Нусхаи чопи

ҲАҚНАЗАР  ИМОМНАЗАР – ходими илмии Институти илмҳои гуманитиарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

Паёми сол- баёнгари сатҳи воқеии кишвар, раҳнамо ва умедворҳои нав ба ояндаи дурахшонтари он

(Ё бардоштҳои шаҳрвандӣ аз Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12. 2025)

  Паёми соли 2025 мисли дигар Паёмҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама интизориҳои сокинони кишварро дар шароити бӯҳронии ҷаҳон бори дигар бароварда сохт. Дар қалби мардуми кишвар ба фардои наздики дурахшонтар умедҳои тозаро барафрухт, зеро Паёми сол инъикоси марҳилаи нави рушди воқеӣ ва раҳнамоӣ дар таҷдиди шуури миллӣ мебошад.

  Иддае Паёми солонаро ҳамчун ҷамъбандӣ ва вазифагузории як соли сипаришуда медонанд. Дар асл Паём нахуст аз ҳама санади стратегии сиёсати давлати мустақилу озод, ки Роҳбари он ҳаёти моддӣ ва гайримодии мамлакатро бо таҳлилу тавзеҳоти мушаххас ва барои як замони мушаххас, дар дунёи воқеии пурмоҷарои кунунӣ, ироа кардаанд.

  Ба ибораи дигар, Паём сатҳу дараҷаи мамлакатро дар замони мушаххаси рушди он (панҷ, даҳ сол), бо назари воқеъбинона ба ояндаи наздик, дар намунаи як соли он нишон медиҳад.

  Тавре аз таҳлилҳои илмиасоси Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳ гардид, Тоҷикистон новобаста аз тамоми монеаҳову мушкилоти даврони буҳронии ҷаҳони муосир, ба марҳилаи нави рушди воқеии худ устуворона қадам гузоштааст. Нишондодҳои асосӣ, аз қабили афзоиши ММД, тадриҷан баланд рафтани сатҳи зисти мардум, мавқеъ ва эътибори хоси Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонӣ ва ғайра баёнгари равшани ин марҳилаи нави рушданд.

  Бо ташаббусҳо ва талошҳои сатҳи глобалии Сарвари тоҷикон,  Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон, танҳо дар соли 2025, дар як рӯз (12.12.2025) қабул гардидани ду қатъномаи Маҷмааи СММ як амали тасодуфӣ нест. Дар зимн қобили зикр аст, ки дар дунё зиёдтар аз 7.5 ҳазор миллату халқиятҳо зиндагӣ мекунанд, ки ҳудудан ва аз ҷиҳати шумораи аҳолиашон аз Тоҷикистон ба маротиб бузургтарнад. Вале танҳо 194 -тои он дар Созмони Миллали Муттаҳид узвият ба даст оварда, соҳиби атрибутҳои давлатдории мустақил мебошанд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъоли сатҳи байналмиллалӣ мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистони ҷавон дар сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷӣ, ташаббусҳои сатҳи глобалии он тайи чанд сол, аз ҷониби аксари кулли ин мамлакатҳо эътироф ва пазируфта шуда, шаъну эътибори онро дар ҷаҳон ба сатҳи баланд расонидаанд, ки воқеан ҳам қобили ифтихор ва ҳам ғурури мусбат ва ҳам як даъват барои саҳмгузорӣ барои ҳар фарди ин Сарзамини куҳанфарҳанг мебошад.

  Таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат, рушди соҳаҳои калидии кишвар (саноат, энергетика, сектори хусусӣ), барои ба тадриҷ ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ноил шудан дар масири дуруст қарор дода шуда, ҳамчунон ба афзалиятҳои рушди босуръаттар таваҷҷӯҳҳо ҷалб гардиданд. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, ҳамчун талаби замони муосир низ дар радифи вазифаҳои аввалиндараҷа мушаххас гардиднд.

