Нусхаи чопи

Ҷашни мавлуди доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ муборак бошад!!!

Мелоди хуҷастаи устоди гиромиқадр, забоншиноси маъруф, мутахассиси барҷастаи соҳаи ономастика, шахси хоксору самимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назри Офаридаевро ҳайати олимону кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров бо самимияти беандоза табрик гуфта хонаободиву рўзгори хушу осударо барояшон таманно дорем.

Ҳаёт ва фаъолияти Устоди гиромиқадр, доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ намунаи барҷастаест, ки масири пурбаракати  тайнамудаи на танҳо як олими сарсупурдаи арсаи илмро инъикос менамояд, балки ифшогари меҳру муҳаббати шахсиятест, ки ба касби интихобнамудаи худ, новобаста аз вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, садоқати бемисл дорад.

Ҳар гаҳе ба тадқиқоти Устод назар меандозем, хоҳ он дар ҷодаи забоншиносӣ бошад, хоҳ дар ҷодаи таъриху мардумшиносӣ, мо баръало заминаи қавии дониши комили андӯхтаи муҳаққиқро дида, маҳорат ва малакаи аз ҷониби муҳаққиқ ба умқи масъалаи баррасишаванда пурра фурӯ рафтану гавҳари моҳияти онро суфта гардондану дар тарозуи мантиқ ва услуби дурусти интихобнамуда баркашидан ва то интиҳо ҳал сохтанаш, ҳар як хонандаю донандаи навпайкор ва таҷрибадорро низ муттаассир месозад.

Яке аз хизматҳои бузурги устод дар ҷодаи илми муосири тоҷик ин омўзиш ва таҳќиќи онамастика ва ќисматҳои он мебошад ва дар ин самт яке аз корҳои таҳќиќотии арзишманди устод «Топонимияи таърихии Кўҳистони Бадахшон» мебошад, ки дорои аҳамияти беназир дар таърихи рушди таҳќиќи илми забоншиносӣ мебошад.

Кори дигари илмӣ-бунёдии профессор Офаридаев Н. “Ойкономияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” (2001) аст, ки ба тадқиқи яке аз бахшҳои омӯхтанашудаи топонимикаи Бадахшон- ойконимия (номҳои нукоти маскун) бахшида шудааст. Олими пуркор номҳои шаҳру навоҳӣ ва деҳоти  ВМКБ бори нахуст аз назари  маъно, сохту таркиб, вижагиҳои луғавӣ ва таърихию этимологӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Дар давоми ду соли охир китоби тозанашри устод таҳти унвони “Очерки по топонимии и микротопонимии горного Бадахшана” (Душанбе, 2024) таълиф гардид, ки боз як кори бунёдӣ дар забоншиносӣ ба шумор меравад.

Китоби дигари устод “Асосҳои назариявии таҳияи пайкараҳои забонҳои помирӣ” (Душанбе, 2025), ки барои пажуҳиши масоили гуногуни забонҳои мазкур манбаи муҳимме ба шумор меравад,  дар арафаи мавлуди мубораки устод нашр гардид, ки туҳфаи пурарзиш барои худи устод ва барои ҷомеаи илмии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар умум устод беш аз 10 китоби илмӣ дар соҳаи номшиносӣ ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва сиёсиро ба табъ расонидааст, ки ин саҳми шоистаи устод дар соҳаи забоншиносӣ ва дар умум хизмату саҳми бебаҳои устодро дар илми тоҷик нишон медиҳад.

Бори дигар ба устоди арҷманд дар роҳи таҳқиқоти илмӣ, таълиму тарбияи муваффақонаи шогирдон дар ҷодаи саҳми ҳамешагиашон дар илму фарҳанги миллати тоҷик муваффақиятҳои беназир, ҳамчунин тани сиҳат, хотири ҷамъ, сулҳу сафою осмони софу беғубор ва сарбаландию пешрафтҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро таманно дорем.