Нусхаи чопи
Хосият Худоёрбекзода - унвонҷуйи шуъбаи фолклор ва
адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба
номи Баҳодур Искандарови АМИТ
 
ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН РУДИ ВАХШ
(дар ҳошияи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оиб ба ҳифзи пиряхҳо)
 
     “Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иҷлими глобалӣ низ аҳамияти муҳим доранд...Умед дорам,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи саривақтии ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба обу иқлим бахусус ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи босамару оқилонаи об беш аз пеш талош хоҳад кард.”- аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо. (30.05.2025)
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ин неъмати Тоҷикистонро дар баробари манбаи бузурги обии минтақа будан, ҳамзамон нигоҳдорандаи устувории иқлим маънидод намуданд. Пирях ва обҳои аз он ҷорришаванда сарвати бебаҳои табиати Тоҷикистон мебошанд ва таъкиди Приезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба аҳли ҷаҳон бар он аст, ки ин сарвати табииӣ тоҷикон, ки талаботи тамоми мардумони минтақаро қонеъ менамояд бояд дар дастҷамъи ҳифз шуда, обҳо оқилона ҳифз карда шаванд.
     Нисбат ба ин сарватҳои бузурги миллат-пирях ва об дар Тоҷикистон эҳтироми хосаи хурду бузург ҳувайдост. Ин арҷгузорӣ нахуст аз фарҳанги пурғановати гузаштагони миллати тоҷик сарманша мегирад ва баъдан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба обу пирях низ таъсиргузори ин фаҳмишу аррзишҳо мебошнд. Андар бузургии ин ду неъмат дар эҷодиёти шифоҳии мардум ва маълумотҳои хаттиву адабиётҳо панду андарзу шеъру тарона, гуфторҳову васфномаҳои бешумор арзи ҳастӣ доранд . Яке аз чунин вассофони ободии диёр ва тараннумгари обҳои сарзамин шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар мебошад,ки зода ва тарбиятёфтаи куҳистони Ватан буда, аз обҳои мусаффои сарзамин илҳомгирифта мебошад. Дар ашъори ӯ васфи дарёҳову чашмасорон ва рудҳои Тоҷикистон мавқеи хоса доранд. Мирсаид Миршакар дар асри гузашта (1912-1993 ) зиндагӣ, кору фаъолият дошт ва чун фарзанди дурандеш, шоири тавоно, инсони заҳматписанд муҳимияти ин неъмати беназири табиат-обро дарк намуда, нақши онро дар пешбурди ҳаёт ва ояндадорӣ бо маҳорати баланд ба қалам додааст. Чунин тасвирҳо дар эҷодиёти шоир бешумор астанд, вале мо тараннуми бузургии руди Вахшро дар ашъори шоир мавриди таҳлил қарор медиҳем.
     Мирсаид Миршакар зодаи макони чашмасорони Ватан, фарзанди Боми Ҷаҳон мебошад. Дар миёни куҳҳои гардунрас ба воя расида, аз заҳмату талошҳои одам дар роҳи пайдо намудани ризқу рузии ҳалол басо огоҳ буд. Камзаминии минтақаи куҳӣ, кандани руду ҷуйборҳо баҳри ҳосилнокии заминро шоҳид буд. Қадру манзалати обшорону дарёву рудҳои ватанро хуб медонист. Ин аст, ки шеърҳояш дар худ зебогии диёр ва меҳру самимиятро нисбат ба обу хоки сарзамин таҷассумгар мебошанд. Шоир даҳҳо шеъру достонро ба дарёву рудҳои Ватанаш бахшидааст ва ҷонбахшии ин неъмати беҳамтои табиатро бараъло эҳсос ва дарк намудааст.Яке аз чунин додагиҳои бузурги табиати Ватан дарёи Вахш мебошад, ки дар ашъори шоир мавқеи муҳим дорад. Инчунин ҳузури шоир дар раванди сохтмони иншоот дар дарёи Вахш ба ашъори ӯ таъсири созгор намудааст. Тули солҳои 1932- 1934      Мирсаид Миршакар аз ҷониби Кумитаи марказии ҷавонони Тоҷикистон ба сохтмони Канали бузурги Вахш барои кор фиристонда мешавад . Дар ин ҷо Мирсаид Миршакар ба ҳайси сармуҳаррири рузномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” кор карда, мафтуни Вахши нозанин мегардад.
Вахш
Маънии номи туро эй руди Вахш
Ҳар касе аз руи ақлу фаҳми худ
Шарҳ дод.
Он яке “ваҳшӣ” туро номида буд,
Дигаре “пурхашм”,
Сеюм “бадниҳод”...
