Нусхаи чопи

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВ

 

НЕУКШОЕВА Шаҳло С. – муовини директори ИИГ АМИТ, номзади илмҳои филологӣ

ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР ДАСТИ ИЛМУ МАОРИФ

   Мақолаи мазкур бо такя ба ду андешаи калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, масъалаи нақши маориф ва илмро ҳамчун омили сарнавиштсози рушди давлат ва ҷомеа баррасӣ менамояд. Нахуст, дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «…ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

   Ҳамзамон, дар мулоқот бо аҳли илму маориф (30 майи 2024) Президенти кишвар андешаи дигареро баён доштанд, ки барои рушди иқтидори илмии мамлакат аҳамияти методологӣ дорад: «идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарз аст: олимони соҳибтаҷриба бояд ин масъулиятро назди шогирдони худ адо намоянд». Ин таъкид ба зарурати интиқоли пайдарпайи дониш, таҷриба ва фарҳанги илмӣ аз насли калонсол ба насли ҷавон ишора мекунад ва нишон медиҳад, ки сифати тайёркунии кадрҳои илмӣ танҳо бо инфрасохтор ва маблағгузорӣ таъмин намешавад, балки ба анъанаҳои устувори роҳбарии илмӣ, тарбияи мактаби таҳқиқотӣ ва низоми масъулияти касбӣ такя мекунад.

   Аз ҳамин нуқтаи назар, мақола кӯшиш мекунад робитаи байни ду паёми мазкурро дар як меҳвари умумӣ - ташаккули сармояи инсонӣ ва рушди илми миллӣ - нишон дода, масъалаҳои калидии тарбияи насли босавод, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, муқовимат ба таассубу хурофот, инчунин эҳёи амалии мактаби устоду шогирдро ҳамчун шарти муҳими пешрафти соҳаи маориф ва илм асоснок намояд.

   Дар идомаи ин баррасӣ мумкин аст чунин андеша ба миён ояд, ки шояд дар шароити имрӯза технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ҷойгоҳи илму донишро тадриҷан танг месозанд ва ҳатто дар ояндаи наздик мафҳуми «дониш» аҳамияти пешинаи худро аз даст медиҳад. Аммо таҳлили воқеият нишон медиҳад, ки равандҳо баръакс рушд мекунанд: ҳар қадар имкониятҳои технологӣ густариш меёбанд, ҳамон қадар ниёз ба тафаккури солим, саводнокии илмӣ, дониши амиқ ва масъулияти шаҳрвандӣ бештар мегардад. Зеро технология худ ба худ на арзиш меофарад ва на ҷомеаро тарбия мекунад; ин инсон аст, ки бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, фарҳанги маърифат ва меъёрҳои ахлоқӣ аз технология ҳамчун василаи созанда истифода бурда, равандҳои иҷтимоиро ба самти зарурӣ равона созад.

   Аз ҳамин рӯ, агар имрӯз суол гузошта шавад, ки барои ояндаи давлат дар навбати аввал кадом бунёд муҳимтар аст - инфрасохтор, корхонаҳо ё сохтмонҳои азим, посух равшан аст: пеш аз ҳама инсони ҳаматарафа ташаккулёфта, босаво ва дорои тафаккури интиқодӣ. Зеро роҳро муҳандис месозад, низомҳоро мутахассис идора мекунад ва ислоҳотро шахсияти донишманду масъулиятшинос дар амал татбиқ менамояд. Дар сурате ки сармояи инсонӣ заиф бошад, ҳатто бузургтарин сохтмонҳо аз мазмуну самаранокӣ дур мемонанд.

