Нусхаи чопи

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛЛӢ ДАР ШАҲРАКӢ АКАДЕМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

    Имрӯз дар толори яке аз Институтҳои илмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи ду институти илмии бонуфуз – Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Аакадемияи миллии илҳмои Тоҷикистон ва Институти биологии Помири ба номи академик Х. Юсуфбекови Акадекмияи миллии илмҳои Тоҷикистон  конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишмандон, устодон ва донишҷӯёни ҳар ду муассиса баргузор гардид.

    Сухани ифтитоҳӣ ва табрикотиро директорони ин ду муассиса - доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ва доктори илмҳои биологӣ Абдулназарзода Абудлназар Ғоибназар пешниҳод намуда, аҳли нишастро бо ин рӯзи тақдирсоз барои миллати тоҷик табрику таҳният карданд.

    Дар суханронии худ директори Институти илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба мазмуни моддаи якуми Конститутсияи кишвар ҷалб карда, таъкид намуд, ки дар он сифатҳои волои давлатдории миллӣ ба таври равшан муқаррар гардидаанд: Тоҷикистон давлатест демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид, дорои сиёсате иҷтимоӣ. Ҳар яке аз ин мафҳумҳои сиёсӣ бо шарҳу тавзеҳҳои мушаххас – аз маънои демократия ва волоияти қонун то дунявият, воҳидият ва якпорчагии давлат – баррасӣ гардида, нақши он дар пойдорӣ ва пешрафти ҷомеа нишон дода шуд.

    Зимни баромади худ директори Институти биологии Помир таъкид бар он карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сохтор, муҳтаво ва рӯҳияи ҳуқуқбунёдӣ дар қатори 5 конститутсияи беҳтарини дунё ҷой дошта, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаи мустаҳкам гузошта истодааст.

    Қисмати илмии конфронс бо маърузаҳои муфассал идома ёфт. Доктори илмҳои биологӣ, академик Фелалиев Акрамшо дар мавзӯи «Таърихи қабул ва ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия» баромад карда, марҳилаҳои ташаккул, принсипҳои ислоҳ ва таҷрибаи эҳтироми волоияти Конститутсияро дар низоми ҳуқуқии кишвар таҳлил намуд.

    Доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ дар мавзӯи «Истифодаи мутародифоти вожаи “конститутсия” дар ВАО» сухан ронда, муносибати забоншиносӣ ва услубшиносиро нисбат ба истилоҳоти ҳуқуқӣ, дурустии мафҳум ва масъулияти саводнокии иттилоърасонӣ дар муҳити расонавӣ баррасӣ кард.

    Фазои Конференсия пурра илмӣ ва фаъол буд: саволу ҷавобҳо бо далелу истидлолҳои муътамад, мисолҳои амалӣ ва мулоҳизаҳои таҳлилӣ анҷом ёфтанд. Иштирокчиён якдилона бар он ишора карданд, ки волоияти Конститутсия ва қонун шарти ҳалкунандаи амнияти ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар аст; эҳтиром ба меъёрҳои асосии он масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ ба шумор меравад.

    Дар ҷамъбаст таъкид гардид, ки чунин нишастҳои муштараки муассисаҳои илмӣ на танҳо ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати конститутсионии ҷомеа мусоидат мекунанд, балки ҳамчун минбари муҳими мубодилаи афкор, тақвияти ҳамкорӣ ва густариши иртиботи илму амал хидмат менамоянд. Волоҳияти Конститутсия – рукни асосии давлатдории муосир – бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа бошад ва дар тамоми самтҳои ҳаёт амалӣ гардад.