Нусхаи чопи

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВ

 

ХАТМИ МАГИСТРАТУРА ВА РИСОЛАТИ ИЛМ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 

   Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии тантанавии тақдими дипломҳои магистрӣ ба хатмкунандагони соли 2025 баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои идона ва бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарияти институт, устодон ва хатмкунандагон доир шуда, аз ду бахш иборат буд.

   Дар бахши якум сухани ифтитоҳиро директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ироа намуда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди муҳими илмӣ ва таълимӣ табрик намуданд. Устод дар суханронии худ таъкид карданд, ки Институт ифтихор дорад аз он ки намояндагони Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ ва илмии муассиса иштирок менамоянд. Зикр шуд, ки ҳамкории зичи ниҳодҳои илмӣ бо сохторҳои давлатӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад, зеро илм ҳамчун заминаи таҳлил ва сиёсат ҳамчун воситаи татбиқи амалии он ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.

   Дар идомаи суханронӣ оиди аҳамияти ҳамгироии илм ва сиёсат дар шароити муосир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 ишора карда шуд. Қайд гардид, ки дар Паём рушди илм, такя ба таҳлилҳои илмӣ дар қабули қарорҳои давлатӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва истифодаи неруи зеҳнии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардидааст. Ин равиш ба он мусоидат мекунад, ки сиёсати давлатӣ бар асоси дониш, тафаккури илмӣ ва манфиатҳои дарозмуддати миллӣ амалӣ мекгардад.

   Ҳамчунин дар бахши аввал сардори шуъбаи коргузорӣ ва протоколи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фирузи Рамазон бо маъруза таҳти унвони «Ҷанбаҳои худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд. Дар маърузаи худ мавсуф ду нуктаи асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор доданд.

   Нуктаи аввал ин моҳи марти соли 2025 баргузор  гардидани маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити сулҳу субот ва дар фазои озод ва шаффоф буд. Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир, ки дар бисёр кишварҳо интихоботҳо дар шароити нооромӣ, танишҳои сиёсӣ ва бесуботии иҷтимоӣ баргузор мегарданд, на ҳамаи давлатҳо шарафманд мешаванд, ки интихоботҳои парлумонӣ ва президентиро дар фазои сулҳ, оромӣ ва шаффофият баргузор намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи мусбат нишон дода, баргузории интихобот дар чунин шароит нишонаи суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ мебошад.

   Нуктаи дуюми калидии Паёмро маърузакунанда ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад сол ҳалношудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон номид. Қайд гардид, ки ин масъалаи мураккаб ва таърихӣ дар соли 2025 ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ҳалли худро ёфт. Ин рӯйдод ҳамчун дастоварди муҳими сиёсати хориҷӣ ва омили таҳкими амнияту сулҳу суботи минтақавӣ арзёбӣ гардид.

   Дар бахши дуюми чорабинӣ маросими тантанавии тақдими дипломҳои магистрӣ ба хатмкунандагони соли 2025 амалӣ гардид. Дар фазои идона ва бо садои кафкӯбиҳои ҳозирин ба магистрон дипломҳо супорида шуда, заҳмати онҳо дар роҳи илмомӯзӣ ва таҳқиқоти илмӣ қадрдонӣ гардид. Устодон ва намояндагони роҳбарият ба хатмкунандагон барои саҳм гузоштан дар рушди илм, фарҳанг ва ҷомеа барору комёбиҳо орзу намуданд.

   Сухани хотимавӣ аз номи тамоми магистрон магистрант - хатмкунанда Гулоб Обид Холиқ ироа намуд. Ӯ иброз дошт, ки тайи ду соли охир Институти илмҳои гуманитарӣ барои магистрон танҳо як муассисаи таълимӣ набуда, балки хонаи воқеии онҳо ба шумор мерафт. Дар ин муҳит онҳо на танҳо донишҳои назариявӣ, балки фарҳанги илмӣ, малакаи таҳлил, таҳқиқ ва тафаккури мустақилро аз худ намуданд. Гулоб Обид Холиқ таъкид кард, ки саҳми устодон дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва камолоти илмии магистрон ниҳоят арзишманд буда, ҳар як машварат, дарс ва роҳнамоӣ барои онҳо заминаи боэътимоди рушд гардид. Қайд шуд, ки муҳити илмии институт ба магистрон имкон дод то масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба арзишҳои илмиро ҳамчун меъёри зиндагии касбӣ пазируфта, бо диди нав ба ҷомеа ва вазифаи худ дар назди миллат назар андозанд. Дар фарҷом, аз номи тамоми магистрони хатмкунанда, ба роҳбарияти Институт, устодон ва кормандон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, дастгирӣ ва ғамхории пайваста изҳори сипос намуда, таъкид гардид, ки хатмкунандагон бо ифтихор номи Институти илмҳои гуманитариро дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва касбии худ муаррифӣ хоҳанд кард ва барои пешрафти илм ва ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

   Чорабинии мазкур бо таассуроти нек анҷом ёфта, бори дигар нақши муассисаҳои илмӣ ва ҷавонони донишмандро дар таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуд.