Хосият Худоёрбекзода, рўзноманигор,
унвонҷёйи Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ
ПАРЧАМИ ПАРТАВФИШОНИ МИЛЛАТ –САРИ БАЛАНДИ МОСТ
Суруди Милии Ҷумҳурии Тоҷикистон садои қалби ҳар як тоҷики баору номус ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари баланди ҳар як фарзанди худогоҳи миллат мебошад. Ин бебаҳс аст.
Суруди Миллии миллати куҳанбунёди тоҷик ва Парчами Миллии ин мардуми ориёитабор муаррифгари ормону нияту маъво, рангу тобишу идроки халқ ҳастанд.
...Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери Парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!
Бале, муҳтавои Суруди миллӣ бо баёни маънои рангу рамзи Парчами миллӣ тавъам аст. Ду рамзе, ки дар он орзуи гузаштагон, ниятҳои имрўзиён ва умеди фардоиён таҷассум ёфтааст.
Дар рўзи Парчами миллӣ ҳамасола Шаҳкитоби таърихи гузаштаи ҳастии миллат варақгардон мегардад, ки он чун панди хаёт шинохта шудааст. Ёдоварӣ аз он мегардад, ки зери партавфишонии он, ки дар марҳилаҳои мухталифи таърих рангу сохти гуногун дошт, чӣ корҳову қаҳрамониҳо ба анҷом расонида шудаанду чӣ пирӯзиҳо дар даст ва чӣ меросҳо барои ояндагон боқӣ гузошта шуданд. Рузи Парчами Миллӣ ёдоварӣ аз парчамбардорист, ёдоварӣ аз таърихи пурпечутоби миллат ва сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Аз дирафши Ковиёнӣ, ки куҳантарин дирафши кишвардории тоҷикон будааст, то ба Парчами серангаи имрӯзаи тоҷикон басо садсолаҳо паси сар шудаанд, вале маънову муҳтавои Парчами ин миллат дар ҳар асру ҳар замон, дар ҳамагуна масири таърих ҳамоно дўстдории марзу бум, ватандорӣ, сарбаландӣ, роҳи сафеду диляқинӣ, сарсабзӣ, хуррамии куҳандиёр боқӣ мондааст. Имрӯз дар зери ин Парчами серангаи муқаддас давлати тоҷикон дар таърихи навини давлатдории худ пешрафти ба худ хос, роҳи муайяни рушду нумуъро дорад. Парчами давлати тоҷикон Парчами ваҳдату баҳамоӣ, Парчами ободиву озодиву созандагӣ аст .
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, ҳамчун ҳимоятгари ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофар таҳти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад. Зери партавфишонии он мо тавонистем буҳронҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии асри 20-ро паси сар намоем ва имрӯз ба гузашти солҳо ба он саҳифаи ношоди ҳастии худ чун ба як марҳилаи имтиҳони таърих назар меандозем. Аз ин рӯ Парчами миллати мо бо тобишҳои маъноии худ нуру зиё бахшанда, сарбаландӣ ва ифтихори хурду бузург мебошад.
Имрӯз дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои Парчами Миллӣ бунёд гардидаанд. Дар қалби Ватанамон шаҳри Душанбе яке аз Парчамҳои калонтарин дар мамлакат ҷойгир аст, ки ин пеш аз ҳама эҳтиром ба моҳияти ин рамзи серангаи давлатӣ мебошад.
Ин боиси ифтихори рӯзафзун аст.
Ифтихороти беназири бандаи камтарин боз аз он аст, ки дар тори кӯҳҳои сарбаланди шаҳри Хоруғ, ки диёри домони гардун аст, Парчами серангаи давлат ҳамеша ҷилвагар мебошад. Ҳар боре ки вориди бозори марказии шаҳри Хоруғ мегардам, ҳатман, дақиқае чанд Парчамҳои тори кўҳи баланди Хоруғро тамошо менамоям. Барости бозори марказӣ, паси қалъаи Нисо, дар қуллаҳои пасту баланди қаторкўҳи гардунраси Хоруғ ҳамеша парчамҳо дар ҷилва ҳастанд. Бонӣ ва муҳофизи ин парчамҳо марзбонон мебошанд, аскароне, ки дар хизмати ин диёри нозанин қарор доранд ва фарзандони баору номуси мо мебошанд. Тамошои мавҷзании ин парчамҳо ба ман илҳом мебахшад. Илҳоми дар ин сарзамин зистану аз он шукргузорӣ намудан, аз пирон дуо гирифтану ба муҳтоҷе дасти мадад дароз намудан, аз табассуми ширини кӯдакон баҳра бардоштану ҳамқадами модарони хуштолеъ ва тозаумед буданро мебахшад.
Парчами Ватан алвонҷ мехӯрад ва бо ин неруи қалб қавӣ мегардад.
Парчами Ватан дар боди форам бозӣ дорад ва бо ҳамин рӯҳу равон низ болида мегардад.
Парчами Ватан партавфишон аст ва аз он фазои Ватан орому дили мардум беғам мебошад.
Бол зан, Парчами миллати ман, ки болзании ту маънои бузургро дорад.
Бигузор Парчами давлатии кишвари тоҷикон чун намунаи пойдории Ваҳдати миллӣ ва ободиву озодии даврони соҳибистиқлолӣ бар фарози фазои Точикистон то абад партавфишон бошад.
Бигузор ин ойини бостонии мардуми тоҷик, яъне парчамбардорӣ дар ҷомеаи имрӯзаву ҷомеаи фардои Ватан хамеша пойбарљо бошад.
Бигузор ин Парчами серангаи Ватан хамеша мояи илҳому мояи неруи сокинони сарзамин боқӣ бимонад.
Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.