Нусхаи чопи
Қурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановна, номзади илмҳои филологӣ,
мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ВА МАЪНАВӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
 
    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва барномаи амалии рушди давлат дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ мешавад. Дар паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври мукаммал ва муфассал таҳлил гардида, он барои ҷомеаи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, корхонаҳо ва кулли шаҳрвандон аҳамияти назарраси назариявӣ ва амалӣ дорад.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо такя ба далелҳои мушаххас вазифаҳои калидии давлатро дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷӣ муайян намуданд. Дар доираи сиёсати дохилӣ ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, ҳифз ва таҳкими арзишҳои фарҳанги миллӣ, инчунин таҳкими ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Аз ин ҷост, ки Паёми Президенти кишвар на танҳо барои кормандон ва масъулони соҳаҳои гуногун, балки барои тамоми аҳолии мамлакат ҳамчун манбаи муҳими донишу маърифат ва роҳнамои амалӣ аҳамияти хос дорад.
    Таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин суханронӣ ва татбиқи амалии самтҳои муайянгардида метавонад ба таҳкими пояҳои демократӣ, таъмини рушди устувор ва ободонии Ватани азизамон мусоидат намояд. Дар ин замина, зарур мешуморем, ки ба яке аз нуқтаҳои муҳими ин Паём таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
     Миллати тоҷик дорои таърих ва фарҳанги чандинҳазорсола буда, дар тӯли қарнҳо арзишҳои фарҳангиву таърихии худро ҳифз ва такомул дода, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шахсияти хирадманду дурбин ва огоҳ аз таърихи пурғановат ва асолати арзишҳои маънавии миллати тоҷик, пайваста ба қадимият ва ғановати таъриху фарҳанги халқи тоҷик ишора менамоянд ва ҳамеша талош меварзанд, ки асолати таърихӣ ва мероси маънавии ин миллат дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад. Дар ин замина, Сарвари давлат бо дақиқназарии хос ба арзиши бузурги ҷашнҳои бостонии ориётаборон, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, таъкид намуданд. Наврӯз ҳамчун ҷашне муаррифӣ мегардад, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ин амр далели эътирофи фарҳанги тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Тиргон бошад, ҳамчун ойинҳое тавсиф мешаванд, ки ғояҳои инсондӯстӣ, эҳтиром ба табиат ва ҳамоҳангии инсон бо муҳитро таҷассум менамоянд. Ин ҷашнҳо дорои таърихи чандҳазорсола буда, аз як ҷониб, пайвандгари наслҳои имрӯза бо мероси фарҳангии аҷдодон маҳсуб меёбанд ва аз ҷониби дигар, робитаи мутақобилаи инсон ва табиат, ҳамчунин вобастагии инсон аз табиат ва таъсири инсон ба онро бозгӯ мекунанд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо боис гардидаанд, ки ин ҷашнҳо, сарфи назар аз тағйироту бархӯрдҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, дар тӯли ҳазорсолаҳо мақоми худро ҳифз намоянд. Яке аз омилҳои асосии пойдории онҳо дар он ифода меёбад, ки ин ҷашнҳо ба ягон дин, мазҳаб, миллат ё кишвар маҳдуд набуда, ҷашнҳои умуминсонӣ ва табиатмеҳвар ба ҳисоб мераванд. Асоси ин ойинҳоро арзишҳои башардӯстона ташкил медиҳанд, ки аз оғози ҳастии инсон то имрӯз ҳамсафари ӯ буда, дар тамоми давру замонҳо ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти инсон маҳсуб мешаванд. Аз ҷониби дигар, ҷашнҳои мавсимӣ ҳамчун як мактаби фалсафӣ, ахлоқӣ ва инсонсозӣ арзёбӣ мегарданд, ки дорои суннат ва рамзҳои покизагӣ, оштӣ, эҳтиром ба калонсолон, кумак ба ниёзмандон, иттиҳод ва ягонагӣ буда, беҳтарин арзишҳои умумибашариро тарғиб менамоянд.
     Ҷашни Наврӯз рамзи зиндашавӣ ва эҳёи табиат маҳсуб ёфта, инсонро ба покизагӣ, навсозӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад.
     Меҳргон ҳамчун ҷашни шукргузорӣ аз меҳнати ҳалоли деҳқон ва неъматҳои табиат арзёбӣ шуда, ғояҳои ҳамдардӣ, дастгирии ниёзмандон ва эҳтиром ба калонсолонро таъкид менамояд.
     Ҷашни Сада рамзи оташ, равшанӣ ва покизагӣ буда, гиромидошти гузашта ва умеди фардои дурахшонро таҷассум мекунад.
     Тиргон бошад, ҳамчун ҷашни ҳосили тобистон, арзишҳои иттиҳод, ҳамбастагӣ ва шукргузориро тарғиб менамояд.
