Мудири шуъбаи фолклор ва
адабиёти ИИГ АМИТ, номзади
илми филология Қурбонхонова Н.М.
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ВА АҲАМИЯТИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН
Аз оғози солҳои 2000-ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи об ҳамчун яке аз муҳимтарин омилҳои таъмини ҳаёти инсон ва рушди устувори ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ин таваҷҷуҳ тасодуфӣ набуд, зеро об аз қадим ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва асоси пешрафти ҷомеа эътироф шудааст. Дар байни мардум низ мақоли маъруфи «обу ободӣ» паҳн гардидааст, ки ҳар ҷое об ҳаст, ҳаёт, шукуфоӣ ва пешрафт вуҷуд дорад ва дар ҷойҳое, ки аз неъмати об маҳруманд, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд.
Имрӯз, дар шароите, ки ҷаҳон бо паёмадҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ рӯбарӯ аст, масъалаи дастрасӣ ба оби тоза ба яке аз мушкилоти ҷиддии башарият табдил ёфтааст. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва қисми зиёди обҳои минтақа аз қаламрави он сарчашма мегиранд, аз аввалин кишварҳое буд, ки ба ин мушкилоти глобалӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ҷалб намуд. Маҳз бо дарназардошти аҳамияти ҳаётии об ва зарурати ҳифзи он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои зиёди байналмилалиро дар ин самт пешниҳод карданд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон ин қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018–2028” мебошад. Ин қатънома бо дастгирии 177 кишвари узви СММ қабул гардида, аз эътирофи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об шаҳодат медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки пешниҳоди таъсиси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми VII ҷаҳонии об, ки дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ба миён гузошта шуда буд. Ин ташаббус аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфта, баъдан ба санади муҳими байналмилалии СММ табдил ёфт.
Ҳамин тариқ, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор иқдомҳои муҳим дар соҳаи об амалӣ гардиданд, аз ҷумла эълон шудани “Соли байналмилалии оби тоза”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”. Ин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои марбут ба об мусоидат намуданд.
Дар идомаи ин сиёсати созанда, моҳи майи соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст». Таъсиси ин ҷоиза боз як қадами муҳим дар роҳи таҳкими нақши Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалии об ва ҳавасмандгардонии талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ба шумор меравад.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва башардӯстона дошта, ба қадрдонӣ ва ҳавасманд намудани муҳаққиқон, ташкилотҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва дигар субъектҳое равона шудааст, ки дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об, таъмини амнияти об, ҳифзи экосистемаҳои вобаста ба об, рушди идоракунии устувори захираҳои об ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ин ҷоиза идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об буда, мақоми кишварро ҳамчун яке аз пешоҳангони рӯзномаи ҷаҳонии об боз ҳам таҳким мебахшад.
Моҳияти асосии ин ҷоиза дар он ифода меёбад, ки тавассути эътироф ва қадрдонии дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи об диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти рӯзафзуни вобаста ба захираҳои об ҷалб карда мешавад. Имрӯз ҷаҳон бо таҳдидҳои ҷиддӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши талабот ба об, камшавии захираҳои оби тоза, ифлосшавии манбаъҳои об ва нобаробарии дастрасӣ ба оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит, ҷоиза метавонад ҳамчун воситаи муҳими ташвиқ ва тарғиби роҳҳои ҳал, технологияҳои инноватсионӣ ва таҷрибаҳои пешрафта барои муқовимат ба ин таҳдидҳо хизмат намояд.
Баъдан ин ҷоиза барои рушди илм ва навоварӣ дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меорад. Қадрдонии таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои технологӣ ва лоиҳаҳои амалии муваффақ муҳаққиқон ва мутахассисонро ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об ҳавасманд месозад. Ин раванд метавонад ба рушди технологияҳои каммасрафи об, пешгӯии захираҳои об, баланд бардоштани самаранокии обёрӣ ва истифодаи устувори об дар бахшҳои гуногуни иқтисод мусоидат намояд.
Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷоиза ҳамчун минбари бонуфузи байналмилалӣ барои мубодилаи дониш, таҷриба ва ташаббусҳои муваффақ дар соҳаи об хизмат хоҳад кард. Он имконият фароҳам меорад, ки намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи масъалаҳои муҳимми об муттаҳид гардида, роҳҳои ҳалли муштаракро ҷустуҷӯ намоянд. Дар натиҷа, таҷрибаҳои муваффақи як кишвар ё минтақа метавонанд дар дигар минтақаҳои ҷаҳон низ татбиқ гардида, ба беҳтар гардидани идоракунии захираҳои об дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат кунанд.
Ҳамзамон, ҷоиза ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамчун воситаи муҳими таҳкими сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо мусоидат мекунад. Азбаски захираҳои зиёди об хусусияти фаромарзӣ доранд, идоракунии самараноки онҳо танҳо дар асоси муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст. Дар ин замина, ҷоиза метавонад, барои тарғиби арзишҳои ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак нисбат ба захираҳои об саҳми арзанда гузорад.
Дар маҷмуъ, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об на танҳо воситаи эътироф ва қадрдонии хизматҳои арзанда, балки заминаи муҳим барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешбурди илм ва инноватсия, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Он метавонад ба сафарбар намудани неруҳои илмӣ, сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии об мусоидат намуда, дар таъмини амнияти об ва рушди устувори инсоният нақши муассир бозад.