Нусхаи чопи
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВ
     Субҳи 19-уми июни соли 2025, дар доираи таҷлил аз Рӯзи муқаддаси Ваҳдати миллӣ, дар толори бошукӯҳи Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмии ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ, ки зери унвони «Ваҳдати миллӣ – стратегияи ҳифзи суботи дохилӣ ва тақвияти тамаддуни миллӣ» сурат гирифт, бозгӯи равшани аҳамияти меҳварии ваҳдат дар таъмини пойдории давлат ва ҷомеа мебошад.
     Ҳамоишро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академик ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сухани расмӣ ифтитоҳ намуда, дар баромади пурмуҳтавои худ аз ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар ёдовар шуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки сулҳу субот ва ваҳдат, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба насли имрӯз шароити бесобиқа барои зиндагии шоиста ва фаъолияти илмӣ фароҳам овардааст.
      Дар раванди ҳамоиш рӯнамоии китоби «28 соли фикру амал» доир гардид, ки ин асари таҳлилӣ ва мустанад бешубҳа манбаи муҳими маърифат ва омӯзиши стратегияҳои созандаи роҳбари давлат маҳсуб меёбад. Китоб аз паёмҳои таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ ва раванди ташаккули мактаби сиёсии Пешвои миллат иборат буда, барои муҳаққиқон, донишмандон ва хонандагони васеъ аҳамияти вижа дорад.
      Дар доираи бахши маърузавии ҳамоиш, баромадҳои сатҳи олӣ аз ҷониби шахсиятҳои варзидаи илмӣ ироа гардиданд:
Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор, бо мавзӯи «Истиқболи мардуми кишвар аз паёми сулҳофари миллат» дар заминаи иртиботи афкори ҷамъиятӣ бо идеологияи ваҳдат суханронӣ намуданд.
Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар, доктори илмҳои биологӣ, директори Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбеков, дар мавзӯи «Ваҳдат ва рушди илм: робитаи арзишҳои миллӣ бо инкишофи зеҳнӣ ва техникӣ» баромад намуда, паҳлӯҳои мураккаби ваҳдат ва зеҳни созандаро таҳлил намуданд.
Қаландариён Ҳоким Сафар, доктори илмҳои филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва масъулияти иҷтимоӣ» бо такя ба вазифаҳои аҳли илм дар таҳкими арзишҳои миллӣ маърӯза намуданд.
     Ҳамоиш тибқи барномаи мукаммал аз соати 09:00 оғоз гардида, тамоми ҷараёни он бо риояи стандарти баланди илмӣ ва ташкилию фарҳангӣ сурат гирифт. Ин ҳамоиш бо иштироки васеи олимон, муҳаққиқон, устодони Институти гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти Биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков илмӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва аҳли зиё баргузор гардид.
      Дар ҷамъбасти ҳамоиш, ҳамаи иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки ваҳдати миллӣ на танҳо меваи ормонҳои таърихии халқи тоҷик, балки шарти бунёдии ҳифзи ҳувияти миллӣ, рушду пешрафт ва суботи пойдор аст. Ба андешаи иштирокчиён, маҳз ваҳдати миллӣ шароити мусоид барои рушди илм, таълим ва фарҳангро дар ҷумҳурӣ таъмин намуда, омилест барои таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
      Дар интиҳо аз самти роҳбарияти Институти илмҳои гуманитарии АМИТ ва хосатан аз тарафи Президенти Академият Миллии Илмҳои Тоҷикистон низ изҳори сипосу қадрдонӣ аз ҳамаи иштирокчиён, маърӯзачиён ва меҳмонони расмӣ баён гардид. Зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ ва ғояи ваҳдат, на танҳо таҷлили як санаи таърихист, балки ибрати наслҳо ва таҳкими рисолати миллӣ мебошад.