  Дар муқоиса ба кишварҳои дигар, дастовардҳои Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи истиқлоли он, аз ҷумла соли 2025, тибқи арзёбии воқеӣ ва мантиқӣ дар ҳақиқат қобили эътирофу эҳтироми умуманд. Аз ҷумла дар ниҳояти хушбахтии сокинони кишвар, ахиран ба имзо расидани “Эъломияи Хуҷанд” доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа (Тоҷикистон Узбекистон ва Қирғизистон), ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд, ҳамчунон ташаббусҳои нави глобалии Тоҷикистон оид ба муҳити зист ва қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, танҳо чанд намунаи бориз ва қобили шукргузорӣ мебошанд. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани беш аз 11 адад ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Тоҷикистон, ва дигар масъалаҳои мущими замони муосир, боиси ифтихору рӯҳбаландӣ ва қадрдонӣ аз талошҳои бе собиқаи Роҳбари ташаббускори мамлакат мебошанд. Дар зимн ҳамчун намуна ба як нукта таваҷҷӯҳҳоро ҷалб карданием, ки чаро маҳз Тоҷикистони ҷавон масъалаи эълон кардани соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» дар сатҳи глобалӣ ба миён гузошт? Ба итминони мо, аввалан ба он хотир аст, ки Тоҷикистон тамоми мушкилоти вобаста ба поймолшавии низоми қонун ва оқибатҳои гарони онро дар кишвари тоза ба озодӣ расидаи худ таҷриба ва паси сар карда буд. Сониян дар ҷаҳони муосири пур аз рақобатҳо ва дар айни замон бо суръат глобалишаванда, ба мафҳуми “ҳуқуқ”, ҳамчун ҳаққи аввали табии миллатҳову халқиятҳо, дар пасманзари манфиатҳо, “стандартҳо ва манофеи мухталиф” бештар бархурд сурат мегирад, ки то ҳадде ин мафҳумҳои муқаддас ва появии ҷомеаи башариро хира, ва ба сатҳ поинтар овардааст. Ба ибораи дигар, ин пешниҳоди глобалӣ ба ҳифзу манфиати низоми ҳуқуқӣ ва қонунии кишварҳои ҷаҳон нигаронида шудааст, аз ин сабаб, ҳамчун саҳми башардӯстонаи Тоҷикистон дар сатҳи глобалӣ дорои аҳамияту арзиши хос мебошад.    

  Бо дарки он, ки калиди тамоми муваффаққиятҳои мамлакати ҷавон ба миллати босавод, огоҳ, бо маърифат, дорои маърифат, яъне низоми маорифи замонавӣ вобастагии мустақим дорад, Роҳбари давлат, аз оғози фаъолияти хеш ва то кунун соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок, ҳамчун посухи ягона ба тамоми чолишҳои замон нишон медиҳанд. Фалсафаи соддаи ин иқдоми нек дар он аст, ки ояндаи давлатдории худӣ, рушди он ва мавқеи хоси он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вобаста ба он, ҳаёти фардии ояндаи ҳар сокини кишвар, дар қадами аввал, маҳз ба фаъолияти ин соҳа, ба маънои васеи он вобаста мебошад. Дар ин маврид Роҳбари давлат дар Паёмашон таъкид доштанд, ки “...Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”. Дар ин таъкид, манзури Роҳбари давлат аз маориф ниҳоди таълиму тарбияи кудакон ба танҳоӣ набуда, балки сатҳи маърифат ва маънавиёт дар сар то сари ҷомеа дар назар дошта шудааст.

  Роҳбари давлат дар Паёми сол ба масъалаи муҳимтарини ҷомеа- маънавият ва шуури ҷамъӣ бо ишораи тарзи хос таваҷҷӯҳи зоҳир карданд, ки бояд ҳар сокини огоҳ ва бо ақли солим муҳимияти онро дар “байни сатрҳо” дарёбад, дарк кунад, дар татбицаш хиссагузорь кунад. “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.”

  Ба забони тоҷикӣ чоп ва ба сокинон тӯҳфа кардани китоби муқаддаси мусулмонон- Қуръон, ба қавли Пешвои миллат “барои хондан ва фаҳмидани асли моҳияти он аст ва на барои дар хона нигоҳ доштани он”. Дарки камина аз ин таъкиди муҳим дар он аст, ки ин китобро бояд ҳар кас, бидуни миёнаравҳо, ба номи муллло ва ходими динӣ ва ё каси дигаре, ки аз воқеиятҳои ҷаҳон ноогоҳанд ва тафаккурашон ба догмаҳо шах шуда мондааст, анҷом диҳад, ки хеле мущим аст. Танҳо дар ин ҳолат худро аз пойбандӣ ба идеологияҳои мухталифи сиёсии барои ғаразҳои бегонагон, вале зери пӯшиши динӣ фаъолият мекунанд, озод кардан имконпазир аст.

  Нашри китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва аз ҷонибии Пешвои миллат ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа кардани онҳо, ҳадафҳои фавқуллода арзишманди таърихӣ ва дар айни замон ояндданигарона доранд, зеро ба назари дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои мардумӣ ва ватанпараст;“...Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.” Бар илова миллат бояд ба омӯзиш ва таърихи пурифтихори худ ҳушмандона, интиқодӣ нигарад, яъне “ кӣ ва чӣ гуна будаем ва чаро имрӯз наметавонем ба ҳамон асли худ зудтар дастёб шавем ва чӣ монеҳои тафаккурь моро аз он азиматҳо боз медоранд?

