wrapper

Институт

Институт

Маҷлиси ҷамъбастӣ

  23-юми январи соли равон дар толори Институти илмҳои Гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар ҳузури муовини раиси вилоят  Амирбекзода Назира маҷлиси ҷамъбастии солонаи  Институт баргузор гардид. Директори Институти илмҳои гуманитарӣ , доктори илмҳои философия Ҳоким Қаландариён  дар бораи фаъолияти яксолаи Институт дар шакли фишурда маълумот дод. Қайд гардид, ки дар соли сипаришуда барои Институти илмҳои гуманитарӣ мақоми миллиро соҳиб гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ва ҳамчунин институтҳои зертобеи он  ҷониби Пешвои миллат як падидаи нав ва боз гардидани  саҳифаи нави таърихи фаъолият  ба ҳисоб меравад.

Муфассал ...

Ҳоким Қаландариён бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ карда шуд

  Мояи  ифтихори тамомои кормандони Институти Илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, ки  устод, дусту бародари гиромӣ, муаллифи китобҳои "Рудаки ва исмоилия" ва "Хизонаи омира ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи адабиёти форсизабони асрҳои IХ-ХVIII", директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик  Б. Искандаров - Ҳоким Қаландариён бо мукофоти давлатӣ -Медали хизмати шоиста қадрдонӣ карда шуд. Вокеан, устод лоиқи чунин қадрдонӣ аз ҷониби Рохбарияти кишвар аст.

Муфассал ...

Бадахшон бо Эмомалӣ Раҳмон

  Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 19 то 22 августи соли равон  сурат гирифт, аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров ва дастгириҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов китоби «БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» ба нашр расид. Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Муфассал ...