    Маҷмӯи ин расму ойинҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир ба таҳкими беҳтарин хислатҳои инсонӣ мусоидат намуда, ҳамчун манбаи устувории иҷтимоӣ ва арзишҳои пойдори маънавӣ хизмат мекунанд. Дар ин замина, гузаштагони мо низоми мукаммали таълимоти ахлоқию маънавиро ба вуҷуд овардаанд, ки ба талаботи ҳамаи давру замонҳо ҷавобгӯ буда, моҳияти он дар қолаби мафҳуми «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» таҷассум ёфтааст. Ин таълимот инсонро ба тарзи зиндагии пок, одилона, масъул ва созанда ҳидоят менамояд. Воқеан, ҳангоме ки андеша нек аст, гуфтор низ нек мегардад ва дар натиҷа рафтору амал низ хусусияти нек касб мекунад. Ба ин восита, инсон на танҳо шахсияти худро такмил мебахшад, балки дар ободии ҷомеа низ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамзамон, ин арзишҳо барои тарбияи насли комил ва ташаккули ҷомеаи солим аҳамияти ниҳоят муҳим доранд. Агар ин меъёрҳои ахлоқию маънавӣ ба таври дуруст ба раванди тарбияи наслҳои имрӯз ва фардо ворид карда шаванд, онҳо метавонанд ҷомеаи солим, бофарҳанг ва масъулро ташаккул дода, идомаи тамаддуни миллӣ ва умумибашариро таъмин намоянд. Бо такя ба ҳамин арзишҳои асили миллӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи таъсис ва бунёди «Маркази байналмилалии Наврӯз»-ро ба миён гузоштанд.
    Бояд таъкид намуд, ки ин марказ пеш аз ҳама ҳамчун пойгоҳи муаррифии Наврӯз ба сифати ҷашни бостонии мардумони ориёинажод ва ойини дорои мақоми байналмилалӣ хизмат хоҳад кард. Ҳамзамон, Маркази байналмилалии Наврӯз барои ҳифз, эҳё ва омӯзиши илмии анъана ва суннатҳои наврӯзӣ заминаи устувор фароҳам оварда, арзишҳои миллии вобаста ба он барои насли ҷавон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегарданд.
    Аз ҷониби дигар, фаъолияти Маркази байналмилалии Наврӯз ба таҳкими дӯстии халқҳо, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби эҳтиром ба табиат мусоидат менамояд. Илова бар ин, таъсиси чунин марказ нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурда, кишварро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими тамаддуни Наврӯз муаррифӣ хоҳад кард. Ҳамзамон, ин иқдоми арзишманд метавонад ба рушди сайёҳии фарҳангӣ мусоидат намуда, таваҷҷуҳи муҳаққиқон, пажӯҳишгарон ва сайёҳонро ба худ ҷалб намояд.
    Илова бар ин, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми имсола масъалаи таъсиси Конун ё Маркази тамаддуни ориёиро низ ба миён гузоштанд. Ин иқдоми арзишманд на танҳо ба бунёди як иншооти фарҳангӣ равона гардидааст, балки ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллии тоҷикон маънидод мешавад. Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ҳамчун пули пайвандгари мероси ғании гузашта ва ҷомеаи муосир хизмат намуда, арзишҳои маънавии миллиро ба наслҳои оянда интиқол диҳад.
    Бояд таъкид намуд, ки ташаббуси бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ва Конуни тамаддуни ориёӣ гувоҳи таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти олии кишвар ба ҳифз, омӯзиш ва рушди таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
    Ҳамзамон, Ҷаноби Олӣ бо таъкид бар он ки «амалӣ гардидани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик хоҳад буд», ба равшанӣ нишон доданд, ки ташаббус ва иқдомоти амалӣ, аз қабили ҳифз ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ, бунёди марказҳои фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои таърихиву маънавӣ дар сатҳи байналмилалӣ, далели воқеӣ ва раднопазири мавҷудияти тамаддуни ғании миллати тоҷик мебошанд. Ба ибораи дигар, таърих ва фарҳанги тоҷикон на танҳо дар манобеи хаттӣ, балки тавассути амал, осори моддиву маънавӣ, суннатҳо ва эътирофи ҷаҳонӣ исбот ва тасдиқ мегарданд.
    Дар маҷмӯъ, Маркази байналмилалии Наврӯз ва Конуни тамаддуни ориёӣ на танҳо биноҳои фарҳангӣ мебошанд, балки рамзи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва пайванди фарҳангҳо маҳсуб меёбанд. Ин муассисаҳо барои ҳифз ва интиқоли мероси ниёгон, ҳамчунин арзишҳои инсондӯстона дар ҷаҳони муосир нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, иқдомоти фарҳангӣ ва таърихӣ ҳамчун воситаи муҳимми ҳифзи ҳувияти миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ хизмат намуда, амалишавии онҳо ба насли ҷавон имконият фароҳам меорад, ки худро вориси тамаддуни бузург эҳсос намояд, аз он ифтихор кунад ва барои ҳифз ва рушди он талош намояд.
     Ин марказҳо заминаи устувор фароҳам меоранд, ки мероси бой ва арзишманди ориёиро ҳифз ва эҳё намоянд, ҳамзамон онҳоро ба таври илмӣ ва тарбиявӣ ба насли имрӯзу оянда омӯзонда, интиқол диҳанд. Бо ин роҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бостонӣ ва мероси фарҳангии ғанӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардад ва нақши муҳим ва таъсирбахши худро дар таърихи башарият бо равшанӣ ва воқеият нишон диҳад. Ин раванд ҳамчунин барои тақвияти худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи воқеан устувор мегузорад.