Профессор Варқа Дӯстович яке аз намоёнтарин адабиётшиносони замони муосир ба шумор меравад, ки пажӯҳишҳои ӯ ба таҳқиқ ва таҳлили муҳимтарин масоили назариявӣ ва амалии илми филология бахшида шудаанд. Осори пурарзиши муаллиф масъалаҳои асосӣ ва ҷолиби адабиётшиносиро фаро гирифта, миёни олимони муосир аз эътибор ва маҳбубияти хоса бархурдоранд. Дар ин маҷмуа андешаҳои илмии муҳаққиқони осори профессор Варқа Дӯстович, инчунин меҳрномаҳои дӯстону ҳамкорон, ки ба муносибати 60-умин солгарди зодрӯзи ӯ таҳия гардидаанд, гирд оварда шудаанд.
Китоб ҳамчун манбаи судманд барои ҳаводорони шеъру адаб, муҳаиқиқон ва донишҷӯён пешниҳод гардида, маводи таҳлилӣ ва илмии арзишмандро фаро мегирад ва имкони баррасии паҳлуҳои гуногуни мероси илмии профессор Варқа Дӯстовичро фароҳам месозад.