Қурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановна - мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ, номзади илмҳои филология
БОЗИҲОИ НАВРӮЗӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ, ФАРҲАНГӢ ВА РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ
Бозӣ зуҳуроти қобилияти инсон буда, нахустин марҳилаҳои ташаккули ҷомеа ва заминаи рушди фаъолияти эҷодиву меҳнатиро фароҳам овардааст. Ин зуҳурот фаъолияти меҳнатии нахустинсонҳо, тасаввурот, таҷриба, завқи рақобат ва майли ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилотро бедор намуд. Нахустинсонҳо дар раванди мубориза бо падидаҳои муҳит истеъдоди фитрии худро барои давидан, ҷаҳидан, партофтан ва андеша намудан такомул бахшида, тадриҷан истифодаи санг, чӯб ва баъдтар оҳанро омӯхтанд. Ҳамин раванд боиси ташаккули муҳити фарҳангӣ, рушди тафаккури зеҳнӣ ва пайдоиши ҳунарҳои мардумӣ низ гардида буд.
Баробари пешрафти зиндагӣ олоти оддии сангину чӯбин ҷойи худро ба найза, шамшер ва дигар олоти ҷангӣ доданд, ки ин ҳама пешравиҳо маънавиёти инсонро низ таҳаввул бахшида, машғулиятҳо тадриҷан шакли ҷашнӣ ва маросимиро гирифтанд. Дар ин раванд бозиҳо аз воситаи одии тамрин ба василаи шодӣ, завқ ва ҳамбастагӣ табдил ёфтанд. Пайванди онҳо бо эътиқоду боварҳои мардумӣ, ки асоси ҷашну маросимҳоро ташкил медод, боиси ғанӣ гардидани муҳтаво ва шакли онҳо низ шуда буд.
Яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ, ки ҳазорон сол қавму қабилаҳои ориёитабор онро гиромӣ медоштанд, ҷашни Наврӯз аст. Унсурҳои бозӣ на танҳо дар ин ҷашни мавсимӣ, балки дар дигар маросимҳои суннатӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Бозиҳои мардумӣ қисми ҷудонашавандаи ин ҷашни бостонӣ буда, ҳар кадом дорои хусусият, моҳият ва ҳадафи хоси худ ба ҳисоб мераванд. Онҳо шакли ибтидоии фарҳанги инсониро инъикос намуда, орзуву омоли мардумро таҷассум мекунанд. Аз ин ҷиҳат ба воситаи бозӣ ормонҳои худро баён мекарданд ва онро ҳамчун рамз дар ҷашну маросимҳо истифода мебурданд.
Аксари бозиҳои наврӯзие, ки то замони мо расидаанд, реша ба даврае доранд, ки инсоният ба чорводорӣ, заминкорӣ ва шикор машғул буд. Таҳлили амиқи ин бозиҳо имкон медиҳад, ки нақши онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии мардум, муносибатҳои ҷамъиятӣ, тарбияи ҷисмониву ахлоқии ҷавонон ва ҳифзи ҳувияти фарҳангии ҳар минтақа равшан гардад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи бозиҳои наврӯзии Бадахшон, бо дарназардошти вижагиҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва рамзии онҳо, барои илмҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ҷомеашиносӣ аҳаммияти хоса дорад, зеро онҳо ҳамчун падидаи муҳими фарҳанги мардумӣ на танҳо суннатҳои бостониро ҳифз намудаанд, балки равандҳои ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоиро низ инъикос менамоянд.
