wrapper

Институт

Институт

БАХШИДА БА 70-УМИН СОЛГАРДИ ЗАБОНШИНОСИ МАЪРУФ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ПРОФЕССОР

БАХШИДА БА 70-УМИН СОЛГАРДИ ЗАБОНШИНОСИ МАЪРУФ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ПРОФЕССОР

 

ОЛИМИ ТАВОНО ВА ОМӮЗГОРИ СОҲИБМАКТАБ

         Нимаи дуюми асри XX илми забоншиносӣ дар Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои илм рушд ёфта, даҳҳо олимони забоншинос ба арсаи пажӯҳиш ворид гардида, садҳо номгӯй асарҳои пурарзиш таълиф гардидаанд. Доираи тадқиқотҳои забоншиносӣ васеъ гардида, равияю самтҳои нав пайдо шуданд. Яке аз самтҳои инкишофёфтаи забоншиносии тоҷик – помиршиносӣ маҳсуб меёбад. Дар бахши таҳқиқу баррасии масоили гуногуни забонҳои помирӣ донишмандоне ба воя расиданд, ки метавон гуфт, дар ин соҳа шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Дар баробари донишпажӯҳони забоншиноси Аврупо ва Русия, олимони тоҷик Р. Х. Додихудоев, Д. Карамшоев, П. Ҷамшедов, М. Аламшоев, И. Раҳимов ва дигарон дар таҳқиқи забонҳои помирӣ ва бахшҳои гуногуни он саҳми арзанда гузоштанд ва дар макотиби илмии эшон даҳҳо забоншиносони ҷавон тарбия ёфта, соҳиби унвону дараҷаҳои баланди илмӣ гардидаанд.

         Дар байни онҳо махсусан олими сермаҳсул ва нозукбин Назрӣ Офаридаевро метавон қайд кард, ки ба тадқиқи яке аз соҳаҳои муҳими забоншиносӣ – топонимияи Бадахшон машғул буда, асарҳои пурарзишашро таҳия намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев иқдоми бузургеро гузошта истодааст.

         Фаъолияти меҳнатии Назрӣ Офаридаев соли 1976, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуруъ мешавад. Ӯ баъд аз хатми донишгоҳ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) ва Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст.

         Солҳои 1981-1983 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъди хатми аспирантура моҳи марти соли 1984 рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии забоншиноси варзидаи тоҷик Р.Х. Додихудоев бомуваффақият дифоъ мекунад ва монографияи ӯ дар мавзуи “Микротопонимияи Ванҷ ва Дарвоз” ба табъ мерасад.

         Омӯзиши номҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои муҳими забоншиносии имрӯза маҳсуб меёбад. Муҳаққиқи амиқ бо таҳқиқи амиқаш исбот намуд, ки номҳои ҷуғрофии Помир таърихи хеле қадима доранд ва таърихи пайдоиши ҳар як номгузории маҳаллиро бо овардани сарчашмаҳои зиёде мавриди тадқиқ қарор додааст. Дар рисолаи эшон номҳои ҷуғрофии водиҳои Ванҷ ва Дарвоз аҳамияти аввалиндараҷа дода, бо усули таҳлили муқоисавӣ-таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Тадқиқи топонимҳои Ванҷу Дарвоз барои таърихи гӯишҳои бостониаш забони гуфтугӯии Ванҷу Дарвоз, инчунин барои омӯзиши забони матруки ванҷии қадима барои илми таърихи забон хеле сарчашмаи арзишманд ба ҳисоб меравад. Корҳои илмӣ-тадқиқиотии минбаъдаи олим ба таҳлили сохтори калимасозии микротопонимия ва таҳлили лексикӣ-маъноии микротопонимия бахшида шудаанд.

         Сипас дар шӯъбаи помиршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ходими хурди илмӣ кор мекунад. Солҳои 1986-1988 Назрӣ Офаридаев дар Афғонистон ба сифати тарҷумон ифои вазифа намудааст. Баъд аз барагаштан дар солҳои 1988-1991 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими илмӣ фаъолият мекунад. Соли 1991 ба тариқи озмун ба ҳайси дотсенти кафедраи усули таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пазируфта мешавад.

