Нусхаи чопи

  Маъмурият, ходимон ва тамоми кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олими пуркору нуктасанҷ, ходими пешбари шуъбаи забон, номзади илмҳои филологӣ Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновнаро ба муносибати солгарди мубораки зодрӯзашон аз самими қалб таҳният мегӯянд.

  Шаҳло Саиднуриддиновна аз зумраи он шахсиятҳое мебошад, ки бо меҳнати софдилона, масъулияти баланди касбӣ ва донишу биниши густурдаи илмӣ солҳои дароз вазифаҳои гуногуни пурмасъули Институтро ба уҳда дошта, дар рушди илми филология ва забоншиносии муосир содиқона хидмат мекунад.

  Нигоҳе ба пайроҳаи эҷодиву пажӯҳишӣ ва фаъолияти кории Шаҳло Саиднуриддиновна гувоҳи он аст, ки ў ҳам дар ҷодаи илм ва ҳам фаъолияти касбиаш ба натиҷаҳои пурмаҳсул ва дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Масири илмии муаллима аз таҳсил дар бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев оғоз ёфта, минбаъд бо Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Хидматҳои арзандаи ў дар вазифаҳои ходими илмӣ (2008-2013), котиби илмӣ (солҳои 2013-2019) ва муовини директори Институт оид ба илм ва таълим (солҳои 2019-2026) гувоҳи садоқат ба касб ва маҳорати баланди кордонию ташкилотчигии ў мебошанд.

  Шаҳло Саиднуриддиновна ҳамчун олими нуктасанҷ ва муҳаққиқи ботаҷриба дар соҳаи этнолингвистика ва забоншиносии когнитивии муосир, дар пажӯҳиши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) саҳми босазо гузоштаанд. Ў муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва асарҳои бунёдӣ мебошад, ки дар таҳаввули забоншиносии муосир ва кашфи дидгоҳҳои нави илмӣ саҳми босазо дорад.

  Асарҳои пурарзиши Шаҳло Саиднуриддиновна, аз ҷумла монографияи «Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики», маҷмӯаи мақолаҳои «Дом, где живёт история» (2024) ва таҳқиқоти навбатии бунёдӣ таҳти унвони «Концепт ДОМ в лингвокогнитивной картине мира и традиционных представлениях шугнано-рушанской группы памирских языков» (2026) маҳсули заҳматҳои чандинсола ва ҷустуҷӯҳои амиқи илмии ў мебошанд.

  Махсусан, пажӯҳишҳои Шаҳло Саиднуриддиновна дар самти забоншиносии когнитивӣ ва омӯзиши консепти «хона» дар гурӯҳи забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ, ки дар арафаи дифои рисолаи докторӣ қарор дорад, дар илми забоншиносии муосир падидаи нав ва ҷолиб маҳсуб меёбад. Ин таҳқиқот на танҳо паҳлуҳои забонии ин мафҳумро равшан месозад, балки ҷаҳонбинии когнитивӣ ва тафаккури таърихии мардуми Бадахшонро дар қолаби илмӣ нишон медиҳад.

  Мавриди зикр аст, ки Шаҳло Саиднуриддиновна дар вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълим буданаш, на танҳо ҳамчун роҳбари кордону бомаҳорат, балки ҳамчун як шахсияти фурӯтану инсонпарвар, масъулиятшинос ва содиқи кори хеш вазифаҳои пурмасъули худро иҷро менамуд ва бо принсипҳои баланди ахлоқӣ ва адолатпарварӣ дар байни ҳамкорон соҳиби эҳтироми хоса гардид.

  Ҳамчунин, фаъолияти Шаҳло Некушоева ҳамчун котиби илмии Шурои диссертатсионии назди Институт шоистаи таҳсину қадршиносӣ аст. Хидматҳои ў дар ин ҷода, бахусус дар роҳнамоии довталабону муҳаққиқони ҷавон, ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои илмӣ ва пешниҳоди маслиҳатҳои муфид барои ҳар як пажӯҳишгар пурарзиш мебошанд.

  Муаллимаи гиромӣ, бароятон умри пурфайзу баракат ва саодати ҷовидониро хоҳонем. Бигзор, соли ҷорӣ дар фаъолияти илмии Шумо соли гардиши куллӣ ва расидан ба ќуллаҳои мақсуди илмиву эҷодӣ гардад. Таманнои онро дорем, ки самараи пажӯҳишҳои бунёдии Шумо ҳамчун дастоварди нодири забоншиносии муосир пазируфта шуда, роҳи Шуморо ба сӯи уфуқҳои тозаи докторӣ ва унвонҳои баланди илмӣ ҳамвор созад.

  Солгарди мавлуд муборак бошад!