Бозиҳои наврӯзӣ на танҳо барои фароғат, балки бо вижагиҳои эътиқодӣ ва ба умеди амалӣ гардидани орзуҳо иҷро мешуданд. Онҳо бештар хусусияти рамзӣ дошта, бо орзӯи фаровонӣ, баракат, пирӯзӣ, саломатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа пайванд буданд ва ба ҳамин васила дар зеҳни мардум эҳсоси умед, итминон ва иртибот бо суннатҳои ниёгонро таҳким мебахшиданд. Масалан, дар Бадахшон бозии «санҷак» ба нияти афзоиши чорво баргузор мегардид. Навъе аз он бо паҳн кардани сангчаҳо дар рӯи замин ва гузаронидани онҳо аз миёни ангуштон анҷом мешуд. Ҳар ҳаракат дар он рамзи ворид намудани чорво ба оғил маҳсуб меёфт. Санҷак (сангчабозӣ) бештар аз ҷониби духтарон иҷро мегардид. Ин бозӣ, ки бо панҷ сангчаи кулӯлашакли андозаи тахминан 2–3 сантиметрӣ баргузор мешавад, на танҳо василаи фароғат, балки намунаи равшани санҷиши зеҳн, диққат ва ҳамоҳангии ҳаракатҳо ба ҳисоб меравад. Санҷак одатан миёни ду ё чанд нафар духтарон анҷом ёфта, дорои шаш бахши пайдарпай ва низоми дақиқи қоидаҳо мебошад. Бозӣ бо ҳаво додани панҷ сангча ба кафи даст оғоз меёбад. Бозигар онҳоро ба боло ҳаво дода, мекӯшад то ки ҳангоми фуруд омадан дар рӯйи дасташ нигоҳ дорад. Давоми бозӣ аз он вобаста аст, ки чанд сангча дар рӯйи даст боқӣ мемонад. Новобаста аз он ки бозӣ аз кадом бахш оғоз меёбад, дар маҷмуъ шаш марҳиларо дар бар мегирад ва ҳар бахш дорои тарзи иҷро ва номгузории махсус мебошад.
Бояд қайд кард, ки бозии санҷак танҳо машқи маҳорати даст нест, балки дорои маъноҳои амиқи рамзӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Сохтори шашмарҳилавӣ, қоидаҳои дақиқ ва унсурҳои рақобатӣ онро ба як навъ “мактаби рамзии зиндагӣ” табдил медиҳанд. Пеш аз ҳама, ин бозӣ рамзи оғилу чорво буда, мазмун ва маънои худро дорад. Гузаронидани санчаҳо аз миёни ангуштон ва дохил кардани онҳо ба ҷойи муайян, ба таври рамзӣ ба оғил даровардани чорворо ишора мекунад. Ҳар ҳаракат дар ин бозӣ таҷассумгари кори чӯпон ва ҷамъоварии чорво мебошад, ки бо маҳорати дасту ангуштон анҷом меёбад.
Оғози бозӣ ба ҳаво додани панҷ сангча ва нигоҳ доштани онҳо бар рӯйи даст рамзи тавозуни зиндагӣ аст. Ин лаҳза гӯё санҷиши тақдир ва қобилияти инсон барои идора кардани вазъият мебошад. Чанд сангчае, ки боқӣ мемонанд, самти идомаи бозиро муайян мекунад, ба мисли он ки шароити зиндагӣ роҳи инсонро муайян месозад.
Баъдан, шаш бахши пайдарпайи бозӣ ба зинаҳои рушду камоли инсоният монанд аст, ки бозигар наметавонад, якбора ба бахши аз ҳама охирон расад, агар маҳорати кофӣ дошта бошад. Ин тартиб рамзи он аст, ки ҳар комёбӣ аз зинаҳои пайдарпайи омӯзиш ва таҷриба мегузарад.
Санҷак дар зоҳир бозии содаи кӯдакона аст, вале дар асл рамзи зиндагӣ, сабру таҳаммул, зиракӣ, рақобат ва пирӯзӣ бар душворӣ мебошад. Он на танҳо ангуштону чашмро машқ медиҳад, балки руҳия, масъулиятшиносӣ ва омодагии равониро барои рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти зиндагӣ тақвият мебахшад.
Тибқи боварҳои мардумӣ, бе ҷашнгирии Наврӯз ва даъвати борон санҷакбозӣ метавонист ба чорво зарар расонад. Дар шакли дигар ду ё се сангча ба ҳаво партофта мешуданд, ки онро ҳангоми хушксолӣ барои даъвати борон иҷро мекарданд. Ҳаракати сангчаҳо дар ҳаво ва бозгашти онҳо ба замин ба таври рамзӣ гардиши абрҳо ва фурӯ рехтани қатраҳои боронро таҷассум мекард. Мардум бовар доштанд, ки ин амал метавонад табиатро ба ҳаракат оварда, фасли беобиро ба фасли сербориш табдил диҳад. Санг ҳамчун маводи табиӣ рамзи устуворӣ ва пойдорӣ ба шумор меравад.