         Назрӣ Офаридаев соли 2002 рисолаи докториро дифоъ менамояд. Дар рисолаи докторӣ муҳаққиқ Ойконимияи Бадахшонро ба риштаи таҳқиқ мекашад. Натиҷаи тадқиқи ин мавзӯи муҳим соҳаи забоншиносӣ дар рисолаи бунёдии олим “Ойконимияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” (Душанбе, 2001с.) дарҷ гардидааст, ки ба омӯзиши номҳои шаҳру навоҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ВМКБ аз назари маъно, сохту таркиб, вижагиҳои луғавӣ ва таърихию этимологӣ бахшида шудааст. Олим дар ин асараш номҳоеро, ки аз забони тоҷикӣ – форсӣ (порсии дарӣ) ба забонҳои минтақа иқтибос шудаанд, инчунин номҳое, ки дар заминаи лаҳҷаҳои қадимии шарқи эронӣ ба вуҷуд омаданд, бо мисолҳои мушаххас таҳқиқ намудааст.

         Соли 2010 профессор Н. Офаридаев рисолаи дигари илмиро таҳти унвони “Топонимияи таърихии Кӯҳистони Бадахшон” (Душанбе. - 2010с.) ба табъ мерасонад. Дар ин асари ӯ оид ба топонимияи таърихии Кӯҳистони Бадахшон ва инъикоси он дар сарчашмаҳои хаттӣ сухан меравад. Муаллиф оид ба тавсифи минтақавии ареалии топонимия мулоҳизаҳои тозаро баён намудааст. Дар маҷмуъ ба қалами устод Н. Офаридаев беш аз 150 асару мақолаи илмӣ, методӣ ва илмӣ-оммавӣ тааллуқ доранд.

         Аз соли 1994 то имрӯз мавсуф дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар вазифаҳои дотсент, мудири кафедраҳои забони тоҷикӣ, филологияи тоҷик, ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ ва ҳоло ноиби ректор оид ба илм адои вазифа менамояд.

         Бисёр аз шогирдони устод дар мактабҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ, муассисаҳои илмии АИ ҶТ, дар радио ва телевизони марказӣ ва вилоятӣ, рӯзномаҳои гуногуни марказу вилоят имрӯз пурсамар кору фаъолият менамоянд.

         Зимни ҷустуҷӯ ва ковишҳои пайгиронаи илмӣ, Офаридаев Н. имрӯз мактаби илмии, номшиносии худро барпо кард, ки дар ин шогирдони ӯ дарси илм ва дарёи инсонгариро меомӯзанд. Зери роҳбарии ӯ омӯзгорони Донишгоҳ Фозилов Д., (мудири кафедраи забони тоҷикӣ), А. Насридиншоев (муовини ректор оид ба тарбия), С. Абдуллоева (декани факултаи забонҳои хориҷӣ), Д. Қодиров (мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Данғара), Б. Ҷумъаева (мудири кафедраи педагогика ва равоншиносии ДДХ) рисолаи номзадиро дифоъ намуданд.

         Таҳти роҳбарии бевоситаи Назрӣ Офаридаев 7 нафар шогирд сазовори унвони илмӣ гардиданд. Инчунин 13 нафар аз хатмкардагони шӯъбаи филологияи ДДХ низ ба гирифтани дараҷаҳои илмӣ мушараф гардиданд, ки дар тарбияи онҳо низ саҳми устод бузург аст. Ҳоло устод ба 8 нафар аспиранту унвонҷӯ роҳбарӣ менамоянд.

         Назрӣ Офаридаев ба сифати ноиби ректори оид илм барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саъю кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Сол то сол сафи омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ дар донишгоҳ зиёд мегардад ва дар ин кор хизмати Назрӣ Офаридаев низ чун роҳбар, ташкилотчӣ ва мушовири илмии ҷавонони навкор хеле калон аст.

