Нусхаи чопи

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

ДИФОИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ДОКТОРИИ БЕҲРОНШО ҶУМЪА САИДЯХЁ

Дар Шурои дисертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифои рисолаи доктории Беҳроншо Ҷумъа Саидяҳё бо муваффақият баргузор гардид. Рисолаи илмии унвонҷӯ таҳти унвони «Насирхусравоведение в постсоветском пространстве (Таджикистан и Россия): историография и методологические инструментарии» бо қарори шӯрои диссертатсионии Д 73.1.015.02 аз 8 апрели соли 2026 баҳои баланд гирифта, муаллифи он ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология аз рӯйи ихтисоси 5.9.2 – адабиёти халқҳои ҷаҳон (адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ) сазовор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки рисолаи мазкур дар шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ анҷом ёфта, ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷойгоҳ, марҳилаҳои ташаккул ва рушди насирхусравшиносӣ дар фазои баъди давраи шӯравӣ бахшида шудааст. Дар хулосаи шӯро таъкид шудааст, ки рисола ҳамчун як таҳқиқоти мустақилу анҷомёфта дорои аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ буда, дар он таҳлили мукаммали таърихнигорӣ, равишҳои методологӣ, ҷанбаҳои адабиётшиносӣ, фалсафию динӣ ва матншиносии мероси Носири Хусрав ба анҷом расонида шудааст.

Мушовири илмии унвонҷӯ доктори илмҳои филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Қаландариён Ҳоким Сафар, ҳамзамон муқарризони расмӣ доктори илмҳои филология, профессор Солеҳов Шамсидин Аслидинович, доктори илмҳои филология, профессор Исрофилов Шарифмурод Раҳимович ва доктори илмҳои филология, профессор Очилова Меҳринисо Илҳомовна баромад намуда, зимни суханрониҳои худ аҳаммияти илмӣ, навгонӣ ва арзиши назариявию амалии рисоларо таъкид карданд. Онҳо саҳми унвонҷӯро дар таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи матраҳшуда назаррас арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки муҳтавои рисола ба талаботи корҳои илмии сатҳи докторӣ ҷавобгӯ буда, натиҷаҳои он барои рушди минбаъдаи адабиётшиносии ватанӣ ва таҳқиқоти марбут ба мероси Носири Хусрав аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки муаллиф дар ҷараёни ҳимоя ба ҳамаи суолҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои қонеъкунанда ва асоснок манзур намуда, сатҳи баланди омодагии илмии худро собит сохт.

Раёсату ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, ҳамчунин ҳамаи аъзоёни Шӯрои диссертатсионии назди Институти номбурда Беҳроншо Ҷумъа Саидяҳёро ба муносибати дифои бомуваффақияти рисолаи докторӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.

Ин дастоварди муҳимро ба мушовири илмӣ, доктори илмҳои филология Қаландарӣён Ҳоким Сафар низ самимона шодбош гуфта, ба устод барои роҳнамоии пурмаҳсул, заҳмати арзишманд ва саҳми босазо дар тарбияи кадрҳои илмӣ изҳори сипос менамоем.

Бигузор ин муваффақияти илмӣ оғози марҳилаи нави дастовардҳои назаррас дар роҳи хизмат ба илму маърифат, рушди адабиётшиносии миллӣ ва таҳкими нуфузи илми тоҷик бошад.