МАҲФИЛИ АДАБӢ БАХШИДА БА ЭҶОДИЁТИ САОДАТИ САИДНАЗАР – ШЕЪРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ, ЭҲСОС ВА ҲУВИЯТ!
30 апрели соли 2025 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров, маҳфили пуршукӯҳи адабӣ таҳти унвони «Шеър – васифгари сулҳу дӯстӣ» бо иштироки шоираи маъруф, Саодати Саидназар баргузор гардид.
Ин маҳфил, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифт, ба таври комил ба шахсияти адабӣ ва осори ин бонуи сухандон бахшида шуда буд.
Муовини директор оид ба илм ва таълими Институт, номзади илмҳои филология Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна, бо суханони гарму самимӣ маҳфилро ифтитоҳ намуданд ва аз ҷойгоҳи шеъру фарҳанг дар таҳкими ҳувият ва сулҳ ёдовар шуданд.
Саодати Саидназар – шоираи шинохта, узви шуъбаи Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, бо садоқати баланд ба сухан, бо забони пурмаъно ва лирикии хеш тавонистааст, ки эҳсоси сулҳ, ватан, муҳаббат ва маърифатро дар эҷодиёташ табдил ба оинаи замон кунад.
Маҳфил маҳз дар атрофи осори шоира сохта шуда буд. Шоира бо суҳбатҳои амиқ, қироати баъзе шеърҳояш ва муҳокимаронӣ ҳамроҳӣ шуданд, ки дар онҳо шеъри шоира ҳамчун оинаи ахлоқ, фарҳанг ва ҳассосияти иҷтимоӣ маънидод гардид.
Маърӯзаҳои илмии олимони ва муҳаққиқон низ ба таҳлили ҷанбаҳои адабӣ ва фалсафии осори шоира бахшида шуданд:
— Доктор Офаридаев Назрӣ, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии институт, дар мавзӯи «Андешае дар бораи маърифати шеъри Саодати Саидназар» бо диққат ба хусусиятҳои маънавӣ, забонӣ ва услубии шеърҳои шоира суханронӣ намуданд.
— Нависандаи маъруф Бурибек Бурибеков дар мавзӯи «Лирика дар ашъори шоира» лиризм, эҳсоси ботинӣ ва нуфузи паёмҳои иҷтимоии осори шоираро шарҳ доданд.
Муҳокимаи васеъ дар маҳфил фазои воқеии илмӣ ва адабиро эҳё кард. Иштирокчиён на танҳо ба шунидани шеърҳо, балки ба ибрози андеша, пурсиш ва баҳсҳо дар бораи мазмун, бори маънавӣ ва таъсири тарбиявии шеъри Саодат машғул шуданд.
Дар интиҳо, роҳбарияти институт бо эҳтирому сипос тӯҳфаҳои хотиравӣ ба шоира тақдим намуда, аз саҳми ӯ дар боло бурдани андешаи адабӣ ва маънавии ҷавонон қадрдонӣ намуданд.
Мо аз чунин шахсиятҳои илҳомбахш, ки арзишҳои инсониро аз тариқи шеъру эҷодиёт эҳё мекунанд ифтихор дорем!