         Устод дар тарғиби сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати оқилонаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда мегузорад. Ӯ оид ба масоили иҷтимоӣ бо мақолаҳои публисистӣ дар рӯзномаҳои “Минбари халқ”, “Ваҳдат”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва “Бадахшон” пайваста баромад карда, ҳамчун узви фаъол барои тарғиби сиёсат ва ҳадафи барномавии ҳизб бо Сарфарзонаи Кумитаи Марказии Иҷроияи ҲХДТ мушарраф гардидааст.

         Назрӣ Офаридаев вакили Маҷлиси Вакилони халқи ВМКБ буда, ба ҳайси раиси комиссияи доимӣ оид ба маориф, илм, фарҳанг ва сиёсат байни ҷавонон дар ҳаёти ичтимоӣ – сиёсии вилоят фаъолона иштирок менамояд.

         Хизматҳои бузурги профессор Назрӣ Офаридаев ҳамчун олими забоншинос ва омӯзгори пуртаҷриба бо медали “Хизмати шоиста”  ва чандин Ифтихорномаҳо тақдир карда шудаанд. Устод Н.Офаридаев ба синни камолоти 60 расидаанд ва ба ӯ саломатӣ, беҳбудии рӯзгору муваффақ будан дар рушди илми тоҷик орзумандем.

        

Ш. Юсуфбеков доктори илмҳои филология, профессор, 

Д. Фозилов – номзади илмҳои филология, дотсент

Рўзномаи “Бадахшон”, 27 феврали соли 2014, № 9 (10486)

 

Муфассал ...

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

Мамадшерзодшоев Умед, ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ  

   ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

         Бояд хотиррасон намуд, ки дар ҳар давру замон рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин ё он кишвар ба ҷавонон вобастагии калон дорад. Дар Тоҷикистони азизи мо низ саҳми ҷавонон ҳамчун нерӯи пурқудрат ва бунёдкор дар сохтани давлати демокративу дунявӣ хеле бузург мебошад. Зеро Тоҷикистон ҷавонтарин кишвар ба ҳисоб рафта, теъдоди асосии аҳли ҷомеаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои пурмуҳтавои худ таъкид намуданд, ки  «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин, мо аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намудем...”.

         28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа, гардид, ки Сарвари авлат дар ин паёми навбатии худ низ диққати аввалиндараҷаро ба рушди  ҳаёти ҷавонон дода буданд.  Махсусан Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ таваҷҷуҳи  ҳозиринро ба масъалаҳои зерин: бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таъмин намудани рушди соҳаи варзиш,  инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ва  баланд бардоштани соҳаи маориф, ки ба тарбияи ҷавонон робитаи бевосита доранд, ҷалб намуданд.

         Масалан Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад”.

         Тавре маълум аст бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҷавонон садҳо варзишгоҳҳо сохта шуда, таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи варзиш ҷалб карда шуд. Ҳадаф ин аст, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда, онҳоро ҳамчун насли солим ба воя расонад. Дар баробари ин ҷавонони варзишгар муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор мераванд. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор зикр мекунанд ки: “Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад”.

Яке аз хидматҳои муҳими дигари Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ин рушд бахшидани соҳаи илм ва маорифи ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин мақсад бо кӯшиши Ҷаноби Олӣ дар шаҳру навоҳии кишвар даҳҳо донишгоҳҳои бонуфуз ва садҳо макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта шуданд, то ки ҷавонони имрӯзи мо соҳибилм ва соҳибкасб гардида, барои рушди ватани худ саҳмгузорӣ намоянд. Тавре Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ дар ин бора иброз  доштанд:

“Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад... Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад”.

          Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон  дар баробари  соҳибмаълумот кардани ҷавонон, ба масъалаи соҳиби ҳунар гардидани онҳо низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро бо соҳибкасб ва соҳибҳунар шудани  ҷавонон имкон дорад, бо нерӯи онҳо  дар шаҳру навоҳии мамлакат ҳунарҳои гуногуни аҷдодӣ инкишоф дода шуда, корхонаҳои гуногуни ҳунармандӣ бунёд карда шаванд ва дар қаламрави мамлакат фурӯшгоҳҳои маҳсулоти худӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардида, ҷавонон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре Пешвои миллат дар ин бора ишора мекунад: “Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад”.

