Нусхаи чопи

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВ

 

ТОҶИКИЯТ – ПОЯИ ХУДШИНОСӢ

 

    Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дар доираи нақшаи тасдиқшудаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмии «Хирад»-ро баргузор намуд, ки ба яке аз масъалаҳои калидии худидоракунӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ дар шароити муосир таҳти унвони «Тоҷикият – пояи худшиносӣ» ихтисос дода шуд. Маҳфил дар заминаи дастури арзишии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони дин ва фаъолон садо додааст («Ман аввал тоҷик, баъд мусулмон»), ҳамчун меҳвари консептуалӣ баррасӣ гардид. Аз дидгоҳи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, чунин тезис ба ташаккули иерархияи ҳувиятҳо ишора мекунад: дар он ҳувияти шаҳрвандӣ-этномадании «тоҷик будан» ҳамчун пояи ҳамгироии ҷамъиятӣ ва амнияти фарҳангӣ пеш гузошта шуда, ҳувияти динӣ ҳамчун унсури муҳими ҷаҳонбинӣ дар қолаби умумимиллӣ ҷой мегирад.

    Барномаи маҳфил бо суханронии ифтитоҳии муовини директор, номзади илмҳои филологӣ Некушоева Шаҳло оғоз ёфта, сипас бо се маърӯзаи асосӣ идома пайдо кард: доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар; ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти иҷтимоии Бадахшон Ҳаќназар Имомназар; ва унвонҷӯи соли аввал, рӯзноманигор Худоёрбекзода Хосият. Мавзӯъ аз чанд самти таҳқиқотӣ фаро гирифта шуд: (1) таҳлили фарҳангӣ-матншиносӣ ва нақши мероси фолклорӣ дар ҳифзи хотираи таърихӣ; (2) дидгоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар бораи омилҳои таҳкими ҳамбастагӣ ва худшиносӣ дар ҷомеа; (3) баррасии коммуникатсионии масъала тавассути таҷрибаи журналистика ва таъсири дискурсҳои ҷамъиятӣ ба шаклгирии ҳувият.

    Дар бахши саволу баҳс иштирокчиён мавқеъҳои худро бо такя ба муҳтавои маърӯзаҳо, далелҳои таърихӣ ва мушоҳидаҳои муосир асоснок карданд. Муҳокимаҳо нишон доданд, ки худшиносии миллӣ на танҳо мафҳуми эҳсосӣ, балки падидаи иҷтимоӣ-фарҳангии дорои унсурҳои маърифатӣ, арзишӣ ва рафторӣ мебошад: он тавассути забон, хотираи таърихӣ, анъанаҳо, институтҳои иҷтимоӣ ва сиёсати фарҳангӣ истеҳсол ва бозтавлид мегардад. Ҳамзамон, баҳсҳо фазои ҳамфикрӣ ва ҳамкории маърифатиро тақвият дода, ба хулосабарории муштарак ва бардоштҳои амалӣ замина фароҳам оварданд.

    Аз нигоҳи аҳаммияти иҷтимоӣ, баргузории чунин маҳфил саривақтӣ арзёбӣ мегардад, зеро он ба боло бурдани фарҳанги хирадварзӣ, таҳкими ҳувиятгароӣ (дар маънои илмии худ ҳамчун қувваи ҳамгироии ҷомеа) ва густариши таҳқиқи равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосир мусоидат мекунад. Дар ҷамъбасти маҳфил натиҷаҳо ҷамъбаст гардида, зарурати идомаи чунин чорабиниҳои илмӣ таъкид шуд. Илова бар ин, қайд гардид, ки идомаи силсилаи чунин маҳфилҳо барои рушди тафаккури илмӣ, таҳкими худшиносӣ ва фаъолсозии потенсиали таҳқиқотии ҷавонон аҳаммияти вижа дорад.