wrapper

Институт

Институт

АВВАЛИН ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР НАЗДИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА НАХУСТИН ДИФОИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОИРАИ ОН

28 декабри соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ, ки бо ташаббус ва кӯшишҳои зиёди директори институти номбурда, доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар таъсис ёфта буд, нахустин бор дар таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дифои рисолаи номзадии Назаршоева Чилла Раҳимбековна – мудири шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ дар мавзуи “Этнолингвистическое освещение лексики родильного обряда шугнанского языка” баргузор гардид. Унвонҷӯ тадқиқоти илмиро таҳти роҳбарии номзади илми филология Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна дар доираи шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ ба анҷом расонида, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ 28.12.2022 бо муваффақият дифоъ намуд.

Аъзоёни Шӯрои диссертатсионии назди Интситути илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, аз ҷумла, доктори илми филология, профессор Офаридаев Назрӣ, доктори илми филология, профессор Мамадназаров Абдусалом, доктори илми филология Аламшоев Муқбилшо ва дигарон изҳор доштанд, ки таъсиси Шӯрои мазкур як падидаи таърихан муҳим барои илми ВМКБ буда, мақоми Институти илмҳои гуманитариро аз ҷиҳати илмӣ дар арсаи минтақавӣ боз ҳам баландтар мебардорад. Институт дар давоми беш аз 30 соли мавҷудияташ барои минтақа кадрҳои зиёди илмиро омода карда истодааст ва алъон бо таъсис додани Шурои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ шароити мусоид барои дифоъ намудани рисолаҳо аз рӯи ду ихтисос 5.9.2. Адабиёти ҷаҳон ва 5.9.6. Забонҳои мамолики хориҷ (забонҳои помирӣ) фароҳам оварда шудааст.     

 

Муфассал ...

Паёми Пешвои миллат – марҳилаи нави стратегияи миллӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсӣ ва стратегӣ маҳсуб мешавад, ки самти инкишофи сиёсати давлатро дар марҳилаи ояндаи наздик ва дур муайян месозад. Маҳз тавассути Паёми ҳарсола, Пешвои миллат  нуқтаҳои асосии сиёсати давлатро барои доираи васеи аҳолии мамлакат, аз он ҷумла барои фаъолон, сиёсатмадорон ва  аҳли илму фарҳанг баррасӣ менамояд.  Аммо муҳимтарин  вазифаи Паёми Пешвои миллат  дар он аст, ки тавассути он ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ самти стратегии рушди мамлакатро дар шароити рушди суръатноки ҷаҳони глобалӣ муайян менамояд. Дар асоси вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда, Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳокимияти қонунгузор фаъолияти қонунгузориро барои амалӣ намудани мақсадҳои стратегии давлат мушаххас мегардонад  ва  дар ин масир Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, ҳамвора, ҳамчун барномаи фаъолият дар самти раванди қонунгузорӣ дониста мешавад.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи инкишофи мамлакат ва дастовардҳои он таҳлил шуда,  дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  таҳлили илмӣ воқеъбинона  муайян гардид. Самтҳои асосии паёмро  масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат, амалисозии  ҳадафҳои стратегии давлат, рушди илму маориф,  соҳаи  тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди  фарҳанги миллӣ, таҳкими волоияти қонун,  таъмини амнияти миллӣ  ва    стратегияи сиёсати хориҷии мамлакат  дар бар гирифт. Аммо хусусияти муҳими Паёми имсола дар хулосаи умумии он дар бораи ҳуввияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ инъикос гардид.

Вобаста ба вазифаҳои  стратегӣ, Тоҷикистон дар самти иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз ва дар соли  2021 9,2 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишондоди баландтарин  миёни давлатҳои ҷаҳон гардид. Дар муқоиса дар соли 2021 ҳаҷми афзоиши маҳсулоти дохилии Чин 8,1 фоиз, ИМА 5,7 фоиз ва Россия 4,8 фоизро ташкил дод.  Пешвои миллат дар назди сохторҳои давлатӣ вазифа гузошт, ки сатҳи афзоиши маҳсулоти дохилии мамлакат дар соли оянда дар  ҳудуди  на кам аз 8 фоиз нигоҳ дошта шавад. Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Танҳо дар соли 2022 190 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.

