wrapper

Институт

Институт

ҶАШНҲОИ МУШОБЕҲ БА САДА

Шоинбеков Аловиддин - мудири шуъбаи таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи

академик Б. Искандарови АМИТ, номзади илми таърих

ҶАШНҲОИ МУШОБЕҲ БА САДА

    Қаблан тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии муждаи баҳор- ҷашни Сада табрику таҳният гуфта барояшон тани сиҳат, рӯзгори хушу обод, сулҳу амонӣ таманно дорам. Баъдан баъзе маълумотҳои мардумнигорӣ (этнографӣ) оиди ҷашнҳои мушобеҳ (аналог) -и Сада барои хонандагони гиромӣ баррасӣ менамоям.

    Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳёву барқарор шуданд.  Аз ҷумла, соли 2017 Пешвои Миллат ҷашни Садаро ба тақвими ҷашнҳои миллии мо шомил гардонд ва иброз доштаанд, ки: “зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумичаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.”

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра шахсони воқеӣ ин дастури Ҷаноби Олиро сармашқи кори худ карда дар ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ бо Ҷумҳурии Исломии Ирон барои ворид кардани ин ҷашни таърихӣ-табиӣ ба феҳристи умумичаҳонии ЮНЕСКО корҳои амалии назаррас анҷом доданд. Хушбахтона, 6-уми декабри соли 2023 дар Касан Республикаи Ботсвана дар сессияи 18-уми Кумитаи байнидавлатҳо оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии (номалмуси) Юнеско баргузор гардид, ки дар он номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон “ҷашни Сада” вориди рӯйихати мероси фарҳанги ғайримоддии инсоният гашт, яъне ин ҷашн мақоми байналмилалӣ гирифт.

     Дар замони Шӯравӣ мардумшиносон ва фолклоршиносон ҷашнҳои мушобеҳи ҷашни Садаро дар алоҳидагӣ омӯхтаанд ва дар маҷмуъ онҳоро  ҷашнҳои мушобеҳи Сада намешумурданд.

    Фақат яке аз олимони Шӯравӣ-  муҳаққиқи ҷашнҳои тақвимӣ  А. Э. Негмати дар асари худ «Земледельческие календарные праздники древних таджиков  и их предков» дар боби «Аналоги праздника Сада по данным этнографии» навиштааст, ки ҷашни Сада бо ҷашнҳои мардумии  сокинони Бадахшон «раҷ-δед» ва «ғамунд», ки ҳар ду маънои «қулбакашӣ»-ро доранд айният доранд  [Негмати, 1989 с. 36].  Вале мусаллам аст, ки ин ҷашнҳо  оғози маросими ҷуфтбарорӣ ҳастанд ва бевосита дар фасли баҳор қайд карда мешаванду бо Сада ягон иртиботе надоранд.

Пас кадом ҷашнҳо бо Сада мушобеҳ ҳастанд?

     Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бархе аз фолклоршиносону мардумшиносон баъзе ҷашнҳою маросимҳоро мушобеҳи ҷашни Сада маҳсуб медонанд. Масалан, доир ба иртиботи Сада бо парастиши офтоб ва ҷашни “Офтоб дар мард”- яъне Хирпичор, фолклоршиносон Н. ва О. Шакармамадовҳо чунин қайд кардаанд. “Дар гузаштаи начандон дур дар баъзе мавзеъҳои Кӯҳистони Бадахшон Шогунбаҳор ва ё наврӯзи оламро дар се давр ҷашн мегирифтанд. Аз рӯи нақли куҳансолон маросими аввал, ки ибтидои ҷашни шогунӣ ҳисоб меёфт, хирпичор (хорпачор “офтоб дар мард”)  ном дошта, он дар рӯзҳои охири моҳи январ баргузор мегардид.... Аҷаб нест, ки маросими хирпичор ба яке аз маросимҳои мубораки аҷдодонамон ҷашни Сада равобити қавӣ дошта бошад” [Н. Шакармамадов., О. Шакармамадов,  2003. с. 36].   Ва ин аввалин ишорае буд аз тарафи устод Н. Шакармамадов оид ба мушобеи ҷашни Сада бо Хирпичор.

