Нусхаи чопи

 

Бо қарори Шўрои олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ аз 28 марти соли 2025, рақами 3 ба чоп тавсия гардид.              

 

 

Муҳаррири масъул

доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар

 

Мураттиб ва мусаҳҳеҳ

номзади илмҳои филологӣ Назаршоева Чилла Раҳимбековна

 

 

Нигоҳе ба чолишҳои муосир. – Душанбе: «Сифат-Офсет», 2025. – саҳ.

Маҷмуаи мақолаҳо ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 бахшида шудааст, ки дар он таҳлили ҳамаҷонибаи мушкилоти асосии замони муосир аз ҷониби муаллифони мақолаҳо - ходимони илмӣ, магистрантон ва докторантони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ баррасӣ гардидааст.

Ҳар як мақолаи маҷмуа дурнамои беназиреро дар асоси таҳлили амиқи илмӣ пешниҳод мекунад, ки ба хонанда имкон медиҳад, то дар бораи аҳаммияти Паём барои рушди минбаъдаи кишвар тасаввуроти пурра пайдо кунад. Мақолоти маҷмуаи мазкур вобаста ба мавзуоти матраҳшуда дар Паём ба бахшҳои ҷудогона гурўҳбандӣ шуданд, ки самтҳои мухталифро дар бар мегиранд.

Маҷмуа ба доираи васеи хонандагоне, ки ба таҳлили мушкилоти мубрами замони муосир ва дарки вазифаҳои стратегии дар назди кишварамон гузошташуда манфиатдоранд, тавсия карда мешавад. Ҳамчунин он барои олимон, сиёсатмадорон, донишҷўён ва онҳое, ки ба рушду нумуи ҷомеа ва кишваи худ бетараф нестанд, манбаи пурарзиш ба ҳисоб меравад.