  Зарур ба зикр аст, ки бо талоши Президенти мамлакат даҳҳо намодҳои мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримодии ин миллати куҳантамаддун дар сатҳи ҷаҳонӣ бо қатъномаҳои СММ пазируфта шуда, муаррифии шоистаи ин мероси гаронбаҳо дар арсаи байналмилалӣ яке аз иқддомҳои ватанпарастонаи Президенти мамлакат ва эътирофи шахсияти он дар ин арса мебошад. Аммо хеле муҳим аст, ки ин ифтихору ғурур бояд дар фарҳанги ҷомеа мавқеи худро пайдо кунад, ба талошҳои роҳбарияти давлат мусоидат кунад. Дар ин ҷо як ишораи кутоҳ ва дақиқи  Роҳбари  давлат дар мавриди, фарҳанги шаҳрнишинӣ, фарҳанги пойтахт, ҳамчун маркази фарҳангии тоҷикони олам ва арҷгузорӣ, эҳтиром ба онҳоро танҳо ҳамчун эҳтиром ба Ватану миллат фаҳмидан аст, боиси ёдоварӣ ва қадршиносӣ аст.

  Қобили зикри махсус аст, ки дар Паёми мазкур нақши фавқуллода баланди миллати куҳанбунёд дар тамаддуни ҷомеаи башарӣ бо далелҳои илмӣ хеле дақиқ ва ба таври хос инъикос гардида аст ва хушбахтона бори дигар ба тамоми ҷаҳониён ҳам ба таври дақиқ расонида шуд. “..Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”. Аз ин рӯ, ҳар фарди ин Сарзамини аҷдодон барои ҳифзу тақвияти баъдии ин ганҷинаи бе баҳо, дар баробари наслҳои ояндаи худ масъулияти баландтари ҳуввиятӣ ба душ дорад, ки набояд фаромӯш шавад.

  Аз назари камина, ҳамчун шаҳрванди маъмулӣ, талошҳои Президенти мамлакат, ҳамчун Пешвои мардумӣ дар мавриди аҷдодони бузурги мо барои миллат қобили арҷгузорӣ, ифтихори хос ва барои ҷаҳониён омӯзанданд. Аз ҷумла бузургдошти «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният), пеш аз ҳама боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёӣ мебошад”. Зеро бори нахуст, дар оғози таърихи башар мафҳумҳои “гуногунии табиати башарӣ”, зарурати “низоми қонун”, ҳамчун шарти асосии ҳамзистии инсонҳои дорои гуногунрангии фарҳангӣ ва эътиқодӣ дар ҷаҳон поягузорӣ шудаанд. Аммо болотар аз ҳама таъкиди Пешвои тамоми тоҷикони дунё, Эмомалӣ Раҳмон дорои арзиши фавқуллода, моҳияти амиқ ва нишони анҷоми рисолати таърихиашон дар баробари миллат мебошад: “...мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдодони хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона кашф карда, ин усули аслиро шиори зиндагии худ қарор додаанд”. Ин гуфтаҳо дар асоси далели раднопазири илмӣ нишон медиҳанд, ки аҷдодонамон яке аввалин сокинони курраи Замин буданд, ки барои башарият мафҳуми зиндагии босаодатро дар рангорангии ҷамъиятҳои инсонӣ, ҳамчун нерӯи мусбат, бо чунин формулаи аслӣ ва дақиқ кашф карда, роҳро ба сӯи он барои дигарон боз карданд. Ба хотири эҳёи ин асли ҳаёти башарӣ, дастури Пешвои миллат ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун (Бунёд), яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дар такмилу тақвияти шуури ҷамъии миллат  ва ҳамаи онҳое, ки худро ба ин фарҳанг пайванд медонанд, арзиши бебаҳо ба шумор меравад. Фалсафаи ин иқдоми мардона ва шуҷоонаи Пешвои миллат ба таърихи миллат ва ҳамзамон ба ояндаҳои неки дур нигаронда шудааст. Зеро ҷаҳони имрӯз вориди як тамаддуни ҷаҳонӣ, ба номи глобализатсия ва чанд фарҳангӣ шудааст ва дар ин самт шарти бақои ҳар ҷомеа таҳаммулпазирӣ нисбат ба фарҳангҳо, боварҳо ва эътиқодоти дигарон, вале пештар аз ҳама дар даруни ҷомеа ва берун аз он мебошад. Эҳёи ин асли башарӣ, яъне “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” барои ҷаҳони мудерн, ки дар он ахлоқ ҳам беш аз пеш ба самти ахлоқи “фоидагаро”, ба таври дигар, ба “манфиатҳои фардгароёна” равон аст,  дар тӯли таърихи башар улгуи инсони комил ва омӯзанда мондагор боқӣ мемонад.

  Дар баробари он бунёди “Маркази байналмилалии Наврӯз” низ ҳамчунин арзиши болотаринро дорост, чунки эҳёи фалсафа ва таҳкими фарҳанги антиқаи он ба ояндаи Сарзамини таърихӣ нигаронида шудааст. Ба ибораи мӯъҷази Пешвои миллат ”... бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда” ҳамчун собиқаи таърихи шаш ҳазлорсолаи миллат беандоза муҳим аст.