Тибқи эътиқоди мардумӣ, агар ҷашнгирии Наврӯз бо ойинҳои марбут ба он, аз ҷумла санҷакбозӣ, баргузор нагардад, мумкин аст ба чорво осеб расад ва сол аз лиҳози фаровонӣ камбаракат шавад. Аз ин рӯ, санҷакбозӣ танҳо як бозии кӯдакона набуда, балки ҷузъи маросими рамзии таъмин намудани баракат, ҳифзи чорво ва фаровонии рӯзгор ба ҳисоб мерафт.
Бозии дигари маъмули наврӯзӣ лāшбозӣ мебошад. Лāшбозӣ дар баробари хусусияти фароғатӣ доштан, дорои маъноҳои амиқи рамзӣ низ мебошад. Сохтор, бахшҳо ва тарзи иҷрои он арзишҳои ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоиро таҷассум мекунанд. Номгузории бахшҳо ба узвҳои бадан (дастик, оринҷ, гӯшик ва ғайра) робитаи мустақим бо қувваи ҷисмонӣ дорад. Ин бозӣ рамзи тавоноӣ, ҷасорат ва устувории ҷавонон аст. Лāшбозӣ на танҳо як бозии одӣ, балки низоми мураккаби машқҳои ҷисмонӣ ва ахлоқист, ки дар он неруи тану руҳ, маҳорати шахсӣ ва ҳамкории дастаҷамъӣ ба ҳам меоянд. Номгузории бахшҳо ба узвҳои бадан, тарзи иҷрои он ва ҷазоҳои рамзӣ нишон медиҳанд, ки ин бозӣ решаи амиқи фарҳангӣ дорад.
Бозии дигари маъмули наврӯзӣ, ки аз тарафи мардон иҷро мегардид, гӯйбозӣ аст. Гӯйбозӣ ё ҷавгонбозӣ ҳамчун бозии қадимаи мардона на танҳо як навъи варзиш, балки рамзи ҷаҳонбинии мардум низ ба шумор меравад. Он нишонаи омодагии мардон ба ҳимоя ва набард маҳсуб мешуд. Бозӣ дастаҷамъона сурат мегирифт. Ғалаба танҳо бо ҳамоҳангӣ ва дастгирии якдигар имконпазир буд, ки ин ваҳдату ҳамфикриро ифода мекард. Хусусан саворагӯй ҳамчун мактаби аспсаворӣ ва омодагии ҷангӣ хизмат мекард. Он нишонаи омодагӣ ба ҳифзи сарзамин ва шарафи ҷомеа буд. Ин бозӣ дар ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва иҷтимоии ҷавонон нақши муҳим бозида, имрӯз низ метавонад ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ эҳё ва ҳифз гардад.
Бозии дигаре, ки аз тарафи духтарон танҳо дар ҷашни Наврӯз баргузор гардида дорои рамзу вижагиҳои хоси худ буд, арғунчакбозӣ ба ҳисоб меравад. Ин бозӣ ҳамчун як маросими рамзӣ ва ҷузъи муҳими фарҳанги мардумӣ мебошад, ки ормонҳои пок, зебоипарастӣ ва руҳияи озодихоҳии духтаронро таҷассум мекунад. Ҳангоми бо навбат савор шуда, ба пешу қафо алвонҷ хурдану ҳаракати мунтазаму мавҷноки арғунчак гӯё пайванди замину осмон, поёну боло ва гузаштаро бо имрӯз ифода мекард. Дар ҳангоми ин бозӣ духтарон суруд мехонданд, ки мазмуни онҳо табиат, зебоӣ ва орзуҳои ҷавониро дар бар мегирифт.
