғ барои саҳм гузоштан дар рушди илму фарҳанг ва ташаккули ояндаи Тоҷикистони азизу маҳбуби мо!