wrapper

Семинар

“Усулҳои муосири омодасозии мақолаҳои илмии сатҳи байналмилалӣ” бахшида шуд.

 Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои илмии шуъбаи забонҳои помирӣ дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ семинари илмии навбатӣ баргузор гардид, ки ба яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтии фаъолияти илмии муосир - “Усулҳои муосири омодасозии мақолаҳои илмии сатҳи байналмилалӣ” бахшида шуд.
 Баррасии ин мавзуъ дар шароити имрӯза аҳаммияти махсус дорад, зеро фаъолияти илмии олимон дигар танҳо бо таҳияи рисола, гузориш ё мақола дар доираи дохили муассиса маҳдуд намешавад. Илми муосир ба фазои васеи байналмилалӣ ворид гардидааст ва ҳар як муҳаққиқ барои муаррифии натиҷаҳои илмии худ бояд забон, тарзи баён, сохтор ва талаботи пазируфташудаи ҷомеаи ҷаҳонии илмиро хуб донад. Мақолаи илмӣ имрӯз на танҳо воситаи пешниҳоди натиҷаи тадқиқот, балки шакли асосии муаррифии мактаби илмӣ, нуфузи муассисаи таҳқиқотӣ ва сатҳи касбии худи муҳаққиқ ба шумор меравад.
 Семинарро директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дар солҳои охир талабот ба сифати мақолаҳои илмӣ, махсусан мақолаҳое, ки барои нашр дар маҷаллаҳои байналмилалӣ пешниҳод мешаванд, хеле боло рафтааст. Нашр дар маҷаллаҳои шомили пойгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Scopus ва Web of Science, имрӯз барои муҳаққиқон танҳо нишонаи фаъолияти инфиродӣ нест, балки яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди илм, болоравии мақоми муассисаҳои илмӣ ва тақвияти робитаҳои илмии кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
 Зикр гардид, ки барои ворид шудани тадқиқоти ватанӣ ба фазои байналмилалӣ танҳо доштани мавзуи хуб ва маводи илмии арзишманд кофӣ нест. Муҳаққиқ бояд тавонад масъалаи илмиро дуруст гузорад, навгонии тадқиқотро равшан нишон диҳад, мақсаду вазифаҳоро дақиқ ифода намояд, манбаъҳоро дуруст истифода барад, бо адабиёти муосири илмӣ робита барқарор кунад ва натиҷаҳои худро бо забони равшану далелнок пешниҳод созад. Маҳз аз ҳамин сабаб баргузории чунин семинарҳо барои муҳаққиқон, аспирантон, докторантон ва кормандони илмӣ зарурати воқеӣ дорад.
 Гузоришгари семинар номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари шуъбаи забонҳои помирӣ Некушоева Шаҳло буда, номбурда бо тадқиқоту корҳои арзишманди худ дар омӯзиш ва рушди забонҳои помирӣ саҳми назаррас дорад. Қайд гардид, ки Шаҳло Некушоева дар ҳаммуаллифӣ ду мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалии шомили пойгоҳи Scopus ба нашр расонидааст. Аз ин рӯ, баромади ӯ на танҳо хусусияти назариявӣ, балки заминаи амалӣ низ дошт, зеро гузоришгар аз таҷрибаи шахсии худ марҳилаҳои омодасозӣ, таҳрир, интихоб ва пешниҳоди мақола ба маҷаллаҳои байналмилалиро шарҳ дод.
 Дар ҷараёни семинар масъалаҳои гуногуни марбут ба омодасозии мақолаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба интихоби мавзуи дуруст, муайян намудани мушкилоти илмӣ, таҳияи сохтори мақола, навиштани муқаддима, нишон додани навгонии илмӣ, интихоби методология, таҳлили манбаъҳо, тарзи дурусти иқтибосоварӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ, пешгирӣ аз асардуздӣ, интихоби маҷаллаи муносиб ва омодасозии мақола ба талаботи таҳририяҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
 Аҳаммияти чунин семинарҳо дар он аст, ки онҳо муҳаққиқонро аз навиштани мақолаҳои тасодуфӣ ва танҳо ҳисоботӣ ба сӯи таҳияи матнҳои воқеан илмӣ, сохторманд ва қобили қабул дар сатҳи байналмилалӣ раҳнамоӣ мекунанд. Бисёр вақт тадқиқоти арзишманд танҳо аз сабаби дуруст ифода нашудани масъала, набудани сохтори равшан, заиф будани қисмати методологӣ ё риоя нагардидани талаботи техникӣ ба маҷаллаҳои бонуфуз роҳ намеёбад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши чунин масъалаҳо барои ҳар як муҳаққиқ зарур аст.
 Мавзуи семинар таваҷҷуҳи махсуси иштироккунандагонро ба худ ҷалб намуд. Дар бахши саволу ҷавоб иштироккунандагон оид ба тарзи интихоби маҷалла, талаботи пойгоҳҳои байналмилалӣ, сохтори мақолаи илмӣ, ҳаҷми иқтибосҳо, тарзи нишон додани навгонии илмӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати мақолаҳо саволҳои тахассусӣ пешниҳод карданд. Гузоришгар бо такя ба таҷрибаи илмӣ ва амалӣ ба саволҳо ҷавобҳои мушаххасу фаҳмо дод.
 Дар ҷамъбасти семинар таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳои илмӣ барои рушди муҳити илмӣ, баланд бардоштани фарҳанги нашри илмӣ ва омода намудани муҳаққиқони ҷавон ба талаботи замони муосир аҳаммияти калон доранд. Мудирияти шуъба ва иштироккунандагон ба муаллима Шаҳло Некушоева барои баргузории чунин семинари пурмуҳтаво, амалӣ ва саривақтӣ изҳори сипос намуданд.
 Ин семинар нишон дод, ки масъалаи омодасозии мақолаҳои илмии сатҳи байналмилалӣ танҳо масъалаи техникӣ нест. Он ба сифати тафаккури илмӣ, масъулияти муҳаққиқ, нуфузи муассисаи илмӣ ва ҷойгоҳи илми тоҷик дар фазои ҷаҳонӣ робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, баргузории чунин семинарҳо бояд идома ёбад ва ба яке аз самтҳои доимии фаъолияти илмӣ-методии муассиса табдил ёбад.
Муфассал ...

