Нусхаи чопи

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ

БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

Бахшида ба чорабиниҳои ҳафтаи илм дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10 апрели соли 2026 конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба таҳлили фаъолияти илмии 35 солаи доктори илмҳои филологӣ Охонниёзов Варқа Дустович таҳти унвони «Нақш ва саҳми олим дар рушди филологияи муосир ва таҳқиқи мероси арзишманди фарҳанги миллӣ» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Боиси қаноатмандӣ ва сипоси амиқ аст, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша ба рушди илм, дастгирии муҳаққиқон ва қадршиносии аҳли дониш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Хосса, ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои чунин дастгириҳои пайваста ва арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи олимон изҳори миннатдории самимӣ баён мегардад. Маҳз бо чунин муносибати эҳтиромомез устод Охонниёзов Варқа Дустович дар Рӯзи илм бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд, ки ин нишонаи равшани таваҷҷуҳ ба заҳмати илмӣ ва мақоми аҳли маърифат мебошад.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардид. Ӯ бо эҳтиром ва самимияти хос ҳозиринро бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотии олим ошно намуда, аз саҳми арзишманду мондагори ӯ дар рушди илми филология, омӯзиш ва таҳқиқи мероси илмию адабии тоҷикон ёдовар шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки профессор Охонниёзов дар тарбияи насли ҷавони муҳаққиқон ва густариши ҷаҳонбинии илмӣ нақши муҳим ва таъсиргузор доштааст. Зикр шуд, ки Варқа Дустович аз ҷумлаи донишмандони барҷастаи замони худ ба шумор рафта, бо андешаи амиқ, нигоҳи дақиқи илмӣ ва эҳтиром ба меъёрҳои зебоишиносӣ тавонистааст ҷойгоҳи осори бадеиро дар низоми таърихии адабиёт равшан муайян намояд ва миёни арзишҳои воқеӣ ва тасодуфӣ фарқ гузорад.

Сипас, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фурқати Ҳукумат аз номи муовини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ паёми табрикотиро ироа намуд. Дар он хизматҳои шоистаи устод Охонниёзов дар пешрафти илму маориф ва тарбияи кадрҳои ҷавон баланд арзёбӣ гардида, аз суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шуд. Қайд гардид, ки миллати тоҷик бо тамаддуни ғании таърихӣ ва анъанаҳои устувори илмпарварӣ маъруф буда, чунин шахсиятҳо, мисли устод Охонниёзов Варқа, идомадиҳандаи ин суннати арзанда мебошанд. Ҳамчунин зикр шуд, ки ашъори пурмазмуни ӯ, ки саршор аз ифтихори миллӣ ва худшиносӣ аст, дар ҷашнҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар ҷашни Наврӯз дар кишвари дӯст - Ӯзбекистон низ садо додааст.

Дар идомаи конференсия доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сатторзода Абдунабӣ бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Марди маънӣ ва тафаккури тафсирии адабӣ» суханронӣ намуд. Ӯ бо эҳтиром ва самимият таъкид кард, ки устод Охонниёзов нахустин нафарест, ки дар адабиётшиносии тоҷик ба таври илмӣ собит намудааст: рамзи рангҳои сафед, сиёҳ, сурх, сабз, зард, кабуд ва омезиши онҳо танҳо ҷузъи зиндагии рӯзмарраи мардум нест, балки дар тафаккур, эътиқодоти динӣ ва мероси адабии тоҷикон ҷойгоҳи амиқу пурмаъно дорад. Зикр гардид, ки чунин таҳқиқоти арзишманд барои дарки жарфтари ҷаҳонбинии ориёитаборони бостон ва шинохти беҳтари заминаҳои рушди тафаккури миллӣ аҳаммияти калон дорад.

Ҳамчунин, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Исрофилниё Шарифмурод Раҳимзода дар мавзуи «Ҷавонмарди накусират ва муҳаққиқи равандҳои адабӣ» суханронӣ карда, шахсияти илмӣ ва инсондӯстонаи устодро ҳамчун намунаи ибрат барои ҷавонон арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии профессор омӯзиши адабиёти Бадахшон ва фарҳангу суннатҳои мардуми он мебошад. Ба гуфти профессор, Охонниёзов Варқа Дустович барои баррасии ҳамаҷонибаи мавзуъ ҳамеша ба сарчашмаҳои аслӣ рӯ оварда, решаҳои таърихии масъалаҳоро амиқ таҳлил менамояд.

Профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои филология Солеҳов Шамсиддин Аслидинович дар мавзуи «Муҳаққиқи тавонои адабу фарҳанги Бадахшон» баромад намуда, саҳми назарраси устодро дар омӯзиши фарҳанги минтақа ва рушди адабиёти маҳаллӣ таъкид кард. Маърузачӣ зикр намуданд, ки таҳқиқоти илмии Охонниёзов ҳамеша бо навоварӣ, истифодаи манобеи тоза ва сатҳи баланди илмӣ фарқ мекунанд.

Абдулназарзода А.А., доктори илмҳои филология, дар мавзуи «Шеъри муаллифии маҳализабон дар таҳқиқи устод Варқа Охонниёзов» сухан гуфта, аҳамияти пажӯҳишҳои устодро дар шинохти осори шоирони маҳаллӣ ва эҳёи мероси адабӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки таҳқиқоти устод Варқа Дустович дар бораи шеъри помиризабон аз марҳилаи дарёфти дастнависҳо то нашри аввалин маҷмуаҳо маълумоти муфассал ва арзишманд фароҳам меорад.

Дар идома, Охонниёзов Абдураҳмон, номзади илмҳои филология ва мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашри мероси хаттии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, бо маърӯзаи «Ҷоми илҳомро ба дастам дод ӯ» баромад намуда, аз нақши устод дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии худ ёдовар шуд. Абдураҳмон Дустович бо эҳсоси самимӣ таъкид кард, ки устод барояш на танҳо роҳнамо дар илм, балки намунаи олии инсондӯстӣ, садоқат ва фарҳанги муошират мебошад.

Ҳамчунин, табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев доктори илмҳои сиёсӣ, досент Комилбек Амид Ёрбек қироат гардида, дар он барои саҳми устод дар тарбияи шогирдон ва рушди илми ватанӣ изҳори сипос намуд.

Аз номи Директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ Раҳматкарим Давлатов низ паёми табрикотӣ ироа гардида, дар он фаъолияти пурарзиш, саҳми арзанда ва дастовардҳои назарраси илмии профессор Охонниёзов Варқа бо эҳтироми хоса ва қадрдонии баланд арзёбӣ карда шуд.

Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён бо эҳтироми хоса аз фаъолияти пурсамари илмӣ, ахлоқи ҳамида ва хислатҳои неки инсонии профессор Охонниёзов Варқа ёдовар шуда, ӯро ҳамчун шахсияти барҷастаи илму фарҳанги тоҷик арзёбӣ карданд ва барояш сиҳатмандӣ, умри дароз ва муваффақиятҳои нави эҷодӣ орзу намуданд.