Нусхаи чопи

Ҳақназар Имомназар, ходими илмии ИИГ

Президент эҳёгари давлатдорӣ, ҳувият ва ваҳдати миллӣ

    Сиёсашиносон ва иҷтимошиносон (сотсиологҳо) институти президентиро ҳамчунт  як унсури марказии низоми сиёсӣ-маънавӣ шарҳ дода, таҷлили Рӯзи Президентро барои таҳкими давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа муассир медонандсоидат мекунад. Дар таърихи миллатҳои куҳанфарҳанги ҷаҳон (таври мисол чинӣ), мақоми пешво, роҳбар дар қатори арзишҳои асосӣ ба мисли замин, осмон, волидайн, устод дорои арзиши хос мебошад. Дар кишварҳои зиёди дунё арҷгузорӣ ба роҳбарону пешвоён, ба хусус ба онҳое, ки дар эҳёи давлатдории худӣ саҳми калидӣ доштаанд, таърихан вуҷуд дошта ва ҳанӯз ҳам ҳамчун яке аз ҷашнҳои миллӣ таҷлил мешавад.  Дар Тоҷикистон институти президентӣ на танҳо мақоми идорӣ, балки арзиши миллӣ ва идеологӣ дорад,  зеро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам эҳёгари давлатдории таърихӣ, ҳувият ва ваҳдати милӣ мебошад.

  1. Рӯзи Президент ҳамчун як ҷузъи фарҳанги сиёсӣ ва институтсионалии давлатдории миллӣ, ки хотироти таърихиро зинда нигоҳ медорад, наслҳоро ба ҳам мепайвандад ва эҳтиром ба манофеъ ва арзишҳои миллиро тарғиб менамояд.
  2. Мақоми ниҳодӣ ё институтсионалиии Президент дар низоми давлатдорӣ.

    Тибқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент дар сохтори ҳокимият сарвари давлат ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон,  кафили Конститутсия, ва таъмини истиқлолият ва амният мебошад.

  1. Паёми сиёсӣ ва аҳамияти иҷтимоии Рӯзи Президенти Тоҷикистон -даъвати мардум барои эҳтиром ба сарзамини аҷдодӣ, давлатдории худӣ, низоми қонун, ва раҳбарии оқилона мебошад.
  2. Пайванди Рӯзи Президент ва худшиносии миллӣ,- яъне

як навъ пайванди идеологӣ байни наслҳост, наслҳое, ки барои сулҳ мубориза бурданд ва наслҳое, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.

    Хизматҳои асосӣ ва бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатсозии миллӣ ҳувият ва ваҳдати миллӣ .

  1. Барқарорсозии сулҳ, ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории худӣ
  2. Таҳкими пояҳои конститутсионӣ ва сиёсати ҳуқуқбунёд
  3. Эҳёи иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ
  4. Таҳкими сиёсати хориҷӣ ва мақоми байналмилалӣ
  5. Эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ
  6. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсати иҷтимоӣ

    Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем. Ба таври дигар, ҳамаи ин иқдомҳо ва талошҳои ватанпарастона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат барои эҳёи ҳувияти миллӣ, боло бурдани эҳсоси ватандорӣ ва таҳкими фарҳанги давлатдорӣ хизмат кардаанд ва барои наслҳои баъдӣ ҳамчун заминаи боэътимод хизмати боарзиштар хоҳанд кард. Ҳамаи ин хидматҳо собит месозанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ нақши таърихӣ ва бунёдӣ дорад, ки дар дохили кишвар ва берун аз он воқеияти инкорнопазир ва шакнопазир аст.

    Бино бар таҳлили мо, нозуктарин масъалае, ки рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳатто  сиёсӣ фарҳангӣ ва амнияти идеологӣ дар Тоҷикистон ба он вобастагӣ дорад, ин зарурати тағйири тафаккур, шуур ва мутобиқ кардани он бо воқеиятҳои замон мебошад. Зеро ба таври куллӣ, воқеият чунин аст, ки менталитети суннатӣ, яъне тарзи тафаккур ва арзишҳои решадор дар ҷомеаи тоҷик, аз як тараф манбаи устуворӣ ва худшиносии ҷомеа бошад, аз сӯи дигар, агар дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иҷтимоӣ бо назарияи илмӣ ва танзими оқилона танзиму ислоҳ, беҳсозӣ нашавад, монеаи суръати пешрафт боқӣ монда метавонад.

    Ба ибораи дигар, агар бе таҳаввул ва мутобиқсозӣ ба замони муосири воқеӣ нигоҳ дошта нашаванд, метавонанд ба монеаи рушди илмӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ҳам табдил ёбанд. Аз ин рӯ, огоҳонидани мардум аз воқеиятҳо ва таъмини ваҳдати комили он дар атрофи Пешвои миллӣ-мардумӣ, дар шароити ҷаҳони кунунӣ, ҷавоби тамоми ин мушкилот ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ мебошад.

    Набояд лаҳзае фаромӯш кард, ки ҳар рӯзи фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл таърихсозист, тақдирсозист. Ҳар соати зиндагии осудаи ҷомеаи ҳанӯз аз бисёр ҷанбаҳо осебпазир, дар ин дунёи муосири ғайриқобили пешгӯиҳо, натиҷаи соатҳои тӯлонии заҳмати ҳамин Президенти мардумии мамлакат аст. Ҳатто танҳо ба ҳамин воқеият, месазад, ки миллат ба Пешвои маҳбубаш ҳамеша арҷу эҳтиромашро ҳифз кунад ва дар роҳи амалӣ намудани сиёсати ватанпарастонаву мардумии Пешвои тамоми тоҷикони дунё, ба хотири ояндаи дурахшонтар, содиқонаю самимона саҳм бигирад, бо Президенти дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун пешво эътироф шудаи худ ифтихор дошта бошад.Зеро роҳу гузинаи дигару беҳтар ба соддагӣ вуҷуд ҳам надорад.