     Баъдтар мо ба тадқиқотҳои Н. Шакармамадов ва Икромиддин Муҳиддинов такя карда чунин ҳисоб кардем, ки Граваша дар Язгулом, Хирпичор дар Шуғнон, “Хẙрпачор” дар Бартанги поён, “Хẙрγаwд” ё “Боҷайём”  дар Бартанги боло  “Хẙрпапуδ” дар Рӯшон мушобеҳи ҷашни Сада ҳастанд. Фолклоршинос Д. Раҳимӣ дар таҳқиқи ҷашни Сада хизмати калон кардаст ва  бахшида ба ин ҷашн соли 2020 як китобро чоп кардааст, ки дар он ҷо як бобро чунин унвон гузоштааст: «Хирпичор идомаи ҷашни Сада дар Бадахшон». Ба фикрам, чунин номгузорӣ мантиқан нодуруст аст, зеро ки Хирпичор идомаи ҷашни Сада нест, балки ин ҷашн айнан дар ҳамон вақту соат мегузарад ва ин ҷашн аналоги ҷашни  Сада аст.  

     Ҳамаи ҷашнҳое, ки дар боло зикр намудем, аз рӯи вақту замон  айнан бо  Сада  баробар меоянд. Яъне ҳамаи ин идҳо баъди ба итмом расидани чиллаи калон (аз нимаи дуюми рӯзи 31-уми январ то нимаи аввали рӯзи 1-уми феврал) таҷлил мегарданд. Агар ба шарте даромади чиллаи зимистонро аз шаби Ялдо 22-юми декабр оғоз намоянд. Фақат  Боҷайёми мардуми Бартанги боло сана ва рӯзи муайян надошта, аз 1-ум то 10-уми моҳи феврал, дар ин миён ба кадом санае, ки рӯзи чоршанбе рост меояд, ҳамон рӯз онро ҷашн мегиранд  [ А. Маскаев, 2018. с.5]. 

    Як чиз боиси зикр аст, ки то кунун ҳисоби ҳисобдонону муллоҳо ва ҳалифаҳо оиди оғозу анҷоми “чиллаи калон” бо ҳам мувофиқ нестанд. Як қисми онҳо даромади чилларо аз 18-ум-19-уми декабр мегиранд, бинобар ин чиллаи онҳо рӯзҳои 28-29-уми январ мебарояд. Тибқи тақвими муосири мо рӯзи даромади чилларо 20-уми декабр ва рӯзи баромади онро 30-юми январ муайян кардаанд ва бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру илова ворид карда шуд, ки мутобиқи он, ҳамасола 30-юми январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада расман таҷлил мегардад.

    Аз як тараф агар ҷашнҳои Граваша, Хирпичор, Хẙрγаwд, Хẙрпапуδ аз рӯи вақту замон  мушобеҳи ҷашни Сада  бошанд, аз тарафи дигар аз лиҳози тарзи иҷро онҳо ба Сада монанд нестанд. Дар Сада мақоми калидӣ “оташафрӯзӣ” аст, ки дар ин ҷашнҳо “оташафрӯзӣ” дида намешавад, вале ҳамаи он расму оинҳоеро, ки анҷом медиҳанд, марбут ба муждаи баҳор ҳастанд ва мо метавонем, онҳоро мушобеҳи ҷашни Сада шуморем.

     Дар кӯҳистони Бадахшон ҳамон рӯзе, ки чиллаи калон мебарояд, ин ҷашнҳо гузаронида мешаванд ва баъд аз он мардум ҳисоби худро аз нохуни пои “мард” ё “марди шикорӣ” оғоз мекунанд. Бояд қайд кард, ки чунин ҳисоб дар дигар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон низ вуҷуд доштааст, вале онҳо аз байн рафтаанд.

     Дар баробари ин ҷашнҳои сокинони Бадахшон дар водии Рашт (Вахиё),  он тасаввуроте, ки ин мардум нисбати моҳи  Ҳут доранд ва баъзе  расму оинҳоро марбут ба он анҷом медиҳанд, моҳи Ҳутро (моҳи охирони солшумории шамсӣ) бо Сада мушобеҳ медонанд. Масалан, мардумшиносон З. Юсуфбекова ва М. Шовалиева навиштаанд, ки ҷашни Сада дар байни тоҷикони Вахио бо номи Ҳут боқӣ монда, ба 28-уми феврали  солшумории нав рост меояд.  Агар ба ин нукта диқкат диҳем, ин ҷашн бо вақту замони худ бо ҷашни Сада ва Хирпичор рост намеояд. Ин ҷашн ҳатто бо ба итмом расидани чиллаи хурд (20-21-уми феврал) яъне ҷашни Хирчизӯн низ рост намеояд. Гарчанде  ки иди Ҳут низ ҷашни зироаткорон буда, мардумро аз наздик омадани баҳор ва омода кардани олотҳои меҳнатӣ барои киштукор огоҳ мекунад.