   Аз ин ҷост, ки ворид намудани технологияҳои нав, аз интернети босуръат шуруъ карда, то зеҳни сунъӣ худ ба худ кафили пешрафт нест. Агар хонанда ё донишҷӯ танҳо нишондиҳандаи «баҳои хуб»-ро дошта бошад, аммо қобилияти таҳлилӣ ва саводи иттилоотӣ надошта бошад, яъне ҳақиқату дурӯғро фарқ карда натавонад, технология метавонад на рушд, балки сардаргумӣ ба вуҷуд оварад. Пас масъала танҳо дар таҷҳизот нест; масъала дар тарбияи тафаккури интиқодӣ ва фарҳанги истифодаи масъулонаи дониш қарор дорад.

   Андешаҳои калидии Президенти кишвар, ки атрофи онҳо дар ин мақола андешаронӣ мешавад, танҳо як ибора ё шиор нестанд; онҳо маҷмӯи дастурҳои барномавӣ ва як навъ «формула»-и таҳкими амнияти фикрӣ ва маънавии миллат дар шароити рушди босуръати технология ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, дарки дурусти мо аз мафҳуми сифати таълим аҳамияти ҳалкунанда дорад: сифати таълим на бо биноҳои боҳашамату таҷҳизот ва на бо нишондиҳандаҳои баҳогузорӣ муайян мешавад, балки ташаккули шахсияти босавод.

   Сифати воқеии таълим дар ташаккули шахсияти мустақиландеш зоҳир мегардад: инсоне, ки савол мегузорад, далел талаб мекунад, иттилоъро муқоиса менамояд, хулосаи асоснок мебарорад ва масъулиятро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, таъмини чунин сифати таълим ва муҳайё сохтани заминаи таҳқиқот пеш аз ҳама бар дӯши аҳли илму маориф вогузор аст, зеро маҳз мо раванди тарбия ва парвариши насли ояндаро роҳбарӣ ва шакл медиҳем.

   Дар шароити имрӯз ин масъала махсусан намоён мегардад: бисёриҳо бо чанд ҷумла аз зеҳни сунъӣ ҷавоб мегиранд ва онро ҳамчун ҳалномаи ниҳоӣ қабул мекунанд. Аммо муносибати илмӣ ва масъулона дигар аст: манбаи маълумот, мавҷудияти далел, мувофиқати он ба шароити мушаххас ва оқибатҳои эҳтимолии хато бояд санҷида шаванд. Фарқ миёни истифодаи кӯр-кӯронаи ҷавоби тайёр ва муносибати таҳлилӣ маҳз фарқи байни «саводи зоҳирӣ» ва «тафаккури воқеӣ» мебошад. Зеҳни сунъӣ метавонад воситаи кумакрасон бошад, вале ҷойгузини тафаккури инсон намешавад; хулосаи дуруст танҳо дар сурате ба даст меояд, ки инсон санҷад, муқоиса кунад ва масъулиятро дарк намояд.

   Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳангоме ки Роҳбари кишварамон дар бораи баланд бардоштани сифати таълим таъкид мекунад, сухан танҳо аз беҳтар кардани шароити моддӣ ё такмили маводи таълимӣ намеравад. Мақсади аслӣ гузариш ба модели таълимест, ки дар он «инсон сохтан» меҳвари асосӣ мебошад: тарбияи шахсе, ки қобилияти ҳаллу фасли масъала дорад, масъулиятшинос аст, меҳнатдӯстӣ ва одоби касбиро риоя мекунад. Ин сифатҳо, агар дар муҳити мактаб ва донишгоҳ дар кудак устуворона парвариш ёбанд, фардо ба профессионализм ӯ табдил ёфта, барои ҷомеа такягоҳ ва сипари боэътимод мешаванд.

   Аз муҳтавои Паёми Президенти кишвар бармеояд, ки насли босавод ва худогоҳ яке аз такягоҳҳои асосии устувории ҷомеа мебошад. Таълими босифат танҳо аз худ кардани фанҳо нест; он фарҳанги шаҳрвандиро тақвият дода, қобилияти фарқгузорӣ миёни дурусту нодуруст, эҳтиром ба қонун ва масъулиятшиносиро дар шахс ташаккул медиҳад. Аз ин ҷиҳат, масъалаи сифати таълим аз доираи мактабу донишгоҳ фаротар рафта, ба амнияти фикрву иҷтимоиву миллӣ, рушди иқтисодӣ ва дурнамои ояндаи миллат пайванди мустақим дорад.

