Нусхаи чопи

РУНАМОИИ ЛОИҲАИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4 марти соли 2026 рунамоии лоиҳаи панҷсолаи Шуъбаи фолклор ва адабиёт таҳти унвони «Пайдоиш, таҳаввул ва ташаккули фолклор ва адабиёти кӯдакона (дар мисоли фолклор ва адабиёти Бадахшон)» баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои гарму созандаи илмӣ ва бо иштироки намояндагони муассисаҳои гуногуни давлатӣ, олимону пажӯҳишгарон ва коршиносони соҳа доир шуд.

  Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни Институт намоиши китобҳо ва осори илмии муҳаққиқони муассиса ташкил гардид. Меҳмонон пас аз тамошои намоиш аз утоқи Шурои дифоъ ва ҳамчунин аз фонди дастхатҳо, ки чанде пеш пурра таъмиру таҷдид гардидааст, боздид намуданд. Иштирокчиён бо ганҷинаи арзишманди дастхатҳои чандинсола ва дастовардҳои илмии кормандони Институт аз наздик ошно шуда, ба фаъолияти илмию таҳқиқотии муассиса баҳои баланд доданд.

  Дар қисмати расмии чорабинӣ директори Институт, доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар сухани ифтитоҳӣ ироа намуда, дар бораи аҳаммияти илмию фарҳангии лоиҳа ва нақши он дар рушди таҳқиқоти фолклоршиносӣ ва адабиёти кӯдакона изҳори назар карданд. Зикр гардид, ки омӯзиши мероси фолклорӣ ва адабии марбут ба кӯдакон на танҳо барои таҳқиқоти илмӣ, балки барои тарбияи маънавӣ ва фарҳангии насли наврас низ аҳаммияти хос дорад.

  Ҳамзамон, Қаландариён Ҳоким Сафар дар суханронии худ ба ҷанбаҳои равонӣ ва маънавии тарбияи насли навраси ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати ҷаҳони имрӯз масъалаи тарбияи кӯдакону наврасон аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, парвариши насли солимандешу худшинос бояд бар пояи арзишҳо ва хусусиятҳои миллии фарҳангӣ сурат гирад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо такя ба мероси гаронбаҳои фолклорӣ ва адабии халқ, инчунин бо истифода аз равишу моделҳои нави илмӣ ва педагогӣ, усулҳои муассири тарбияи насли наврас таҳия ва дар амал татбиқ карда шаванд.

  Сипас, роҳбари лоиҳа, доктори илмҳои филология В. Д. Охониёзов зимни маърузаи худ ҳадаф ва вазифаҳои асосии лоиҳаро муфассал шарҳ доданд. Ӯ таъкид намуданд, ки мақсади меҳварии ин ташаббус анҷом додани пажӯҳиши фарогири фолклор ва адабиёти кӯдакона мебошад, ки миёни кӯдакону наврасони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роиҷ аст. Ба гуфтаи роҳбари лоиҳа, ҷамъоварӣ, таҳлил ва муаррифии чунин мавод метавонад барои таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ба муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Истифодаи ҳадафмандонаи намунаҳои беҳтарини фолклор ва адабиёти кӯдакона метавонад дар таҳкими худшиносии миллӣ, парвариши ҳисси ватандӯстӣ ва рушди маънавии кӯдакону наврасон саҳми назаррас гузорад.

  Дар идома роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои ҳамкор андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Пешниҳоду таъкидҳои онҳо бештар ба он равона буданд, ки татбиқи чунин лоиҳа метавонад дар тарбияи насли наврас, рушди барвақтии кӯдакон ва ғанӣ гардонидани муҳтавои маърифатии онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оварад. Зикр гардид, ки истифодаи намунаҳои беҳтарини фолклор ва адабиёти кӯдакона дар муҳити таълимӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва расонаӣ барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдакону наврасон аҳаммияти калон дорад. Ҳамаи муассисаҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои зич, ҳамоҳангсозии фаъолият ва дастгирии амалии марҳилаҳои татбиқи лоиҳа изҳор намуданд.

  Дар фарҷоми ҳамоиш байни Институт ва як қатор муассисаҳои давлатӣ шартномаҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд. Аз ҷумла, чунин шартномаҳо бо Раёсати маориф ва илми назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ВМКБ, Идораи радио ва телевизиони ВМКБ, рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва Раёсати фарҳанги МИҲД-и ВМКБ баста шуданд.

  Ҳамзамон, ба ин муассисаҳо аз ҷониби Институт сипосномаҳо ҳамчун нишонаи қадрдонӣ барои ҳамкориҳои пайваста ва саҳмашон дар рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақдим гардид. Ин иқдом барои таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои таҳқиқ, муаррифӣ ва тарғиби фолклор ва адабиёти кӯдаконаи Бадахшон фароҳам месозад.

  Чорабинӣ дар фазои созандаи илмӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар роҳи рушди таҳқиқоти фолклор ва адабиёти кӯдакона арзёбӣ гардид.