Бишнав аз ман маъниятро :
-Руди Вахш-
Ганҷбахшу
Хайрбахшу
Нурбахш!
     Дар эҷодиёти шоир мавқеи дарёву рудҳои Ватан басо моҳирона тасвир шудаанд, вале дарёи Панҷ, ки аз қуллаҳои осмонбуси зодгоҳи шоир оғоз меёбад ва дарёи Вахш, ки сарманшаи даҳҳо ободкориҳост, дар ашъори Мирсаид Миршакар ҷойгоҳи махсусро доранд. Бо ҳар як ҷараёну мавҷҳои пуртуғёни дарёи Панҷ, ки пайваста аз санг ба санге ҷаҳида, ҳамеша дар ҷушу хуруш аст, шоир аз хурдӣ ошноӣ дошт, аммо дарёи Вахш, ки ҳастии ин об ҷонбахшандаи пахтазорону боғоти кишвар аст, шоирро зимни фаъолияти эҷодияш мафтуни худ гардонида буд. Ба ҳар ду дарё шеъру достонҳои зиёд бахшидааст. Ҳангоми сармуҳаррири рузномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” кор карданаш Мирсаид Миршакар на танҳо ҳамчун эҷодкор,балки ба ҳайси коргари оддӣ низ фаъолият дошта, бо заҳматкашон ҳамсуҳбат гардида, маълумоти бештаре гирифта, худи Вахшро сарчашмаи илҳоми хеш ном бурдааст.
Сарчашмаи илҳоми ман
Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман,
Руди қудратбахшу неъматбахши ман.
Ҳамчу фарзанди ту дар базми сухан
Гул кунад ҳарфам чу гуям :-Вахши ман!
...Шод мегардам, бубинам лаҳзае
Мавҷҳои шуху хушнуди туро.
Ҷуш зан ! Дилдодаю дил бастаям
Мавҷҳои хашмолуди туро ..
Ифтихори Тоҷикистон руди Вахш
Мавҷ зан! Дар мавҷҳоят зиндагист!
     Шоир Вахшро на танҳо сарчашмаи илҳоми худ ва мояи ифтихор ном бурдааст, балки дар шеъри дигар маҳбубияти беинтиҳои худро ба ин дарё изҳор дошта, Вахшро дорои неруи пурқудрат маънидод менамояд.Қудрати дарёро дар сероб намудани даштҳои ташналаб, ҷон бахшидани лолазорону ранг бахшиданиҳои табиат баён месозад. Дар ашъори шоир Вахш –офарандаи неругоҳҳо, тавлидкунандаи барқ аст. Имрузҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ватан низ дарёи Вахш ин рисолати табииӣ худро бештар амалӣ намуда истодааст. Шоир ғановати табиати Ватанро дар ҷушу туғёни оби Вахш мебинад. Ин маъни дар шеъри “Нағз мебинам туро” бо ихлоси бепоён тасвир гардидааст.
Нағз мебинам туро
Руди шухи тунду тези куҳсор
Нағз мебинам туро!
Қодир туӣ! бе вуҷудат хира ранги лолазор.
Пеш рав!
Дар интизорат Гэс-ҳо
Даштҳои ташналаб дар интизор.
Аз ту тобистони мо серу ғанист
Аз ту гулпуш ҳаст айёми баҳор ...
Бозистодан барои туст марг
Пеш рав, бо наъра хурда печутоб.
Ҳар чӣ садди шоҳроҳат гар шавад
Маҳву нобудаш намо чун инқилоб.
Нағз мебинам туро...
     Дар шеъри дигар гуиё имрузи ҳастии Вахш тасвир шуда бошад, на Вахши як аср пеш. Хизматҳои ин дарёи дар ҳақиқат таърихӣ барои Ватан муҳим ва беназир аст. Имрузҳо низ хизмати ин дарёи нурбахш ва муҳимияти он натанҳо барои сокинони Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ бағоят калон аст.
Коргар
....То шавад ободтар шаҳру деҳот,
Рузгори мо равад то боз пеш,
Нури дил-афруз меорам ба даст,
Гавҳаросо аз дили дарёи хеш
Давлатам гуфто, ки бандам роҳи Вахш,
Ҳамчу фарзанди падар бастам камар.
Медиҳам гар ваъда меорам ба ҷо
Аз раҳи сидқу сафо чун коргар.
     Фаслҳо мегузаранд. Наслҳо ба воя мерасанд, танҳо Вахш ҳамоно дар зери боду борону офтоб бо беқарории худ ҷараён дорад. Ҳамоно дар хизмати одамон аст ва ин оби Ватан баракат дорад , ҳусни зиндагиро зеботар менамояд.