  Вобаста ба рушди маориф ҳаминро бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати маърифатпарвар  дар арсаи минтақа ва ҷаҳон  шинохта шуд, зеро зиёда аз 40 фоизи буҷети онро барномаҳои иҷтимоӣ ва  маориф  ташкил медиҳанд. Дар си соли истиқлолият  3430  бинои таълимӣ сохта шуданд, ки дар онҳо 15 миллион хонандагон таҳсил мекунанд. Бинобар афзоиши аҳолии мамлакат, Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки минбаъд ҳар сол бояд на кам аз 200 бинои таълимӣ мавриди истифода карор дода шавад. Аммо дар ин самт Пешвои миллат бори дигар ба масъулияти волидайн ишорат карданд, зеро маҳз дар хона, дар шароити тарбияи волидон, фарзанд метавонад роҳи дурурсти зиндагиро барои худ муайян созад.

Ҳамин тавр мо ба хулоса омадем, ки дар Паёми Пешвои миллат таҳлили амиқи вазъи иқтисодии мамлакат, дастовардҳои он, вазифаҳои стратегӣ барои оянда, амалисозии барномаҳои иҷтимоӣ ва  инкишофи сатҳи тарбияи ватандустӣ ва ҳуввияти миллӣ  ҳамчун вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои давлатӣ   ва тамоми шаҳрвандони мамлакат  муайян карда шуданд. Аз ҳамин лиҳоз мо  шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки  дар иҷро ва амалисозии барномаҳо ва нуқтаҳои ин ҳуҷҷати  стратегӣ саҳми худро гузорем.

 

САИДАСАНОВ ЮСУФ – НОМЗАДИ ИЛМИ ТАЪРИХ, ХОДИМИ ИЛМИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АМИТ

Муфассал ...

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ барои солҳои 2023-2027 озмун эълон менамояд:

Мудири шуъба – 4 ҷой.

Талабот:

Довталабон барои иштирок намудан дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия пешниҳод намоянд:

-ариза барои иштирок намудан дар озмун;

-варақаи шахсӣ ва шарҳи ҳол;

-шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот ва илмӣ;

-нусхаи шиноснома ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

-маълумотномаи тиббӣ бо ду адад акси 3х4

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 5-уми январи соли 2023

Довтлабон ба вазифаҳои холӣ дар доираи Оинномаи Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Дастурамали вазифавии намунавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Бо шартҳои иштирок дар озмун шахсони хоҳишманд ва иштирокчиёни озмун метавонанд дар нишонии зерин шинос шаванд:

Суроға: ш. Хоруғ, кӯчаи У.Холдоров, 4; тел.: 934402842; e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон менамояд:

барои шуъбаи забонҳои помирӣ:

сарходими илмӣ – 1 ҷой;

ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой;

ходими калони илмӣ – 2 ҷой;

ходими  илмӣ – 1 ҷой.

барои шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон:

сарходими илмӣ – 2 ҷой;

ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;

ходими калони илмӣ – 3 ҷой;

ходими  илмӣ – 3 ҷой; 

ходими илмӣ – 4 ҷой.

барои шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ:

ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой;

ходими калони илмӣ – 1 ҷой;

ходими  илмӣ – 4 ҷой.

барои шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Бадахшон:

ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;

ходими калони илмӣ – 1 ҷой;

ходими  илмӣ – 1 ҷой;

муҳандис барномасоз – 1 ҷой.

Талабот:

Довталабон барои иштирок намудан дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия пешниҳод намоянд:

-ариза барои иштирок намудан дар озмун;

-варақаи шахсӣ ва шарҳи ҳол;

-шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забони тоҷикӣ;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот ва илмӣ;

-нусхаи шиноснома ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

-маълумотномаи тиббӣ бо ду адад акси 3х4

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 рӯз аз рӯзи чопи эълон.

Довталабон ба вазифаҳои холӣ дар доираи Оинномаи илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандароваи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Дастурамали вазифавии намунавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Бо шартҳои иштирок дар озмун шахсони хоҳишманд ва иштирокчиёни озмун метавонанд дар нишонии зерин шинос шаванд:

Суроға: ш. Хоруғ, кӯчаи У.Холдоров, 4; тел.: 934402842; e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Муфассал ...