   Дар ҳамин замина, илм нақши ҳимоявии муҳим иҷро мекунад: он шахсро аз таассуб, хурофот ва фиреб боздошта, тафаккурро ба далел, санҷиш ва асоснокӣ одат медиҳад. Вақте дар шуури инсон меъёрҳои илмӣ ҷой мегиранд, ӯ ба иддаоҳои беасос, овозаҳои бебунёд ва «муъҷиза»-ҳои беисбот зуд бовар намекунад, балки манбаъро месанҷад, сабабҳоро ҷустуҷӯ мекунад ва дар асоси далелҳо хулосаи мантиқӣ мебарорад.

   Аз ин ҷо натиҷаи муҳим ҳосил мешавад: барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи кадрҳои воқеан босалоҳият, нақши устод ҳалкунанда аст. Ҳадаф бояд танҳо гирифтани диплом набошад; диплом ҳуҷҷат аст, аммо тафаккур қобилият ва натиҷаи тарбия мебошад. Ҳатто агар ду нафар соҳиби як дараҷа ё як ҳуҷҷати таҳсил бошанд, дар рӯ ба рӯи мушкил фарқ ошкор мегардад: яке мунтазири роҳнамоии дигарон мемонад, дигаре масъалагузорӣ мекунад, маълумот ҷамъ меорад, далелҳоро месанҷад ва роҳи ҳалли асоснок меёбад. Ин фарқ, пеш аз ҳама, самари омӯзиш ва роҳнамоии дурусти устод аст.

   Ташаккули фарҳанги андеша, масъулиятшиносӣ ва одоби илмӣ пеш аз ҳама дар раванди роҳнамоии устод ба вуҷуд меояд: вақте шогирд ба масъалагузорӣ одат мекунад, далелро меомӯзад, манбаъҳоро муқоиса менамояд ва ба хулосабарории асоснок мерасад. Дар ин маъно, устод танҳо интиқолдиҳандаи маълумот нест; ӯ меъёрҳои кори зеҳнӣ ва усули муносибати илмӣ ба масъалаҳоро дар шогирд парвариш медиҳад.

   Аз ҳамин ҷиҳат, «мактаби устоду шогирд» бояд ҳамчун механизми амалкунандаи тайёр намудани кадрҳо ва нигоҳдории мероси таҷрибавию методологӣ арзёбӣ гардад. Таъкиди Президенти кишвар дар мулоқот бо аҳли илм ва маориф (30 майи соли 2024) низ ба ҳамин моҳият такя дорад: идома додани ин мактаб, бахусус дар соҳаи илм, вазифаи масъулона аст ва олимони соҳибтаҷриба бояд онро дар назди шогирдони худ иҷро намоянд. Мазмуни ин андеша равшан аст: бидуни пайванди зиндаи таҷриба ва роҳнамоии касбӣ на устувории сифати таълим таъмин мешавад ва на пайдарҳамии рушди илми миллӣ.

   Дар хотима метавон гуфт, ки устодони соҳибтаҷриба ва муҳити воқеии устоду шогирдӣ барои ҷомеа на танҳо омили тарбия, балки кафили давомдорӣ ва самаранокии соҳаанд. Агар ин пайванди наслҳо дар илм ва маориф таҳким ёбад, сифати кадрҳо ба меъёр табдил меёбад, на ба истисно; ва дар натиҷа ҳам як ҷомеаи устувору хушбахӣ ба вуҷуд меояд ва ҳам давлат имкони пешбурди вазифаҳои стратегиро бо такя ба захираи воқеии инсонӣ пайдо мекунад.