      Фолклоршиноси маъруф  Рӯзӣ Аҳмад  дар  мақолаи  худ  “Ҳут агар ҳутӣ кунад” чунин нигоштааст: “Моҳи Ҳут мутобиқи моҳи шамсӣ охирин моҳи сол аст, ки як қатор сокинони Тоҷикистон ҳавзаҳои Ёқсу, Сурхоб ва Қаротегин поён ёфтани онро ид мегирифтанд. Мардум нисбати дар ин моҳ зуд-зуд тағйир ёфтани обу ҳаво моҳи Ҳутро ба давраҳо тақсим кардаанд, ки аз он 17 шабонарӯз Ҳут,7 шабонарӯз Аҷуз, 3 шабонарӯз Наҳс ва се шабонарӯз Акс аст, ки баъди он соли куҳан поён ёфта соли нав-Наврӯз меояд [Р. Аҳмад  1987  с.4]. Яъне ин моҳ мувофиқи тақвими муосир ба нимаи дуюми моҳи февралу нимаи аввали моҳи март рост омада як моҳ пеш аз Наврӯз аст. Азбаски тибқи мушоҳидаи мардум ин моҳ хеле хунук меояд, дар миёни мардум мақоли “Ҳут агар ҳуттӣ кунад кампирро дар қуттӣ кунад” маъмул гаштааст.

      Р. Аҳмад  боз қайд кардааст, ки моҳи Ҳутро балорасон ва  Аҷузро махлуқи ваҳмангез мешуморанд ва дар гузашта дар ҳафт рӯзи Аҷуз фарзандони худро ба берун баромадан намемонданд, ҷомашӯи намекарданд, нохун намегирифтанд, сар намешустанд.  Рӯзҳои Аҷузро наҳсу касофат мешумориданд. Аз ин рӯ дар рӯзҳои охири сол тӯй намекарданд, ба сафар намебаромаданд. Хуллас, мардум Наврӯзро ба муқобили Ҳут гузошта ақидаи мардум он аст, ки Аҷуз ифодагари қувваи торикию ҷаҳолат-Аҳриманӣ буда, Наврӯз симои Ҳурмузд-мабдаи равшанӣ ва хушнудӣ аст [Р. Аҳмад  1987  с.4]. Яъне Р. Аҳмад решаи пайдо шудани ин тасаввуротро бо таълимоти Зардушт пайванд медонад, ки ин тасаввурот аз оини зардуштӣ сарчашма мегирад.   

      Фолклоршинос Д. Раҳимӣ бошад решаи пайдоиши ин тасаввуротро боз ҳам қадимтар нишон дода, ба фикрам дуруст қайд кардааст, ки тасаввурот дар бораи Аҷуз ва Ҳут ҳамчун намоди зимистон ба ақидаи хеле қадимаи инсоният, ки дар илм анимизм меноманд, рафта мерасад. Мардумони қадим дар паси ҳар як ҳодисаи табиат қувваеро тасаввур карда, ба воситаи иҷрои маросимҳо, қурбоникуниҳо бо онҳо як навъ муносибат мекарданд ва лутфу марҳамати онҳоро нигарон мешуданд. Ҳутро бино ба ақидае, мардум аз тарс хушомадгуёна ҷашн мегирифтанд, то ин ки қаҳри онро наёварда, балки аз лутфаш баҳравар гардида, то ба Наврӯз худро расонанд .... ҷашни Ҳут як ойини гузариш аз зимистон ба баҳор буд [Д. Раҳимӣ,  1987  с.59]. Вале бо интишорёбии Ислом ин тасаввуроти қадимтарин қолаби исломӣ гирифтааст. Чуноне ки этнографи маъруфи рус Н. А. Кисляков соли 1935 аз деҳаҳои поёноби дарёи Хингоб оид ба ҷашни Ҳут маълумотҳо ҷамъ намудааст ва қайд кардааст, ки  тахминан 400 сол пеш яке аз саравлодони сокинони ин деҳаҳо Мулло Наими донишманд ба наслҳояш васият кардааст, ки дар се рӯзи аввали моҳи Ҳут маросим барпо кунанд [Д. Раҳимӣ,  1987  с.55].... Тибқи маълумотҳои И. Муҳиддинов дар баъзе деҳаҳои Оби Гарм (Ғарм) ин оинро ҳути имомӣ меномиданд, зеро мардуми ин деҳаҳо худро ба шаҷараи имомҳо пайваст мекарданд [ И. Муҳиддинов,  1975  с.187]....