  Зарур ба таъкиди такрорӣ аст, ки талоши ҳамешагии Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Роҳбари мардумии он, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон барои ба тадриҷ боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон и он, таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ба қишрҳои осебпазири кишвар, ба хусус  муаррифии аҷдодони номдорамон мутобиқ ба саҳми таърихиашон дар тамаддуни умумибашарӣ яке аз самтҳои асосӣ ва ҳамешагии инсонпарваронаи эшон ба шумор меравад. Вале нуктаи муҳими қобили таъкид ва ёдоварӣ он аст, ки ҳамаи ин дастовардҳои бузурги дар муддати хеле кутоҳ ба даст омада, дар аввалу охир, ба муҳимтарин омил - сулҳу суббот ва ваҳдати комили воқеӣ дар ҷомеа пайванди ногусастанӣ доранд. Дар сурати халалдор, ё ба монеаҳои маснуӣ дучор кардани он, аз ҷониби иддае, зери таъсироти бадхоҳони Тоҷикистони озод, аз пешрафту шукуфоии Ватани аҷдодӣ чашм пӯшиданӣ мешаванд, сарнавишти ваҳдати комили миллиро халалдор карданӣ мешаванд, бояд ба муқовимати ҳар фарди солимақли ҷомеа рӯ ба рӯ шавад, зеро бетарфӣ дар мавриди тақдири миллату Ватан, давлати худӣ болотарин хиёнат ба ҳамаи он ва ояндагони мо мебошад. Албатта он нуктаро ҳам бояд дар назар дошт, ки менталитети қисми зиёди одамон чунин аст, ки ба неъматҳои ба дастоварда “одат мекунанд”, онҳоро “чизи худ ба худ омада, ё маъмулӣ” медонанд ва қобилияти ба қадрашон расиданро надоранд. Аммо танҳо замоне, ки неъматҳои дар Ватани озоди худ доштаро аз даст медиҳанд, он гоҳ бо надомат онҳоро қадр карданӣ мешаванд, ки таҷрибаҳои фаровон беҳуда будани онро борҳо нишон медиҳад. Таври мисол, дар назари камина, хизматҳои Пешвои мардумии миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари миллату давлат, боғбонеро мемонад, ки дар биёбони хушкида, ниҳолакҳои беҷонро ғарс кардаву парварида, имрӯз Ватани моро ба боғи бузурги босамари биҳиштосо табдил додааст, ки чашм пӯшӣ аз он на фақат носипосӣ, балки ноҳақӣ ва номардӣ мебошад.

Дар Паём нақши пешрави ҷавонону занон ба таври хос ва воқеӣ таъкид шудааст, ба хусус дар тарбияи маънавӣ ва маърифатии насли ҷавон, солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, ва ба таври хос дар муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ, ки ҳамеша дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта ва доранд. Дар ин маврид таъкиди Пешвои миллат, ки “....бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем”, ҳушдори мунсифона, хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Соли 2026 барои давлатдории худӣ ва миллии мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, ҳамчун як қисми империяи бузурги антиқаи ориёиён дар сатҳи башар, бо таърихи беш аз шаш ҳасорсоли собиқааш, вале бо эҳёи истиқлоли худӣ, ҳамчун кишвари озод 35-сола мешавад. Эълони соли 2026, соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ як иқдоми хеле андешида шуда аст, ки барои ворид шудани ин иқдом ба фарҳанги миллӣ боз ҳам дар роҳи ояндаи Ватани аҷдодӣ ва сокинони он хизмати бузурге хоҳад буд.

Дар шароити буҳрониву нооромиҳо ва ғайри қобили пешгӯиҳо, ки ҷаҳони имрӯз дар он ғарқ шудааст, ҳифзи истиқлолу озодӣ масъалаи рақами яки тамоми хурду бузурги мамлакат боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, заҳмату саҳмгузорӣ ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватани худӣ, иштирок дар ҳаёти он, вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад, ки онро Пешвои муаззами мардумии мо дар Паёми сол ба тариқи хеле дақиқ ҷамъбандӣ карданд, яъне онро “қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мо” ҷамъбандӣ карданд!

Ҳамин тавр бисёре аз коршиносон ва намояндагони расонаву ҷомеа Паёмҳоро, “рисолати таърихсозӣ” ва раҳнамо барои ҳар сокини Тоҷикистон” дар роҳи рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳим меноманд, ки мо бо итминони комил ба он нуктаи дигарро изофа карданием. Яъне Паёми соли Роҳбари давлат ба аҳли ҷомеаи дохилу хориҷи кишвар пеш аз ҳама, раҳнамо ва болотар аз он умедҳои наву тоза ба самти равшани оянда мебошад.