КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМ
Бо ибтикори ва ташаббуси бевоситаи Раиси муҳтарами ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва дастгириҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бори нахуст чорабинии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз чониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров ва Институти биологии Помири ба номи академик Х. Юсуфбекови дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таҳти унвони «Иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ: илм, ҷомеа ва моделҳои рушди устувор» баргузор гардид.
Конференсияро директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки рӯзи илм ҷашне нест, ки бо як рӯз ҷамъбаст шавад. Балки барои ниҳодҳои илмӣ ин оғози ҷашне аст, ки 365 рӯзи гузаштаро баррасӣ менамояд ва барои 365 рӯзи оянда барномарезӣ мекунад. Мавсуф дар суханронии худ бо истинод ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳамияти рушди илму маориф ва таҳкими иқтидори зеҳниро барои пешрафти устувори ҷомеа таъкид намуд. Қайд гардид, ки ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои назариявӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ташаккули тафаккури миллӣ муҳим мебошад.
Сипас, Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба маркази вилоят шодбош гуфтанд. Раиси вилоят бо истинод ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат нақши дастгирии ташаббусҳои илмӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва татбиқи барномаҳои давлатиро дар минтақаҳои кӯҳӣ махсус таъкид сохтанд.
Дар бахши илмии ҳамоиш олимони маъруфи кишвар бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд:
Профессор Сатторзода Абдунабӣ дар мавзуи «Нақд ва адабиётшиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» суханронӣ намуда, таҳқиқоти назарию амалии адабиро дар таҳкими худшиносии миллӣ баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки соҳибистиқлолии кишвар барои бознигарии куллӣ дар мероси адабии гузашта ва муосир заминаи мусоид фароҳам овард. Профессор Сатторзода ба масъалаи рӯй овардан ба меъёрҳои эстетикии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саҳми сиёсати фарҳангии давлат дар эҳёи ҳувияти миллӣ тавассути нақди адабӣ ва таъсири он ба рушди насру назми муосир бо мисолҳои мушаххас таҳлил намуданд.
Профессор Абдурашитов Фозил Дустович масъалаи «Таҳқиқи таърихи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ»-ро мавриди таҳлил қарор дода, аҳамияти ҳифзи мероси таърихиро дар равандҳои ҷаҳонишавӣ махсус қайд намуданд. Профессор Абдурашитов қайд намуданд, ки омӯзиши таърихи ватанӣ аз дидгоҳи нав ва дур аз таассубҳои гузашта ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, таъсири равандҳои глобалӣ ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид.
Доктори илмҳои филологӣ Охонниёзов Варқа нақши озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро дар тарбияи маънавии насли наврас баланд арзёбӣ намуд. Дар маърӯза нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бахусус «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар эҳёи фарҳанги мутолиа миёни насли наврас таҳлил гардида, таъкид намуданд, ки китобхонӣ на танҳо раванди касби дониш, балки воситаи асосии ташаккули тафаккури интиқодӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Таъсири мусбати ин иқдомҳои давлатӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии функсионалӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси оянда мавриди баҳси илмӣ қарор гирифт.
Доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар дар маърузаи худ таҳти унвони «Худованди ҷону хирад кист?», аҳамияти арзишҳои маънавии адабиёти классикиро дар тарбияи ахлоқии ҷомеа таҳлил намуданд. Мавсуф ба таҳлили шоҳбати маъруфи ҳаким Фирдавсӣ «Ба номи Худованди ҷону хирад» пардохта, ҷойгоҳи инсони соҳибхирад, ки на танҳо сарнавиштсози худ, балки молики ин дунё аст, арзёбӣ намуданд. Таҳлили мавзуъ дар атрофи дида баромадани нуқтаи назари Фирдавсӣ ва таҳлили худи муаллиф оид ба он сурат мегирад, ки қувваи воқеӣ дар донишу хиради инсон ва дар қобилияти ӯ барои тағйир додани ҷаҳон таҷассум меёбад.
Доктори илмҳои биологӣ Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар дар мавзуи «Асосҳои генографии таърих ва тамаддуни халқи тоҷик» баромад намуда, робитаи омилҳои табиӣ ва иқлимро дар ташаккули тамаддуни миллӣ бо далелҳои илмӣ собит сохтанд. Маърӯза дар меҳвари робитаи илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ қарор дошта, муаллиф бо истифода аз маълумоти генографӣ ва биологияи популятсионӣ, таъсири муҳити ҷуғрофии кӯҳистонро дар ташаккули фенотипи миллӣ ва мутобиқшавии фарҳангии халқи тоҷик таҳлил намуданд.
Маърӯзаҳои пешниҳодшуда бо фарогирии ҷанбаҳои мухталифи илм, аз иқтисоду биология то таъриху адабиётшиносӣ, нишон доданд, ки иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ захираи бузурги стратегӣ барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар фарҷоми конференсия зикр гардид, ки ин ҳамоиш дар рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҳифзи мероси маънавию фарҳангии миллӣ нақши муассир хоҳад дошт. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда метавонанд ба рушди устувори минтақаҳои баландкӯҳ ва баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷомеа мусоидат намоянд.