      Хуллас моҳи Ҳут аз рӯи вақту замон бо Сада баробар намеояд, зеро ки моҳҳои қамарӣ ҳар сол  10-12 -рӯзӣ тағйир меёбанд ва ҳатто баъди чандин сол дар фаслҳои сол низ тағйирот дида мешавад  ва аз лиҳози анҷоми расму оинҳо баъзе нишонаҳои расму оинҳои қабл аз исломӣ аз қабили қурбониҳо, ширпазӣ, оташафрӯзӣ, сурудхонӣ, рақс, масхарабозӣ ва ғайра бо ислом (яъне дар назди масҷид гузаронидани ҷашн) омезиш ёфтаанд [ниг: Д. Раҳимӣ,  1987  с.56-57].  

       Садашиносони муосири тоҷик боз дар он ақидаанд, ки дар Тоҷикистон мушобеҳи ҷашни Сада чоршанбеи сурӣ ё  чоршанбеи  охирон  мебошад.

       Ин ҷашнро дар дар моҳи Сафар, ки моҳи дуюми тақвимии шамсӣ аст, дар чоршанбеи охирон анҷом медиҳанд. Оид ба ин ид муҳаққиқони Шӯравӣ ва муосир маълумоти зиёд додаанд, аз ҷумла М. С. Андреев  ва      Н.П. Лобачева. Ин  ҷашн аз даврони қадим то ба имрӯз дар миёни  мардуми Ирону Хуросон, Осиёи Миёнаю Қафқоз маъруф аст. Дар ин ҷашн дар баъзе минтақаҳои Осиёи Миёна оташафрӯзӣ карда, аз болои оташ меҷаҳиданд ва чунин мегуфтанд: “Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ”.  Дар Бадахшон дар аввали моҳи Сафар (моҳи дуюми шамсӣ),  дар гардану банди даст худ риштаи сурх  мебастанд, бо тамом шудани моҳи Сафар, бо фарорасии шом дар назди ҳавлиҳои хонааш “аловпарак” ташкил мекарданд ва риштаҳои сурхеро, ки дар гардану банди даст доштанд, канда ба  оташ партофта аз болои он меҷаҳиданд ва чунин мегуфтанд “балоҳо рафъ”, чунки  моҳи Сафарро дар Бадахшон баломест мегуфтанд [ниг: Шоинбеков  рӯзҳои “Шадда” ва “Wуҷуз” дар Бадахшон, 2010].

        Хуллас, ҷашнҳои мушобеҳи Сада ва Сада қадимтарин ҷашнҳои ориёиҳоянд, ки бо парастиши офтоб, оташ, робитаи қавӣ дошта, ғалабаи гармӣ бар хунукӣ, ғалабаи кувваҳои некӣ бар бадиро ифода мекунанд. 

 

 

 

Муфассал ...

РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Мавлоназарова Ганҷина- докторант
(PhD)-и Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН
(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
     Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 баргузор гардида буд, бисёр масалаҳои муҳимро дар бар гирифта буд.
     Пешвои миллат асосан соҳаи маорифро яке аз муҳимтарин самтҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ арзёбӣ карда, барои рушди ҳаматарафаи он ба мақомотҳои дахлдор вазифаҳо ва пешниҳодҳои муфид доданд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар ояндаи наздик бояд 800 адад биноҳои кӯдакистонҳо ва марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва 1000 адад мактабҳои маълумоти миёна сохта ва ба истифода дода шаванд. Илова бар ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии сокинони мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
      Пас барои фаҳмидани мақсадҳо ва пешниҳодҳои Певшои миллат мо бояд ҳар як нуқтаи Паёмро хеле ҷуқур ва дақиқ таҳлил намоем ва мақсадҳои онро дарк намоем ва барои пешрафти ҳар соҳае, ки мо бо он сару кор дорем, кӯшиш кунем, кумаки амалии худро расонем.
      Чун бо инкишофи барвақтии кӯдак зиёда аз 10 сол собиқаи корӣ дорам, мехостам ба чанд нуқоти ин самт рӯшанӣ андохта, муҳиммияти онро баррасӣ намоям.
Инкишофи барвақтии кӯдак чист?
      Рушди барвактии кӯдакӣ давраи рушди босуръат ва муҳим - аз давраи ҳомиладорӣ то 8 солагӣ ба ҳисоб меравад. Нигоҳубини босифат дар ин давра - ғизои солим ва мувофиқ, саломатии хуб, муҳофизат, нигоҳубини дуруст ва омӯзиши барвақтӣ - барои рушди ҷисмонӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ-эҳсосотӣ ва инкишофи нутқи кӯдакон хеле муҳим аст.
      Рушди барвақтии кӯдакӣ даврае мебошад, ки барои инкишофи мағзи сари кӯдакон хидматҳои муҳимро пешкаш мекунад. Тақрибан 90% афзоиши майнаи сар дар 5 соли аввали ҳаёт ва тақрибан 80% ин афзоиш дар 2 соли аввали ҳаёт ба амал меояд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки кӯдаконе, ки аз нигоҳубин ва ғамхорӣ маҳруманд ва имкони бозӣ кардан, муошират кардан ва омӯхтанро надоранд, мағзи сарашон хурдтар ва иртиботи асабии камтар доранд.
     Махсусан, давраи байни таваллуд то синни 3-солагӣ давраи инкишофи босуръати майнаи сар мебошад, ки дар он миллиардҳо робитаҳо байни нейронҳои алоҳида муқаррар карда мешаванд. Механизмҳо ва мудохилаҳо барои дастгирии ин рушд бояд аз лаҳзаи таваллуд дастрас бошанд.
      Таҷрибаҳое, ки кӯдакон дар давраи аввали ҳаёт доранд, дар инкифоши майнаи сар нақши ҳалкунанда доранд. Муносибат ба омилҳои мусбӣ, махсусан муносибатҳои устувор ва ҷавобгӯ бо волидон ва дигар калонсолон ва муҳитҳои бехатар ва дастгирии ҳамаҷониба ва ҳаррӯза ба рушди мусбат мусоидат мекунанд.
      Солҳои аввали кӯдакӣ метавонад таъсири мусбӣ ё манфӣ ба инкишофи ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва эҳсосотӣ дар тамоми умр дошта бошад. Дар ҳоле ки таҷрибаҳои мусбӣ метавонанд кӯдаки хурдсолро дар роҳи қавитаре дар тӯли умр гузоранд, таҷрибаҳои осебпазир дар он солҳои ташаккулёбанда метавонанд таъсири дарозмуддат ва зараровар дошта бошанд. Ба рушди кӯдак чӣ таъсир мерасонад?
      Рушди барвақтии кӯдак аз омилҳои зиёд, аз ҷумла генетика, муҳити зист ва муносибатҳо вобаста аст (VeryWell Mind, 2023). Гарчанде ки генетика метавонад рушди кӯдакро дастгирӣ кунад, ба он омилҳои дигар низ таъсир мерасонанд. Инҳо муҳити ҳавасмандкунанда, саломатии хуб ва ҳамкории иҷтимоӣ бо парасторони меҳрубонро дар бар мегиранд.
Марҳилаҳои рушди барвақтии кӯдакон, доменҳо ва марҳилаҳо
      Тадқиқотчиён ва мутахассисон инкишофи барвақтии кӯдакро ба якчанд марҳила тақсим мекунанд. Гарчанде ки дар чӣ гуна тасниф кардани онҳо баъзе тафовутҳо вуҷуд доранд, ба таври умум мувофиқат мекунанд, ки кӯдакон аз марҳилаҳои пешбинишаванда ва шинохташаванда мегузаранд.
      Албатта, ҳар як марҳила пешрафт ва гузариш ба марҳилаи нави торафт мураккаб мусоидат мекунад. Асосан чанд марҳилаи инкишофи кӯдак хеле маъмул ва муҳиманд:
     инкишофи ақлонӣ
     иҷтимоӣ-эҳсосотӣ
     инкишофи ҷисмонӣ
     инкишофи нутқ
      Марҳилаҳои ҳар як домен барои пайгирии рушди кӯдак кумак мекунанд. Марҳила маҳорати муайяншудаест, ки интизор меравад дар муддати муайян ба даст оварда шавад. Онҳо барои муайян кардани он, ки рушди кӯдак маъмул аст ё ба таъхир афтодааст, истифода мешавад. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки гарчанде ки инкишофи кӯдакон одатан бо як тартиб сурат мегирад, кӯдакон бо суръати гуногун инкишоф меёбанд. Баъзеҳо ба сӯи баъзе марҳилаҳо зуд пеш мераванд, дар ҳоле ки дигарон вақти зиёдтарро талаб мекунанд.
      Аз ин рӯ, марҳилаҳои рушдро метавон ҳамчун роҳнамо баррасӣ кард, на ҳадафҳои қатъӣ. Ҳар як шахсе, ки бо кӯдакони хурдсол алоқаманд аст - аз волидон ва парасторон то онҳое, ки ба саломатӣ ва таҳсилоти барвақтии кӯдак машғуланд, кӯшиш мекунанд, ки кӯдакро дастгирӣ кунанд ва имкониятҳо ва таҷрибаҳоеро фароҳам оранд, ки ба рушди беҳтарини кӯдак мусоидат кунанд.
     Тибқи иттилои Институти Сиёсати Омӯзиш, тадқиқотҳо пайваста нишон медиҳанд, ки кӯдаконе ки бо таҳсилоти босифати барвақтӣ таъмин мешаванд, аз манфиатҳои устуворе, ки солҳои оянда идома меёбанд, бархурдор мегарданд. Илова бар ин, Институти Сиёсати Омӯзиш қайд мекунад, ки кӯдаконе, ки дар барномаҳои томактабӣ ё барвақтии кӯдакӣ иштирок кардаанд, дар муқоиса бо онҳое, ки аз ин гуна шароитҳо ва имкониятҳо маҳрум буданд, дар тӯли солҳои таҳсилашон натиҷаҳои беҳтари таълимӣ нишон медиҳанд.
 