Бо вуҷуди он ки дар зоҳир қоидаҳои арғунчакбозӣ сода ва фаҳмо менамуданд, аммо ҳар ҳаракату ҳар қарор маънои амиқтаре дар паси худ дошт. Аз ҷумла алвонҷ хурдан ба сӯи боло рамзи парвоз, ҳамбастагии инсону табиат, орзу ва рушд буда, дар айёми Наврӯз, ки фасли эҳёву зиндашавии табиат аст, ин ҳаракат маънои покизагӣ ва умед ба ояндаро дорад. Арғунчак ҷойи муоширати духтарона буда, дар раванди бозӣ онҳо дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми якдигарро меомӯхтанд.
Дар маҷмуъ бозиҳои наврӯзӣ дар баробари инъикоси фарҳанги миллӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ таъсири амиқ мерасонанд. Онҳо намунаи тарзи зист, сабру таҳаммул ва таҷрибаи рӯзгори гузаштагон ҳастанд. Бисёре аз бозиҳо тафаккури солим, заковат ва тадбирро талаб мекунанд. Бозигарон зимни бозӣ масъулиятшинос шуда, барои пирӯзӣ талош менамоянд. Ин раванд дар онҳо ҳисси эътимод, қотеъият, устуворӣ ва ихтироъкориро парвариш медиҳад.
Дар баробари ин бозӣ воситаи муҳими ҳамкории кӯдакон бо муҳит буда, заминаи муошират ва ташаккули ахлоқро фароҳам месозад. Он завқи бадеиро рушд дода, заминаи пайдоиши сухани мавзун ва ҳунарҳои саҳнавиро гузоштааст. Театру синамо низ дар асл аз ҳамин ниёзи бозигарона ва тақлидкоронаи инсон сарчашма гирифтаанд. Ҳар бозигар дар муҳити ахлоқӣ камол ёфта, дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳм мегузорад. Бозиҳо вобаста ба шароити ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шакл гирифта, мардумро дар як фазои фарҳангӣ муттаҳид месозанд. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои таърихию фарҳангӣ боис шуданд, ки онҳо аз насл ба насл интиқол меёбанд.
Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат, ки имрӯз бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидааст, на танҳо суннати дерина, балки падидаи муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Арҷгузории хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ва ба миён гузоштани масъалаи таъсису бунёди «Маркази байналмилалии Наврӯз» бори дигар аҳамияти ҷаҳонӣ ва ваҳдатофари ин ҷашни бузургро таъкид менамояд. Ин ҷашн дар тӯли ҳазорсолаҳо мардумро ба ҳам оварда, арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳ, дӯстӣ ва эҳтиром ба табиатро таблиғ намудааст. Дар баробари ойинҳои гуногуни наврӯзӣ, бозиҳои суннатӣ ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ шинохта мешаванд. Бо вуҷуди ин, на ҳамаи бозиҳои суннатӣ то замони мо расидаанд. Имрӯз бар асари тағйир ёфтани тарзи зиндагӣ, шаҳрнишинӣ ва густариши шабакаҳои интернетӣ, таваҷҷуҳи ҷавонон бештар ба бозиҳои рақамӣ ва фароғатҳои муосир равона гардидааст. Дар натиҷа, бисёре аз бозиҳои наврӯзӣ дар ҳоли аз байн рафтан қарор доранд ё танҳо дар баъзе минтақаҳо ба таври маҳдуд баргузор мешаванд.
Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳамқадами мақоми байналмилалии Наврӯз ва бунёди «Маркази байналмилалии Наврӯз» бозиҳои наврӯзӣ низ эҳё ва ҳифз гарданд. Ин раванд метавонад тавассути ташкили мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ворид намудани онҳо ба барномаҳои таълимӣ, сабт ва муаррифии онҳо тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ шавад. Ҳифзи бозиҳои наврӯзӣ на танҳо пос доштани мероси фарҳангист, балки воситаи муассири тарбия, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пайванди наслҳо низ мебошад. Бинобар ин, бозиҳои наврӯзӣ бояд ҳамчун ганҷинаи арзишманди фарҳанги миллӣ ҳифз гардида, ба ояндагон мерос гузошта шаванд, зеро онҳо на танҳо хотираи гузашта, балки пояи устувори худшиносӣ ва рушди маънавии ҷомеаи имрӯз ва фардо мебошанд.