         Ғайр аз ин бо инкишоф додани касбу ҳунар дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити  мусоид фароҳам оварда мешавад, ки соҳаи сайёҳӣ рушд бахшида шавад.  Тавре Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикстон зикр мекунанд: “Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур аст, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.

Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад”.

Рушд бахшидани касбу ҳунар замина фароҳам меоварад, ки бо кӯшиши ҳунармандони ҷавон осори арзишманди миллии тоҷикӣ офарида мешавад ва сайёҳони хориҷӣ ва ҳаводорони дохилӣ бо ин осори пурарзиши тоҷик ошноӣ пайдо мекунанд. Ҳамаи ин чорабиниҳои муҳим замина фароҳам меоваранд, ки ҷавонони тоҷик аз худшиносии миллӣ огоҳ гарданд ва фарҳанги миллӣ тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Хуллас Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти нави тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро барои ҷомиаи мо муайян намуд.

 

 

Муфассал ...

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШУРОИ ОЛӢ “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ”

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШУРОИ ОЛӢ “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ”

 

Ҷонмамадов Шермамад – доктори илмҳои иқтисод, ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.И.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми навбатиашон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид, таъкид доштанд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад”.  

Иқтисоди сабз модели рушди иқтисодӣ мебошад, ки муносибати масъулиятноки одамонро нисбат ба захираҳои Замин пешбинӣ мекунад. Он ба пайдо кардани созиши оқилона байни афзоиши шукуфоӣ ва нигоҳ доштани сарватҳои табиӣ нигаронида шудааст.

Дар ояндаи наздик метавон гуфт, ки яке аз нишондиҳандаҳое, ки  аз рӯйи он  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба гурӯҳи “кишварҳои сабз” дар ҷаҳон ворид кардан имконпазир мегардад, ин рушди бахши энергетика мебошад.

Дар ироаи Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “…бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст”.  Қайд кардан зарур аст, ки баъди ба кор даромадани агрегати якуми  нерўгоҳи барқии обии “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои худ яъне истиқлолияти энергетикӣ расида, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид намуданд, ки “…соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли нерўи барқ  22 миллиард киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум  4,8 миллиард киловатт соат  ё 28 фоиз зиёд мебошад”. Вобаста ба ин қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дорад, ки 527 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз нигоҳи техникӣ дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз танҳо 4-5 фоизи он истифода шудааст. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал аст. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро 95 фоиз ва бештар аз он нерӯи обӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ҳиссаи истеҳсоли “энергияи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.

Гарчанде ки мо ба таъмини истиқлоли энергетикї ноил гардида бошем ҳам, бо назардошти афзоиши босуръати  аҳолї,талабот ба қувваи барқ зиёд гашта истодааст. Дар робита бо ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки “...барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии нерўгоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад”.

         Бо мақсади иҷро намудани  дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ояндаи наздик сохтмони НОБ-и Нуробод-1 (460 мвт), НОБ-и Нуробод-2 (400 мвт), НОБ-и  Фондарё (300 мвт), НОБ-и  Айнї (160 мвт), НОБ-и  Зарафшон (150 мвт) дар назар дошта шудааст. Инчунин сохтмони  маркази гармидиҳии барқӣ  (ТЭЦ)   Шуроб (300 мвт) ва  Фон Яғноб (700 мвт) дар нақша аст.

Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд, ки “....дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти нерўи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.

Бояд зикр намуд, ки амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зеринро низ фароҳам меоварад: содироти нерӯи барқи зиёдатӣ; имконияти содироти нерӯи барқ ба ҷануб; имконияти содироти нерӯи барқ ба шимол; эҷоди иқтидорҳои нав; пӯшонидани норасоии барқ дар фасли зимистон; огоҳӣ ба дигар лоиҳаҳои минтақавӣ.

Мо боварии комил дорем, ки ҳадафҳои гузошташудаи Президенти мамлакат дар самти энергетика амалӣ мегарданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муваффақ дар бозори энергетикии ҷаҳон мақоми хосаро пайдо менамояд.

 

 

                                                                                  

Муфассал ...