Назаршоева Чилла – номзади илмҳои филологӣ,
мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
МАЪРИФАТИ РАҚАМӢ - ЗАМИНАИ АМНИЯТ ВА РУШДИ НАСЛИ НАВРАС
Асри XXI дар таърихи башарият ҳамчун даврони таҳаввулоти босуръати илмию техникӣ шинохта мешавад. Пешвои миллат технологияҳои рақамиро ҳамчун “муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ” арзёбӣ намуда, баланд бардоштани саводи рақамии шаҳрвандонро кафолати амнияти иттилоотӣ ва пешрафти кишвар медонанд. Ин воқеият дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун падидаи меҳварии замон мунтазам таъкид мегардад. Махсусан, Роҳбари давлат дар Паёми имсола бо бознигариву таъкид ба он ки «Асри XXI асри пешрафти илму техника ва технология мебошад», зарурати мутобиқсозии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба равандҳои ҷаҳонӣ тақозо намуданд. Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи мутамаддин, татбиқи дастовардҳои навтарини технологиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, дар роҳи рушди инноватсионӣ гомҳои устувор мебардорад.
Имрӯз дар канор мондан аз равандҳои рақамисозӣ ғайриимкон аст, зеро ин падида на танҳо талаботи замон, балки омили асосии рушд ё ақибмонии ҷомеаҳо маҳсуб меёбад. Бояд дарк кард, ки технологиятабиатан дорои моҳияти духӯра аст: истифодаи огоҳона ва бошууронаи он инсонро ба қуллаҳои илму маърифат ва зиндагии шоиста мерасонад, вале муносибати бемаърифат ва беҳадаф ба ин воситаҳо метавонад боиси таназзули маънавӣ, коҳиши солимии ҷисмонӣ ва аз байн рафтани арзишҳои фарҳангӣ гардад.
Дар ин мақола мақсад дорем, ки андешаҳои хешро доир ба ҷузъҳои меҳварии муҳити рақамӣ – телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баён кунем. Ин воситаҳо дар шароити имрӯзаи ҷомеа аз як тараф заминаи пешрафти бесобиқаро фароҳам оварда бошанд, аз ҷониби дигар, боиси пайдоиши як қатор мушкилоти ҷиддии иҷтимоию равонӣ гардидаанд. Мо бар он назарем, ки паёмадҳои манфии мазкур бештар натиҷаи истифодаи бемеъёр ва ташаккул наёфтани фарҳанги истифодаи дастгоҳҳои рақамӣ дар ҷомеа мебошанд.
Дар воқеъ, воситаҳои алоқаи мобилӣ, шабакаи интернет ва платформаҳои зеҳни сунъӣ муҳити мукаммали зиндагии муосирро шакл додаанд. Хусусияти фарқкунандаи ин технологияҳо дар он аст, ки онҳо сарҳадҳои замон ва маконро аз байн бурда, дастрасӣ ба иттилоот ва иртиботи байнифардиро ба сатҳи сифатан нав бароварданд. Аммо маҳз дар ҳамин нуқта – дар марзи миёни имкониятҳои беканор ва таҳдидҳои пинҳонӣ зарурати ташаккули фарҳанги истифодаи технология ба миён меояд.
Аммо, агар ба муносибатҳои хонаводагӣ ва рафтори насли наврас дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ кунем, аён мегардад, ки истифодаи аз ҳад зиёди телефон ва саргармӣ ба шабакаҳои интернетӣ аллакай боиси коҳиши арзиши муоширати зинда шудааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳатто дар ҳузури ҳамдигар вақти бештари худро сарфи варақ задани саҳифаҳои интернетӣ мекунем. Ин ҳолат метавонад миёни инсонҳо, ҳатто наздиктарин афрод деворе эҷод карда, пайвандҳои оилавӣ, дӯстӣ ва хешутабориро заиф созад.
Дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат пайваста ба истифодаи самараноки технология ва нақши он дар рушди ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад, ки ин аз аҳамияти стратегии падидаи мазкур шаҳодат медиҳад. Чунончи, дар Паёми соли 2024 таъкид шуд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содиротии хизматрасонӣ табдил дода шаванд». Ин дастур намунаи аълои сиёсати фаъоли давлат дар роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Дар шароити муосир, дар канори дастовардҳои технологӣ, падидаи «кикунонӣ» ҳамчун як масъалаи муҳими байнисоҳавӣ мавқеи хос пайдо карда, боиси нигарониҳои ҷиддии мутахассисони соҳаҳои дахлдор гардидааст. Яке аз паҳлўҳои калидии ин мушкилот истифодаи аз ҳад зиёди дастгоҳҳои электронӣ мебошад, ки боиси коҳиши фаъолияти ҷисмонӣ ва заиф шудани муоширати мустақими кӯдакон мегардад. Аз нигоҳи тиббию равонӣ, вобастагии шадид ба фазои маҷозӣ берун аз муҳити таълимӣ (дар мактабҳои миёнаи кишварамон истифодаи телефон мамнуъ аст), солимии ҷисмонӣ ва маънавии насли наврасро зери хатар мегузорад.
Ин раванд боиси тадриҷан аз байн рафтани фарҳанги бозиҳои анъанавии кӯчагӣ мегардад, ки нақши онҳо дар рушди ҳамаҷонибаи кӯдак бебадал аст. Бозиҳои суннатӣ на танҳо ба тақвияти ҷисмонӣ мусоидат мекунанд, балки ҳамчун василаи муҳими иҷтимоишавӣ дар ташаккули малакаҳои муоширативу дастаҷамъиро дар кӯдак ташаккул медиҳанд.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто ҳузури воқеии кӯдакон дар канори ҳамдигар маънои иртиботи зиндаро надорад. Имрӯз падидаи инзиво дар кўдакон бараъло мушоҳида мешавад, яъне кӯдакон гарчанде ҷисман дар як муҳит қарор доранд, вале ҳар кадоме дар олами маҷозии худ, дар дохили платформаҳо ва бозиҳои компютерӣ ғарқанд. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки муоширати байнифардӣ хусусияти воқеии худро гум карда, робитаҳои иҷтимоӣ ба сатҳи виртуалӣ ва маҳдуд мегузаранд, ки натиҷаи иктифо ба бозиҳои виртуалӣ монеаи ҷиддие дар роҳи ташаккули низоми арзишҳои иҷтимоӣ ва малакаҳои муколамаи зиндаи насли наврас мегардад.
Яке аз ҷанбаҳои нигаронкунандаи муҳити муосир, ки дар низоми муносибатҳои хонаводагӣ ба мушоҳида мерасад, падидаи инзивои иҷтимоии дохилиоилавӣ мебошад. Раванди истеъмоли ғизо, ки таърихан ҳамчун василаи муҳими муоширати зинда ва таҳкими пайвандҳои аъзои оила хидмат мекард, имрӯз таҳти таъсири технологияҳои рақамӣ ба як мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари кӯдакону наврасон, ҳатто дар сари дастархон аз телефонҳои мобилӣ ҷудо намешаванд. Ин ҳолат боиси ташаккули «муоширати рӯякӣ» мегардад, ки дар он фарзанд, ё азоёни оила ҷисман дар канори ҳамдигар, вале рӯҳан дар фазои маҷозӣ қарор доранд. Инзивоҷӯии наврасон ва саъйи онҳо барои ҳарчи зудтар баргаштан ба олами виртуалӣ гувоҳи заиф будани фарҳанги истифодаи технология ва буҳрони равонии муносибатҳои байнифардӣ мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки масъалаи «кикунонӣ» ва саргармии наврасон ба платформаҳои маҷозӣ танҳо паҳлўи иҷтимоӣ надошта, балки дорои заминаҳои ҳуқуқиву амниятӣ низ мебошад. Бо дарки амиқи ин хатарҳо, Пешвои миллат дар Паёми худ (соли 2022) ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо дар ин самт ва ҳимояи фазои маънавии ҷомеа пешниҳод намуданд: «Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Ин ташаббуси стратегӣ зарурати шакл додани як низоми мутамаркази назорати иттилоотиро ба миён мегузорад, ки метавонад ҳамчун сипари боэътимод дар баробари таҳдидҳои киберӣ ва мафкуравӣ хидмат кунад.