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ
 
2 июни соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи таҳқиқоти иҷтимоию иқтисодии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ семинари илмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар докторант - PhD-и шуъбаи мазкур Некушоев Муслим бо маърузаи илмӣ таҳти унвони «Модели арзёбии рақамии сифати таҳсилот дар донишгоҳҳо» баромад намуд.
Зимни маъруза низоми рақамии мониторинги сифати таҳсилот муаррифӣ гардид, ки бо мақсади автоматикунонии равандҳои арзёбӣ ва таҳлили фаъолияти таълимӣ таҳия шудааст. Низоми мазкур имконият фароҳам меорад, ки тамоми давраи мониторинг - аз таъйини коршиносон ва гузаронидани аудити сифати таҳсилот то таҳияи ҳисоботи таҳлилӣ барои роҳбарияти муассиса - ба таври мутамарказ ва рақамӣ амалӣ гардад. Дар доираи платформа утоқҳои алоҳидаи корӣ барои ректор, шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, имкониятҳои асосии низом аз аудити рақамии раванди таълим ва ҳуҷҷатгузорӣ, мониторинги фаъолияти кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорон, ҳисобкунии автоматии нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот, истифодаи панелҳои таҳлилӣ барои дастгирии қабули қарорҳои идоракунӣ, ошкорсозии хавфҳо ва самтҳои ошкорсозии хавфҳо ва самтҳои осебпазир, инчунин таҳияи тавсияҳо ҷиҳати такмили сифати таҳсилот иборат мебошанд.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин ҳалли рақамӣ ба баланд гардидани сатҳи шаффофият, объективият ва самаранокии низоми дохилии таъмини сифати таҳсилот мусоидат намуда, барои такмили идоракунии равандҳои таълимӣ ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар қисми муҳокимавии семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба рақамикунонии равандҳои таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар низоми мониторинг ва дурнамои татбиқи моделҳои рақамии арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин иштирокчиён доир ба такмили минбаъдаи низом ва густариши имкониятҳои амалии он як қатор пешниҳодҳо ва тавсияҳои илмӣ ироа намуданд.
Муфассал ...

«Нақши стратегияи давлатӣ муқовимат бо коррупсия дар ташаккули ҳукумати электронӣ»

24-уми апрели соли 2026 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ семинари амалӣ таҳти унвони «Нақши стратегияи давлатӣ муқовимат бо коррупсия дар ташаккули ҳукумати электронӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2026 таҳти рақами 1145 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, нақша чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ аз 18-уми марти соли 2026 таҳти рақами 71 ва нақша чорабиниҳои Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ аз 30-уми марти соли 2026 ва тақвияти назорати иҷрои бандҳои протоколӣ баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами мубориза бо коррупсия ва рушди механизмҳои ҳукумати электронӣ равона гардид.

Дар оғози семинар сухани ифтитоҳиро директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар ироа намуда, аҳамияти татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсияро таъкид намуд. Ҳамзамон, директори Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, доктори илмҳои биология Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар низ дар бораи ҳамгироии илм ва идоракунии шаффоф ибрози назар кард.

Маърузачии асосии семинар Назруллозода Беҳрӯз Назрулло - лейтенанти калони адлия, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ мавзуи самтҳои асосии стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирокчиён хеле ҷолибу муфид баррасӣ намуд. Дар раванди муҳокимаи мавзуъ масъалаҳои таҳкими шаффофият дар идоракунии давлатӣ, дар коҳиши омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони давлатӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

 Семинар бо саволу ҷавоби иштирокчиёну маърузачӣ хотима ёфт.

 

Муфассал ...

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ВМКБ мувофиқи нақша чорабинӣ бо натиҷаҳои назаррас баргузор гардид!

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ВМКБ мувофиқи нақша чорабинӣ бо натиҷаҳои назаррас баргузор гардид!
 
    Дар раванди семинари илмии баргузоргардида паёмадҳои мусбат ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди таҳлилу баррасии васеъ қарор гирифтанд.
    Як зумра муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа масъалаҳои марбут ба таъсири муҳоҷират ба бозори меҳнат, равандҳои иҷтимоӣ, устувории хонавода ва захираҳои инсонӣ дар ВМКБ-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
   Дар доираи чорабинӣ, ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Ҷамила Сабоиева натиҷаҳои пажӯҳиши худро муаррифӣ намуда, ба паёмадҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ — аз ҷумла афзоиши сармояи хонаводагӣ, ҳамзамон камшавии нерӯи корӣ ва падидаи «камолоти муҳоҷиратӣ» — таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
    Семинар фазои муколамаи самаранок ва мубодилаи афкори гуногунро фароҳам овард. Иштирокчиён тавассути баҳсҳои илмӣ тавонистанд роҳҳои коҳиши таъсири манфии муҳоҷират ва истифодаи босамари захираҳои инсонӣ дар шароити минтақавиро пешниҳод намоянд.
     Натиҷаҳои семинар нишон доданд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ бояд ҳамчун як падидаи комплексӣ ва стратегӣ таҳлил гардад, ки метавонад дар шароити сиёсати миллии инноватсионӣ, ба манфиати ҷомеа хизмат намояд.
Муфассал ...