Адабиёти истифодашуда:
UNICEF Data (2023), Early Childhood Development,
Very Well Mind (2023), How Genes Influence Child Development, https://www.verywellmind.com/genes-and-development-2795114
Western Australia Department of Health (2023), Child Development https://www.healthywa.wa.gov.au/Art.../A_E/Child-development
Harvard University (2023), What Is Early Childhood Development? A Guide to the Science (ECD 1.0) https://developingchild.harvard.edu/.../what-is-early.../
Муфассал ...

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА – ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НИЁГОН!

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА – ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НИЁГОН! 
     Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров мизи мудаввар таҳти унвони «Сада ва расму оинҳои он» баргузор гардид. Сада – яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми форсу тоҷик буда, решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ дорад. Он на танҳо рамзи нур ва гармӣ, балки пайванди қавии инсону табиат низ мебошад. 
      Дар мизи мудаввар олимон ва мутахассисони варзида дар бораи таърихи пайдоиш, арзишҳои умумибашарӣ ва хусусиятҳои ин ҷашни куҳан маълумоти ҷолиб пешниҳод карданд. Нуқтаҳои муҳими баррасишуда:
     Маъно ва ташреҳи калимаи Сада – Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филологӣ
    Ҷашнҳои мушобеҳ ба Сада дар таърихи инсоният – Аловиддин Шоинбеков, номзади илми таърих
    Праздник Сада: древней символ связи человека с природой и земледелием – Шаҳло Некушоева, номзади илмҳои филологӣ
    Арзишҳои умумибашарии ҷашни Сада – Нуриҷаҳон Қурбонхонова, номзади илмҳои филологӣ 
    Муҳокимаҳо нишон доданд, ки:Ҷашни Сада на танҳо як анъанаи қадимӣ, балки бахши муҳими фарҳанг ва худшиносии миллии мост! Омӯзиши таърихи он метавонад барои рушди маърифати экологии ҷомеа кӯмак кунад  Ин ҷашн маърифати рӯшанӣ, ҳамбастагӣ ва некуаҳволиро тарғиб мекунад! 
    Чорабинии мо бо баҳсҳои пурмуҳтаво, пешниҳодҳои ҷолиб ва муҳити гарму самимӣ ба поён расид.  Сада муборак бод! Бигзор рӯшноӣ ва гармии ин ҷашн ҳамеша дар дили мо ҷо гирад!
Муфассал ...