Таҳқиқотҳои равонӣ тасдиқ мекунанд, ки кӯдакон моделҳои рафториро пеш аз ҳама аз волидон ва аъзои калони оила иқтибос мекунанд. Мутаассифона, дар таҷрибаи рӯзмарра мушоҳида мешавад, ки бархе аз волидон телефонро ҳамчун воситаи «оромкунанда» ва ё «машғулкунанда» ба кӯдак медиҳанд, то худро аз масъулияти муоширати тарбиявӣ озод намоянд. Вақте кӯдак пайваста мушоҳида мекунад, ки волидон ба ҷои муоширати воқеӣ вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё назди экранҳои телевизор мегузаронанд, ӯ низ ба таври автоматӣ фазои маҷозиро ҳамчун муҳити асосии зист қабул мекунад. Ҳамин тариқ, заиф шудани фарҳанги муоширати оилавӣ заминаро барои вобастагии рақамии насли наврас муҳайё месозад.
Дар низоми муносибатҳои муосир, эътидолу тавозун калиди ҳалли мушкилоти зикршуда ба шумор меравад. Барои волидон ва ниҳодҳои иҷтимоӣ зарур аст, ки ҳузури технологияро дар ҳаёти кӯдакон ба таври оқилона ва ҳадафманд танзим намоянд. Яке аз ҳафт самти афзалиятноки пешбурди иқтисоди рақамӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат (соли 2024) таъкид гардидааст, маҳз «баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ» мебошад. Ин нишондод собит месозад, ки технология бояд пеш аз ҳама ҳамчун воситаи таълиму рушди зеҳнӣ хидмат кунад, на омиле барои инзивои маънавӣ ва дур шудан аз муоширати инсонӣ.
Тарбияи насли солим ва худогоҳ танҳо дар сурати барқарор намудани тавозуни дуруст миёни ҷаҳони рақамӣ ва зиндагии воқеӣ имконпазир аст. Дар ин раванд, нақши намунаи рафтории волидон ва аъзои калонсоли оила калидӣ мебошад. Пеш аз он ки талаботи танзими рақамӣ нисбат ба кӯдакон татбиқ шавад, волидонро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи дастгоҳҳои электрониро дар ҳаёти рӯзмарраи худ низом бахшанд. Канораҷӯӣ аз истифодаи безарурати телефон дар ҳузури фарзандон ва ихтисос додани вақти бештар ба муколамаи зинда, заминаи боварии мутақобила ва рушди малакаҳои иҷтимоии кӯдакро фароҳам меорад.
Дар ниҳоят, ба насли наврас бояд ин ақида талқин карда шавад, ки технологияҳои рақамӣ танҳо ҷузъи иловагии ҳаёти воқеӣ буда, метавонанд сифати зиндагиро беҳтар созанд, вале ҳеҷ гоҳ ивазкунандаи арзишҳои олӣ ва робитаҳои зиндаи инсонӣ буда наметавонанд. Танҳо бо чунин равиш метавон аз таҳдидҳои «кикунонӣ» пешгирӣ намуда, иқтидори технологияро ба манфиати рушди миллат сафарбар кард.
Адабиёти истифодашуда
- Геннадьевна, Л.О., К.Е.Михайловна и др. Цифровое детство // Право и управление. - №12. -2003. – С. 369.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Декабрь 23, 2022.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 12.2024.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16.12.2025.
- Цифровое детство: как гаджеты формируют новое поколение// https://www.b17.ru/article/777182/.